Home Articles ҲУҚУҚИ ҲАМСАРОН ВА МУҲАББАТ ДАР ХОНАВОДА

ҲУҚУҚИ ҲАМСАРОН ВА МУҲАББАТ ДАР ХОНАВОДА

ҲУҚУҚИ ҲАМСАРОН ВА МУҲАББАТ ДАР ХОНАВОДА
2023-04-03
794

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

           Худованди мутаъол дар Қуръони карим мефармояд:

“Ва яке аз нишонаҳои Илоҳӣ инаст, ки аз нафсу ҷинси худатон ҳамсаронеро офарид  то ин ки оромиш пайдо кунед бар он ва муҳаббату меҳрубониро дар байни шумо қарор дод, ҳамоно ин аз нишонаҳо ва оятҳое аст барои гурўҳе, ки тафаккур мекунанд”. (Рум/21)

         Ростӣ, меҳру муҳаббат яке аз сутунҳои асосии оила мебошад. Вақте ҷавонписар ва ҷавондухтаре бо ҳам издивоҷ мекунанд ва бо ҳам як ханаводаи ҷадиду мустақиллеро ташкил медиҳанд, нахустин чизе, ки ҳар кадоми онҳоро дар канори дигарӣ гирд меоварад, ки ин ду ҳамеша ва то охири ҳаёт бо ҳам зиндагӣ кунанд, ҳамоно меҳру муҳаббат аст, он меҳру муҳаббате, ки Худованд онро яке аз оятҳову нишонаҳои Худ шуморидааст. Розаш ҳам ин аст, ки ҳар кадом аз марду зан ба танҳоӣ мавҷуде ҳастанд ноқис. Ин нақс аз он ҷиҳат аст, ки барои бақои наслу тавлиди мисл ва ташкили зиндагӣ, ҳарду ба якдигар наёзманду муҳтоҷанд. Издивоҷи машрўъ ва қонунӣ бартарафкунандаи нақси тарафайн ва сабаби борвар шудани вуҷуди онон мегардад. Ба илова аз назари саломатии ҷисму ҷон ва баҳрабардории саҳеҳ аз мазоёи зиндагӣ, барои ҳар зану марде зарурат дорад.

      Ҳаёти рўзмарраи мо баландию пастиҳои зиёд ва мушкилоти фаровоне дорад, гоҳе дида мешавад, байни зану шавҳаре, ки бо пайванди издивоҷ ба ин амри муҳим қиём кардаанд, ноадолатиҳову нобаробариҳо, ноҷавонмардиҳову хиёнатҳо эҷод шуда ва чӣ басо ин авомил сабаб мешаванд, ки як хонаводаи навташкил натавонад ба зиндагии худ идома диҳад. Дар инҷо аст, ки бояд ҳар кадом аз зану шавҳар аз вазоифу масулияти худ огоҳ буда дар он таваҷҷуҳ дошта бошанд.   

         Расули Акрам(с) роҷеъ ба масъулияту вазифашиносӣ мефармояд:

       “Ҳамаи шумо ба саҳми худ сарпарасту нигаҳбон ҳастед ва ҳамагӣ нисбат ба ончӣ ўҳдадор шудаед, масъулед. Зимомдору имом масъули миллат, мард масъули хонавода, зан масъули умури манзилу фарзандон аст ва ҳар кас ба андозаи раёсате, ки дорад масъул ва ба анҷоми вазоифе, ки Худованд ба ўҳдааш гузошта муваззаф аст”.

         Ҳазрати Алӣ (р) дар рўзҳои аввали издивоҷ ба иттифоқи ҳамсари гиромиаш Фотима(рз) ба ҳузури Паёмбари Ислом(с) омаданд ва аз он Ҳазрат дархост карданд, ки миқдори вазоифи ҳар якро муайян созанд. Расули Акрам (с) тамоми корҳои беруни хонаро ба ўҳдаи Ҳазрати Алӣ (р) гузоштанд ва идораи куллияи умури дохилии манзилро ҷузъи вазоифи духтарашон Фотима (рз)  муқаррар фармуданд.

