РАФТОРИ НАМУНАВӢ ВА ИБРАТОМӮЗИ ҲАЗРАТИ МУҲАММАД (С) НИСБАТИ ОДАМОН

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Азизтарин бандаи Аллоҳ Таъоло, охирин ва бузургтарин Паёмбар Ҳазрати Муҳаммад (с) мисли як офтоби саодат ба дунё омад. Ҳамон тавре ки Худованди Бузург ба василаи об ба хокҳои хушкшуда ҷон мебахшад, бо Паёмбарамон (с) ба дунё ҳаёти нав бахшид.
Дар сояи имоне, ки ӯ дар дилҳо ҷой дод, эътиқодоти нодуруст аз байн рафт, ба ҷои зулм ҳаққу адолат, ба ҷои кинаву душманӣ муҳаббати инсонӣ омад. Дар ҳақиқат Ислом бародариро ба вуҷуд овард. Зан дар оила ва ҷомеа ба мақоми шоистаи худ расид.
Паёмбари гиромиямон (с) ба инсонҳо, дар дунё ва охират роҳи хушбахт шуданро нишон дод. Рафтори ҳасанаро пеш аз ҳама худаш анҷом дода, намунаи беҳтарин шуд.
Дили Паёмбарамон (с) пур аз меҳру муҳаббат нисбати инсонҳо буд. Он қадар меҳрубон буд, ки ҳатто гурусна ҳам мемонд, ҳар чизи дар дасташ бударо ба бечорагон медод. Ӯ на фақат ба инсонҳо, балки нисбати ҳайвонҳо ҳам шафқатумарҳамат нишон медод. Як гурбаи ташнаро бо дастони худаш об медод ва бо ҳайвонҳо хуб рафтор карданро тавсия медод.
Паёмбарамон (с) кӯдаконро хеле дуст медошт, онҳоро ба оғӯш гирифта навозиш мекард.
Як мард дид, ки Паёмбарамон (с) кӯдакеро гирифта бӯсид, пас гуфт: "Ман даҳ фарзанд дорам, вале ҳеҷ кадоми онҳоро набӯсидаам".Паёмбарамон (с) ба вай гуфт: "Касе, ки меҳрубонӣ намекунад, меҳрубонӣ намебинад".
Дар вақти намоз хондан набераҳои дӯстдоштааш ҳазрати Ҳасан (р) ва ҳазрати Ҳусайн (р) дар китфонаш баромада бозӣ мекарданд ва ӯ чунин рафтори онҳоро бо хушҳолӣ қабул карда, тамом кардани бозияшонро интизор мешуд.
Ӯ хеле хоксор буд. Байни одамони сарватманд ва фақир фарқ намегузошт, ҳатто агар як хизматгор даъват мекард, мерафт. Бо бечорагон ва камбағалон якҷоя нишаста хӯрок мехӯрд, ба хонаи фақиртарин одамон рафта аҳволпурсӣ мекард.
Беморонро зиёрат карда барои сиҳҳат шуданашон дуо мекард. Вақте ки ба маҷлис мерафт, ҷоеро, ки холӣ меёфт, дар ҳамон ҷоменишаст, пойҳояшро тарафи дигарон дароз намекард.
Як нафар барои зиёрати Паёмбарамон (с) меравад ва вақте ки наздик мешавад, ба ларза медарояд. Паёмбарамон (с) ба вай мегӯяд: "Дӯстам, наларз, ман подшоҳ нестам. Фарзанди як зане аз Қурайш ҳастам, ки нони хушк мехӯрд."
Либосҳояшро бо дастони худаш медӯхт, кафшашро таъмир мекард, ба бозор рафта чизҳои лозимиро харида худаш ба хона меовард, ба касе кор намефармуд.
Паёмбари гиромиямон (с) сарвари оилаи намунавӣ буд. Бо занҳо хеле меҳрубонона рафтор мекард, дар корҳои хона ба онҳо ёрӣ медод. Ӯ чунин мегуфт:
"Беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки нисбати занҳо хуб рафтор мекунанд."
