Home Articles ПАЁМ – ИЛҲОМБАХШИ ИҚДОМҲОИ НАВ

ПАЁМ – ИЛҲОМБАХШИ ИҚДОМҲОИ НАВ

ПАЁМ – ИЛҲОМБАХШИ ИҚДОМҲОИ НАВ
2024-01-11
573

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш ва муҳимтарин анҷоми соли 2023 ба ҳисоб мерафт. Табиист, ки ин санад ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои рушди ҳама соҳаҳои зиндагии ҷомеаи Тоҷикистон дастури асосӣ ба шумор меравад.

Ба андешаи мо, ин санади муҳимми сиёсиву иҷтимоӣ роҳу усулҳои рушд ва тараққиёти ҳама паҳлуҳои сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишварро фаро гирифт ва бисёре аз нуктаҳои он барои рушди миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати иқтисод ва иҷтимоиёти Тоҷикистон дахл доштанд. Таҳлили васеъ ва мукаммали соҳаҳои тандурустӣ, амният, маориф ва илм, технологияи нав, ташкили ҷойҳои нави кор, осуда нигоҳ доштани фазои маънавият ва эътиқодоти мардуми мамлакат, тозаву озода нигоњ доштани муњити атроф ва ғайраҳо аз масъалаҳое буданд, ки ба зиндагии рўзмарраи мардум дахл мекарданд. Як силсила барномаҳо ва стратегияҳо дар соҳаҳои обу энергетика, илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамаҷониба таҳлил ва барои пиёда кардани онҳо дастурҳо пешниҳод шуданд.

           Мо ходимони дин ҳамеша шукргузорем, ки дар Ватани азизамон оромиву субот, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо буда, бо хости Худованд ва роҳбарӣ, дастуру супориш ва роњнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осуда умр ба сар мебарем.

          Бинобарин мо, ходимони дин, баробари омӯзиши муҳтавои Паёми Пешвои миллат тасмим гирифтем, ҷиҳати иҷрои нуктаҳои он, бахусус дар самти тарбияи маънавии насли наврасу ҷавон тадбирҳои заруриро меандешем.

         Пешвои миллатамон бо изҳори фараҳмандӣ дар Паёмашон таъкид доштанд: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд». Дар зимни он, изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳанӯз ҳам сатҳи донишу маънавиёти насли наврас то як андоза  мувофиқи матлаб нест. Бо назардошти боло бурдани сатҳи донишу маънавиёти насли наврас моро лозим аст, ки бо баргузории суҳбату вохӯриҳои судбахш ба ин раванд мусоидат намоем. Чунки имрӯзу ояндаи дурахшони давлатро танҳо фарзандоне метавонанд шукуфон созанд, ки соҳиби ақлу хирад ва бо тафаккури созандаву дурандешонаи  хеш аз касбу ҳунарҳои замони муосир бархӯрдор бошанд. Паёмбарамон фармудаанд: «Талаб кунед илмро аз гаҳвора то гӯр».

         Дар њаќиќат пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рӯзгор ба илм вобаста аст. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рӯи кор оварда, заҳмати мардумро ба маротиб осон мекунад. Камолиддин Биноӣ фармудааст:

Зи дониш шавад кори гетӣ басоз,

Зи бедонишӣ кор гардад дароз.

Албатта, соҳибистиқлолии ҳар як кишвар нишони сарбаландӣ аст. Шукргузорем, ки миллати мо аз ин неъмати бебаҳо баҳравар буда, ҳамагон сивудуюмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварро дар сатҳи хотирмон пазироӣ намудем. Ба ин мазмун низ Расули Худо гуфтаанд: «Ду неъматест, ки инсоният ҳамеша бехабар мемонад: яке амният, дигаре тандурустӣ».

Бо мақсади иҷрои ин иқдоми наҷибона, дар партави дастуру маслиҳатҳои Президенти мамлакатамон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бунёди иншооти ниёзи мардум ба нақша гирифта шудааст.

         Ҳар лаҳза мо - ходимони дин мардумро ба ватандорӣ, хештаншиносӣ, созандагиву бунёдкорӣ даъват намуда, кӯшиш менамоем, ки ҳисси ватандориро боз ҳам боло бардорем.

          Албатта, бо баргузории мулоқоти судманди маърифатӣ, рӯ овардан ба иқдому ташаббусҳои созанда метавонем зиндагии хешро беҳбуд бахшида, Ватани соҳибистиқлоламонро боз ҳам ободу зеботар гардонем, ки ин умедвориҳо аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд.

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More