         Мардону занон метавонанд бо рафтори саҳеҳу оқилонаи худ, асоси зиндагонии саодатмандонаеро поягузорӣ кунанд, аз аъмоле, ки ба саодати  онон латма мезанад, иҷтиноб намоянд. Гоҳе корҳои кўчаку камаҳамият сабаби афзоиши меҳру муҳаббат мешавад, ҳамон тавре, ки гоҳе корҳои ночизе сабаби тафриқа ва ҷудойӣ мегардад.

            Паёмбари Ислом(с) мефармоянд: «Шоиста аст, ки зан чароғи хонаро равшан кунад ва хўрокро омода созад ва чун шавҳараш ба хона омад, то наздики дари хона аз ў истиқбол намояд ва ба ў хушомад гўяд ва бо овардани обу дастмол ба шавҳари худ дар шустани дасташ кўмак кунад ва бе сабаб аз анҷоми хостаҳои ў имтиноъ ва  сарпечӣ нанамояд”.

         Паёмбари гиромӣ дар ҷои дигар хитоб бар мардон мефармоянд:

        «Ҳар марде, ки барои худ ҳамсаре ихтиёр кард, бояд дар эҳтиром намудану гиромӣ доштани ў бикўшад”.

         Қурони Карим  ба мардҳо ёдоварӣ карда, ки бо ҳамсарони худ бо некию  меҳрубонӣ муошират кунед ва аз беадолатию хушунат бипарҳезед.

        То инҷо равшан шуд, ки  аввалин ва муҳимтарин амре, ки бояд ҳар зану шавҳаре ба он тавҷҷўҳ дошта бошанд, инаст, ки ҳар кадоми онҳо аз ҳуқуқ ва вазоифе, ки дар қиболи якдигар ва дар муҳити хонавода доранд, бохабар бошанд. Вале сирфи огоҳӣ аз ин умур оё метавонад хушбахтӣ ва саодатмандии як хонаводаро таъмин кунад ё на? Равшан аст, инсонҳо дар анҷоми масъулият ва вазоифи худ маъсум аз хатою иштибоҳ нестанд ва ҳар лаҳза мумкин аст ғафлат биварзанд ва фаромўш кунанд, махсусан он арўсу домоде, ки нахустин мароҳили зиндагиро аз сар мегузаронанд ва ҳанўз пухта нашудаву аз баландию пастиҳои ҳаёти муштарак бехабаранд. Инҷост, ки агар афву гузашти тарафайн бар шинохти ҳуқуқу вазоифи якдигар замима нагардад, асоси зиндагии саодатмандонаи оила мутазалзил хоҳад шуд. Зеро шинохти ҳуқуқу вазоиф бо афву гузашт, ду амре ҳастанд, ки комилан аз ҳам ҷудо ва қобили тафкик мебошанд; чунин нест, ки огоҳӣ аз ҳуқуқу вазоифи хонавода ба дунболи худ афву гузаштро ҳам дошта бошад.

            Худованди Субҳон мефармояд:

        “Оё намехоҳед Парвардигори олам аз бадиҳои шумо бигзарад ва бадиҳои шуморо рўзи қиёмат нодида гирад? Пас бояд сифати афву гузашт дар зиндагии шумо ҳукмфармо бошад.”

          Агар афв, гузашт ва мардонагӣ дар муҳити оила ҳукмфармо бошад, оила устувор ва фазои он рўҳбахшу гарм мешавад. Балки агар ин сифат дар зиндагии мо набошад, муҳити хона сард мешавад ва муҳаббати самимӣ аз байн меравад. Сифати афву гузашт ин хусусиятро дорад, ки ҳиқду кинаҳо ва бадбиниҳоро аз дилҳо дур мекунад.

          Расули Акрам(с) мефармоянд:

“Афву гузашт дошта бошед, то кинаю бадбиниҳо аз байнатон дур шавад.”

         Аз ин ҷиҳат агар хоҳем, ки зиндагии мо пур аз меҳру муҳаббат бошад, зан бояд гузашт дошта бошад,  мард мардонагию азхудгузаштагӣ…

Pray time in Dushanbe

24.12.2024

More
Fajr06:04
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:13
Isha18:43
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More