Home Articles ИСЛОМ ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

ИСЛОМ ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

ИСЛОМ ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
2023-09-20
736

بسم الله رحمن الرحيم

 Ҳамд он Худоеро, ки неъмати осоиштагӣ ва саломатиро барои мову шумо фароҳам овард ва дуруд бар Паёмбари ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, ки ҳаёту фаъолияти ў беҳтарин намуна барои насли дирўзу имрўз ва оянда аст.

Тахаввулоте, ки давоми се даҳсолаи охир дар ҷомеаи башарӣ ба вуҷуд омад, бо суръати тез андешаву мафкураи мардуми гуногунмазҳабу гуногунандешаро дигаргун сохт, пайравони дину мазоҳиб ва   намояндагони миллатҳои мухталиф ва табақаҳои гуногуни ҷамъиятро водор сохт, ки ба ин рўйдодҳо ҷиддӣ муносибат карда, бетафовут набошанд ва аз онҳо хулосаи зарурӣ бардоранд.

Бояд қаблан зикр намуд, ки ҳамаи инсоният, новобаста аз он ки аз кадом  рангу нажоданд, дар кадом сарзамин умр ба сар мебаранд, бо ҳар забоне, ки сўҳбат кунанд ва намояндаи ҳар қишру табақае, ки бошанд, фарзанди Одаманд ва дар манзалати фарзандии Вай мартабаи баробар доранд. Паёмбари гиромии Ислом (с) дар  ҳаҷҷатул-вадоъ  дар хутбаи худ ба  мардуми зиёде, ки ҷамъ омада буданд, чунин хитоб кард:

"يا أيها الناس ألا إن ربكم واحد وإن أباكم واحد ألا لا فضل لعربي على أعجمي ولا لعجمي على عربي ولا لأحمر على أسود ولا أسود على أحمر إلا بالتقوى".

«Эй мардум! Парвардигоратон яке аст ва падаратон низ якест. Ҳамаи шумо аз Одам ҳастед ва Одам аз хок офарида шудааст. ҳеҷ арабе бар ғайри араб ва ҳеҷ сафедпўсте бар сиёҳпўст ба ҷуз василаи покӣ ва парҳезгорӣ бартарӣ надорад». («Муснад»-и Аҳмади Ҳанбал, ҷ. 5, с. 412).

Худованди мутаъол дар Қуръони маҷид чунин  фармудааст:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُم مِّن ذَكَرٍ وَأُنثَىٰ وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا ۚ إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ [٤٩:١٣]

«Эй мардумон, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед. Ҳар оина гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумо аст, Худо Донои Хабардор аст». («Ҳуҷурот»; 13).

Агар иршодоти қуръонӣ ва роҳнамоиҳои Пайғамбари гиромии Ислом (с) ба таври дақиқ, ҳамаҷониба, бетарафона ва мунсифона мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирад, ба вазоҳати комил хоҳем дарёфт, ки дини мубини Ислом дини сулҳу раҳмат буда, дар ҷеҷ замоне тундравию ифротгароӣ ва терроризмро пуштибонӣ накардаву нахоҳад кард.

Ногузир аст ки «Ассалому алайкум» сиғаи маъруфест, ки ҳар рўз миллионҳо мусулмон аз самими қалб онро ба забон ҷорӣ месозанд, ки дар ин истилоҳ олитарин мафҳуми сулҳ ва дўстӣ нуҳуфтааст.

Калимаи «салом» ки аз решаи «силм» гирифта шудаасту маънояш сломатию сулҳ хостан мебошад, таҳияи мусулмонон буда, бо шуниданаш дар қалбҳо меҳру муҳаббати бародарӣ ҷўш мезанад. Ҳамчунин замоне ки номи Пайғамбари Ислом ва ё номи дигар пайғамбарон ба забон оварда мешавад, иборати «алайҳиссалом» ҳатман дар радифи он изофа мешавад. Мусулмонон намозҳои панҷгонаи хешро бо олитарин шиори сулҳу дўстӣ, яъне бо сиғаи  «ассалому алайкум» ба поён мерасонанд. Ин аст, ки мусулмононро водор месозад, ки то нисбати ҳеҷ як фарде ё ҳатто мaхлуқе кина ва ё ъдовату бадбинӣ надошта бошанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун давлати соҳибистиқлол аз ҷониби кишварҳои дунё эътироф шудааст ва истиқлолият неъмати бузурги илоҳист, ки мардуми тоҷикро насиб гардид ва ин натиҷаи сулҳу дустии муслмонони кишвар мебошад.

