Home Articles ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

 ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ
2023-11-22
573

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Худоро шукр мегӯем, ки моро дар кишваре халқ кард, ки пур аз нозу неъматҳои моддию маънавӣ буда, табиати зебову мардуми некхоҳу сулҳпарвар дорад. Дар хабар омадааст ки “дӯст доштани Ватан аз имон аст”. Ҳар касе, ки соҳиби имони комилу садоқати комил бошад, Ватани худро дӯст медораду барои ободӣ ва хуррамии он саъю талош мекунад.

         Дар ҷаҳони муосир ҳар як шахсро бо миллату динаш мешиносанд ва мо ҳар гоҳ зимни сафар ба хориҷи кишвар ба намояндагони миллатҳову динҳои дигар бо ифтихор мегӯем, ки ман аз Тоҷикистонам ва мусулмонам. Вақте варзишгарони тоҷик дар ин ё он мусобиқаҳои байналмилалӣ ғалаба ба даст меоранд ва парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мешавад, қалби ҳар як шахси ватандӯстро ҳисси фараҳу шодӣ фаро мегирад.

Парчам дар баробари Нишон ва суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосии  соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои муқими он ба шумор меравад. Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои давлатии Тоҷикистон буда, ҳар кадоми онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси миллӣ нақши муҳиму сазовор доранд. Парчами давлатӣ дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ муқаддасу шариф буда, баробари Нишон, Суруди миллӣ ва забони давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол сарчашмаи ифтихор аст.

Воқеан парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Дар он рангҳои сурх, сабз ва сафед ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситораҳо ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ, инъикоси худро ёфтаанд. Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.

Қайд кардан зарур аст, ки нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами хафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.

Маълум аст, ки дар мавсими ҳаҷ миллионҳо одамони гуногунзабону гуногунмиллат ва нажоду табақаҳои мухталиф дар Макка ҷамъ меоянд. Агар дар мавсими ҳаҷ зойире, ки забонро намедонад, аз миёни ҳамсафарони худ гум шавад, ҳам барои худ ва ҳам барои роҳбаладу масъулони дигар мушкилотҳое эҷод мекунад. Боре дар вақти адои маросими ҳаҷ як нафар ҳамватани мо, ки роҳро гум карда, аз ҳамсафони худ ҷудо гашта буд, ба вазъияти душворе дучор шуд. На забонро медонад, ки аз касе роҳро пурсад, на телефон дар ҷайб дорад. Ҳамин лаҳза чашми зойир ба парчами Тоҷикистон, ки дар болои хайма барафрохта шуд буд, меафтад. Ҳоҷӣ парчамро шинохта шод мешавад ва дарҳол ҳамсафарони худро меёбад.

Мурод аз ин нуктаҳо дар он аст, ки бояд мо насли имрўзаи миллат, барои дар рўҳияи эҳтиром доштану рў овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон бошем. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯст доимо пойбарҷо бошад.

 

Ҳомидов Абдулвоҳид-имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи

“Ҳазрати Усмон (р)”-и н. Рўдакӣ

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More