Home Articles ФАЗИЛАТИ РЎЗҲО ВА ШАБҲОИ МОҲИ РАМАЗОН

ФАЗИЛАТИ РЎЗҲО ВА ШАБҲОИ МОҲИ РАМАЗОН

ФАЗИЛАТИ РЎЗҲО ВА ШАБҲОИ МОҲИ РАМАЗОН
2024-03-13
331

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

       Ҳамду  сано  Худовандро  ва  дуруду  салом  бар  Расули  Ў  ва  ёрону пайравонаш бод!

Моҳи Рамазон, моҳи ибодат ва тоат ва моҳи нузули Қуръони карим аст. Дар бораи ин моҳи пурбаракат фазилатҳои бисёре омадааст, ки дар ин ҷо ба зикри иддае аз ин фазилатҳо мепардозем.

Моҳи Рамазон моҳи нузули Қуръон аст, моҳе аст, ки дар он дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои дўзах баста мешаванд. Расули акрам (с) дар ҳадисе фармудаанд:

Ҳангоме ки моҳи Рамазон фаро мерасад, дарвозаҳои биҳишт боз мешаванддарвозаҳои дўзах баста мегарданд ва шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд”. (Бухорӣ ва Муслим).

Ин моҳи қабули дуоҳо, моҳи хайру саховату дастгирии ҳоҷатмандон ва моҳи озод шудан аз оташи дўзах аст. Дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки аз ҳазор шаб беҳтар аст ва ҳар касе онро дарёбад, хайри бисёреро ноил шудааст.

Пайғамбари гиромӣ (с) фармудаанд: “Касе моҳи Рамазонро ба покӣ рӯза дорад ва бо имону ихлос ибодат кунад, Парвардигор гуноҳони гузаштаи ӯро мағфират мекунад”.

Даҳ рўзи аввали ин моҳи муборак раҳмат аст, даҳ рўзи мобайнаш мағфират ва даҳ рўзи охираш озодӣ аз оташи дўзах аст. Худованд ба фазлу карами худ ба муъминон раҳмати хешро арзонӣ медорад, чунки Ў Раҳиму Карим аст. Даҳ рўзи миёнаи ин моҳ мағфират ва бахшиши гуноҳон аст. Он касоне, ки гуноҳ ва хато содир кардаанд, ҳангоме ки тавба намуда, ба сўи Парвардигори худ рўй меоваранд, Худованд гуноҳонашонро мебахшад ва тавбаашонро мепазирад. Инчунин дар даҳ рўзи охири ин моҳ Худованди Мутаъол гунаҳгоронро аз оташи дўзах озод намуда, барои дохил шудан ба биҳишт омода месозад.

Шабзиндадории ин моҳи муборак яке аз сабабҳои мағфирати гуноҳон ва пок шудан аз хатоҳову иштибоҳот аст. Паёмбари Худо (с) фармуданд: Ҳар касе рўзаи моҳи Рамазонро хос барои хушнудӣ ва ризои Парвардигор ва ба мақсади ба даст овардани аҷру савоб бигирадтамоми гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад”. (Бухорӣ, Муслим ва Тирмизӣ).

Моҳи Рамазон бо ин бузургӣ ва шарофате, ки дар назди Худо дорад, мо пайравони Қуръонро водор месозад, ки дар ин моҳ одобро риоя кунем. Забони худро аз ғайбат, ҳақорату дурӯғ гуфтан, фиреб додани бародари мусулмон нигоҳ дорем. Дар ин моҳи бофазилат бояд чашмони худро аз нигоҳи ҳаром ҳифз намоем. Дар ин моҳ бояд гӯши худро аз шунидани садоҳои ҳаром нигоҳ дорем, то ба он савобе, ки ваъда шудааст, ноил гардем.

Моҳи Рамазон моҳи ба даст овардани Биҳишт аст. Рамазон фаризаест аз ҷониби Худо барои уммати ислом. Ин кароматест, ки Худо ба умматони Муҳаммад (с) ато кард. Парвардигор ба сабаби эҳтиром кардани моҳи мубораки Рамазон гуноҳи рӯзадоронро мебахшад. Ҷасадҳои нозукашонро дар оташи дӯзах намесӯзонад. Оре, Худованд бандагонеро, ки эҳтироми Рамазонро ба ҷо оварда, гуруснаву ташна монда, сабр мекунанд, ба азоби дӯзах гирифтор намекунад.

