Home Articles ПОКИЗАГӢ НИСФИ ИМОНАСТ.

ПОКИЗАГӢ НИСФИ ИМОНАСТ.

ПОКИЗАГӢ НИСФИ ИМОНАСТ.
2023-09-20
666

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бартар андеша барнагзарад…

Дар дини Ислом назофату покизагӣ ҷойгоҳи арзишманде дорад ва моро ҳамвора ба сўи покизагӣ даъват мекунад. Расули Худо (с) дар ин маврид мефармоянд: «Худованди таъоло пок аст ва покиро дўст медорад, покиза аст ва покизагиро дўст медорад, бахшанда аст ва бахшандагиро дўст медорад, пас гирдогирди хонаҳоятонро покиза нигоҳ доред ва ба қавми яҳуд шабоҳат маҷўед». (Ривояти Тирмизӣ). Бинобар ин, фарди мусалмон ба покиза доштани муҳити худ алоқаи хосса дорад.

Ҷое, ки тоза ва покиза бошад, ба сокинон ва касоне, ки ба он ҷо меоянд, ҳисси оромиш мебахшад. Байни покизагии муҳит ва саломатии бошандагони он иртиботи мустақим вуҷуд дорад. Маконе, ки поку озода бошад, аз шаъну мақоми баланди сокинонаш гувоҳӣ медиҳад.

Худованди мутаъол инсонро ба гунае офаридааст, ки тозагӣ ва зебоиро дўст медорад. Фитрати солими башарӣ бо ҳар чизи тозаву зебо майл дорад ва ба он меосояд. Зебоӣ яке аз сифоте аст, ки Худованд онро дўст медорад. Пайғамбар (с) дар ҳадисе мефармояд: «Худованд зебо аст ва зебоиро дўст медорад». (Ривояти Муслим). 

Бояд дар назар дошт, ки назофат ва покизагӣ нишонаи имон аст. Аз Абўмолик Ҳорис ибни Осими Ашъарӣ ривоят аст, ки гуфт: Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Покизагӣ нисфи имонаст». (РивоятиМуслим).

Пайғамбар (с) дар мавриди  истифодаи дурусти об ва ҳифзу нигаҳдошти он, ки манбаъи асосии ҳаёт аст, тавсия ва дастурҳои судманде додаанд. Аз ҷумла дар ҳадисе мефармоянд: «Чун яке аз шумо аз хобаш бархезад, дасташро дар об наяндозад, то он ки онро се бор бишўяд, зеро ў намедонад, ки дасташ дар куҷо қарор доштааст».

Дар ҳадиси дигаре мефармоянд: «Ҳеҷ яке аз шумо дар оби ҷорӣ бавл накунад ва дар он аз ҷанобат ғусл насозад». Аз ин дастуроти Паёмбар (с) чунин бармеояд, ки дини ислом ба масъалаи назофат ва покӣ аҳамияти волое қоил аст.

Ҳамон тавре маълум аст, бисёре аз бемориҳои сироятӣ ба сабаби риоя накардани қоидаҳои назофат ба вуҷуд меоянд, дар ҳоле ки ислом чордаҳ аср пеш ин масоилро ҳаллу фасл намудааст. Худованд дар ояти 222-уми сураи Бақара мефармояд: «Ҳамоно Худованд тавбакунандагон ва покшавандагонро дўст медорад»Инчунин дар ояти 108-уми сураи Тавба фармудааст:
 «Худо покизагонро дўст дорад». Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Пайғамбари Худо (с) фармуд: «Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул накунад».  Покизагӣ аз имон аст ва имон ҳамроҳи соҳибаш дар биҳишт аст. Мавзўи таҳорат ва покӣ дар 32 ҷои Қуръони карим зикр гардидааст.

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд:
«Мисвок поккунандаи хубе барои даҳон ва василаи хушнудии Парвардигор аст». (Ривояти Бухорӣ). Расули Худо (с) фармудаанд: «Чун яке аз шумо об нўшидан хоҳад, пас дар он нафас наяндозад»(Ривояти Бухорӣ).

Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ҳар касе шаб ба хоб равад, дар ҳоле ки дасташ бўи ғизо дошта бошад, баъдан бар асари он дар дасташ дарде ва хорише пайдо шавад, пас фақат худашро маломат кунад». (Ривояти Бухорӣ).

Пайғамбар (с) фармудаанд: «Аз се коре, ки сабаби лаънату нафрин мешавад, бипарҳезед: қазои ҳоҷат намудан дар канораи об, дар сари роҳи мардум ва дар соя»(Ривояти Абўдовуд ва Ибни Моҷа). Аз Абўзар (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Аъмоли неку бади умматам бар ман арза карда шуд ва дар миёни амалҳои неки онҳо ҳатто дур кардани озор (партовгоҳҳо хору хас ва чизҳои бадбў) аз сари роҳро ёфтам». (Ривояти Муслим, Ибни Моҷа ва Аҳмад).

Аз Анас (р) ривоят аст, ки гуфт: «Дарахте дар сари роҳи мардум қарор дошт ва ононро озор медод, пас марде омаду онро аз сари роҳ дур кард. Ровӣ мегўяд, ки Пайғамбар (с) чунин гуфтанд: «Он мардро дидам, ки дар сояи он дар биҳишт гаштугузор мекунад». (Ривояти Аҳмад).

Таҳорат ва покизагӣ асоси тамоми ибодатҳост. Бинобар ин намоз ҳам, ки меъроҷи рўҳӣ, тулўъгоҳи маънавӣ  ва шоҳсутуни дини муъмин аст, танҳо ва танҳо бо погизагӣ  дуруст мегардад. Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки аз Расули Худо (с) шунидам, ки мегуфтанд: «Ҳеҷ намозе бе погизагӣ қабул намегардад». Аз далоили зикргардида маълум мегардад, ки назофат ва покизагӣ яке аз аркони муҳими дини мубини ислом будааст, бинобар ин ҳар як фарди мусулмон бояд бо назофату покизагӣ пойбанд бошад, то ки дар назди Худо ва мардум маҳбуб қарор гирад.

Худованд ба ҳамаи мо тавфиқи амал кардан ба фармудаҳои Расули Худо (с)-ро бидиҳад ва моро дар дунёву охират сарбаланд бигардонад.

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More