Рўҳониёни кишвар дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа низ барои устувории ваҳдати миллӣ ва ободонии кишвари азизамон саҳм гирифта, зимни вохўриҳои худ бо мусулмонони кишвар ҳамеша барои сулҳу дўстӣ ва бародарию ҳамдигарфаҳмӣ ва аз ирҳобу даҳшатафканӣ дур буданро даъват мекунанд.  

Худованди таборак ва таъоло ҳабиби дилҳо - ҳазрати Пайғамбари гиромиро (с) барои густариши сулҳу оромиш ва раҳмат мабъус гардонида ва дини мубини Исломро, бар пояи раҳмат қарор дод.

Далели раҳмату сулҳ будани Расули акрам (с) Қуръони Маҷид мебошад, ки дар сураи “Анбиё”  Худованд ба Раҳмати оламиён чунин хитоб мекунад:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِّلْعَالَمِينَ [٢١:١٠٧]

«Ва мо туро танҳо мояи раҳмат барои ҷаҳониён фиристодем».  («Анбиё»; 107).

Ин нуктаро худи  Пайғамбари Ислом (с) низ таъкид намудаанд, ки:

«Ман Пайғамбари раҳмат ҳастам». (Ривояти Тирмизӣ).

Аз оёту аҳодиси зикршуда бармеояд, ки дини мубини Ислом  бар пояи  сулҳу раҳмат ва мусолимат бунёд ёфта, мўъминонро ба адолату баробарӣ, сулҳу ваҳдат ва ухуввату бародарӣ даъват мекунад.

Қуръони азимушшаън муждадиҳандаи сулҳи башарист ва пайравони хешро барои иҷтиноб аз ҷангу ҷидол даъват менамояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا ادْخُلُوا فِي السِّلْمِ كَافَّةً وَلَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ ۚ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُّبِينٌ [٢:٢٠٨]

«Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамагӣ дар сулҳ дароед ва аз пайравии роҳи шайтон бипарҳезед». («Бақара»; 208).

Худованди Маннон тавассути Қуръони маҷид  башорат медиҳад, ки ба сулҳ дароед ва аз роҳи шайтон, ки роҳи нифоқу фитна, роҳи зулмату гумроҳӣ ва роҳи ҷангу ҷадалу ирхобу терор аст, парҳез кунед.

Ислом дар ҳеҷ маврид ҷангу хунрезӣ, қатлу набард ва рехтани хуни ноҳақро тарғиб намекунад, балки ҳатто дар ҳоли муҳориба  дар майдони ҷангу набард ҳам ба сулҳу оштӣ даъват мекунад ва намегузорад ки касеро кофир гуфта шавад 

Курон азимушан мефармояд:

وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ أَلْقَىٰ إِلَيْكُمُ السَّلَامَ لَسْتَ مُؤْمِنًا   [٤:٩٤]

«Ба он ки бо шумо аз дари ошти ва таслим дарояд, магўед, ки беимон ҳастӣ». («Нисо»; 94).

Муфассирон бар ин ақидаанд, ки агар касе, ки бо мусулмонон дар ҳоли набард аст, иқдоми сулҳҷўёна бикунад, бар мусулмонон воҷиб аст, ки то дар муқобил ҷавоби мусбат диҳанд ва аз ҷанг даст бардоранд. (Қуртубӣ; ҷ. 5, 336).

Хулосаи калом ин аст, ки Ислом – дини тундгароию ифротгароӣ ва терроризм нест, балки дини меҳру ухуват, сулҳу ваҳдат, ҳақиқату адолат аст. Динест, ки ҳамеша мардумро ба ваҳдати комил, сулҳу оштӣ даъват менамояд ва мо ҳаққонияти ин суханҳоро дар оёти Қуръони маҷид ва аҳодиси Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ошкоро дармеёбем.

Мо ходимони дин низ, дар пайравӣ аз Қуръону Суннат ва мазҳаби ҳанафӣ ҳар шабонарўз танҳо хоҳони сулҳу ваҳдат ҳастем ва аз ҷангу ҷидол, низоъу фитна, тундгароию ифротгароӣ дурӣ меҷўем ва дуъо мекунем, ки Худоё сулҳи моро сулҳи доимӣ бигардон ва дар қалбҳои мо мудом улфату бародарӣ ва меҳру муҳаббатро устувор бинамо! Омин, ё Раббал ъоламин!

Ҳомидов Абдулвоҳид-Мутахассиси Раёсати фатво ва омўзгори ДИТ

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More