Паёмбарамон (с) меҳмонро хеле дӯст медошт, ба онҳо худаш хизмат мекард. Бо онҳое, ки мусалмон набуданду ба зиёраташ меомаданд, ҳамон хел рафтор мекард.
Ӯ ба ҳеҷ кас сухани бад нагуфтааст, рафтори бад накардааст ва дар умраш ба ҳеҷ кас дурӯғ нагуфтааст.
Анас (р) даҳ сол дар хизмати Паёмбарамон (с) буд ва мегуфт: "Рӯзе нашудааст, ки Паёмбарамон ба ман ҳатто «уф» гуфта бошад. Барои кори кардаам «Чаро ин корро кардӣ?” ва барои кори накардаам «Чаро ин корро накардӣ?» гӯён озор надодааст».
Паёмбарамон рӯйи зебо ва сухани ширин дошт. Ҳангоми суҳбати дигарон онҳоро гӯш мекард, суханашонро намебурид. Айби дигаронро дида ба рӯяшон намезад.
Зиндагии Паёмбарамон (с) сода ва покиза буд. Баданашро ҳамеша тоза нигоҳмедош, ва ба тоза будани либосҳояш хеле диққат мекард. Барои тоза кардани дадонҳояш аз мисвок истифода мебурд. Чиркиниро тамоман нағз намедид. Баасҳобаш мегуфт, ки ба масҷид тоза шуда биёянд.
Як рӯз ба одамоне, ки бо сару либоси чиркин ба масҷид омаданд, чунин гуфт: "Пас аз шустушӯ меомадед, беҳтар буд".
Паёмбари ростгӯ буд. Ба ваъдаи додааш ҳеҷ гоҳ хиёнат намекард, дурӯғгӯёнро тамоман нағз намедид. Аз сабаби инсони ростгӯ ва амонатдор буданаш ӯро “Муҳаммад-ул-Амин” меномиданд.
Ӯ ҷавонмардтарини инсонҳо буд. Касеро, ки аз вай чизе талаб мекард, дасти холӣ барнамегардонд ва мегуфт: "Ман фақат тақсим мекунам, дар асл онро Аллоҳ таъоло медиҳад". Дар баробари ин талабиданро нағз намедид ва барои аз ин одат халос шудани талбандаҳо ба онҳо роҳи кор карда ризқ ёфтанро нишон медод.
Ӯ аз ҳеҷ кас қасд намегирифт, бахшиданро дӯст медошт. Ҳатто ба одамоне, ки ба ӯ бадӣ мекарданд, хубӣ мекард. Хубии ба ӯ кардаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекард, одамони некӣ кардаро ҳамеша бо некӣ ёд мекард. Бо пиронсолон xyбрафтор мекард, ба хурдтарон меҳрубонӣ ва шафқат дошт. Ҳар вақте ки бародару хоҳарони ширияшро медид, аз ҷояш бармехост ва ридояшро ба замин андохта онҳоро менишонд.
Паёмбарамон (с) танбалӣ ва бекор нишастанро нағз намедид. Ҳангоми сохтани масҷид санг мекашонд, мисли як коргар кор мекард. Асҳоби гиромӣ истироҳат кардани ӯро хоста ҳам бошанд, ӯ боз корро давом медод.
Ҳангоми сафар бо асҳобаш барои истироҳат дар як ҷо меистанд ва барои омода кардани хӯрок корҳоро байни худаш он тақсим мекунанд.
Дар ин вақт Паёмбарамон (с) «Ин тавр бошад ман ҳам ҳезум ҷамъ мекунам» мегӯяд ва ҳангоми кор кардани дӯстонаш бекор нишастан намехост.
Паёмбари гиромиямон (с) ҳатто ҳангоми доштани имконоти моддӣҳам зиндагонии содаро паси cap мекард ваҳарчи дар дасташ дошт, ба бечораҳо тақсим мекард. Ҳамин тавр дар ҷамъият адолати иҷтимоиро на танҳо бо сухан, балки бо рафторҳояш ҳам нишон дода, барои одамон намуна буд.
Хушо ба ҳоли пайравони роҳи ӯ.
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More