Аз Салмони Форсӣ (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) дар охирин рӯзи моҳи шаъбон чунин хутбае эрод намуданд: "Эй мардум! Инак моҳи бузург ва мубораке дар сари шумоён соя афканда аст. Моҳе, ки як шаби он (Лайлатулқадр) аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Моҳе, ки Худованд рӯзаашро фарз ва қиёми шабашро татаввӯъ (нафл) гардонидааст. Касе дар ин моҳ амали некеро ба ҷо орад, (савобаш) баробари он аст, ки фаризаеро дар дигар моҳҳо анҷом дода бошад. Касе, ки фаризаеро дар он ба ҷо орад, баробари ҳафтод фарз дар моҳҳои дигар аст. Рамазон моҳи сабр аст ва мукофоти сабр биҳишт аст. Ин моҳ моҳи дастгирист. Моҳест, ки дар ризқи бандаи мӯъмин афзоиш ва баракат ба вуҷуд меояд. Касе дар ин моҳи муборак дасти як ятиме ё як муҳтоҷеро мегирад, Худованд ба ў аҷру баракоти зиёде ато менамояд.

Рӯза дар қиёмат рӯзадоронро шафоат намуда, мегӯяд: "Парвардигоро, инҳо баҳри ризоияти Ту хӯрдану нӯшидан ва шаҳватро тарк намуда, рӯза доштанд. Ишонро ба ман бахш!"

Қуръон низ тиловаткунандагонашро: "Парвардигори ман, инҳо шабона хобро, рӯзона корҳояшонро як сӯ гузошта, ба тиловати китоби ту машғул гардиданд. Инҳоро низ ба мо бубахш!"- гӯён шафоат мекунад.

Шафоати рӯзаву Қуръон низ мисли шафоати Расулуллоҳ (с) рад намегардад ва боиси мағфирати илоҳию вориди ҷаннат гаштан хоҳад шуд.

Рамазон аслан моҳи маърифат, раҳмат, дигаргунсозии феълу атвор аст. Пиромуни бузургиву шарофати моҳи мубораки Рамазон дар ҳадиси шариф таъкид шудааст: " Ба шумоён моҳи Рамазон соя афканд. Ин моҳ пурбаракат буда, дар он хайри зиёдест. Аллоҳ таъоло шумоёнро дар раҳмати худ ғарқ месозад ва раҳматашро нозил мекунад. Дар ин моҳ гуноҳон бахшида мешаванд, дуоҳо қабул мегарданд. Ҳақ таъоло рағбату хайротатонро нисбати ин моҳ дида, дар ҳузури фариштагон аз шумоён фаҳр менамояд. Шумо рӯзаи Рамазони шарифро, ки ҳаққи Худованди таъолост, бидоред ва корҳои савоб бикунед. Ҳар касе, ки аз раҳмати ин моҳи муборак маҳрум монда бошад, ноком аст".

Рамазони муборак - султони ёздаҳ моҳи дигар аст. Мо бесаброна мунтазири ин моҳи бузург мегардем. Бо баробари вуруди Рамазон дар хона, кӯчаву хиёбон ва масҷиду маҳаллаҳо аломати файзи илоҳӣ ва тоату ибодат ба назар мерасад. Як худи зикру қуръонхониҳо, пандгӯиву намозҳои таровеҳи масҷидро то чӣ ҳад таърифу тавсиф кунем ҳам, кам аст. Шаби Қадр то субҳ мунтазири раҳмату файзи Худованд гардида, бо умед ба зикру ибодат машғул гаштанро як пеши назар оред. Агар одам дар ин айём холисона ибодат кунад, дараҷааш аз фариштаҳои зиёд мегардад. Ҳамаи ин гувоҳӣ медиҳад, ки Рамазон моҳи пурбаракат аст.

Дар ҳақиқат рўзҳо  ва  шабҳои  моҳи  Рамазон  қадру  манзалати бузуpгe доранд. Яке аз фазилатҳои ин моҳ ин аст, ки амалҳо дар ин шабу рўз дучанд мегарданд ва гуноҳу хатоҳо бо анҷом додани амали  нек,  ки  сабаби  наздик  шудан  ба  Худост,  бахшида мешаванд.

Ҳар  вақт  медонем,  ки  ин  беҳтарин  моҳ  аст  натиҷа  бояд  чунин бошад, ки дар ин моҳ барои касби савоб кўшиши бештар намоем. Ҳар вақте фаҳмидем, ки даҳ рўзи охири ин моҳ беҳтарини рўзҳо ва  шабҳо  ҳастанд  бояд  чунин  бошад,  ки  мо  дар  ибодат ва накукорӣ кўшиши бештаре  дошта  бошем  ва  ин  вақти  қимати  худро  зоеъ нагардонем.  Ин  натиҷаи  донистани  фазилатҳо  аст.  Пас ба таҳқиқ самараи маърифат ва дониш, амал аст.

Хислати  авввал  ин  зинда  доштани  шабҳо  аст  ва  далел  бар  он амали Паёмбар (с) мебошад. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ аз  Оиша (р) ривоят  шудааст:  «Чун  даҳаи  охири  Рамазон  фаро  мерасид, Расулуллоҳ  (с)  шабҳоро  зинда  дошта,  хонаводаашро  бедор мекард ва бисёр кўшишу ҷиддият менамуд.

Инчунин дар ҷои дигар аз модарамон Оиша (р) ривоят  шудааст, ки: «Расулуллоҳ (с) бист рўзи ибтидои Рамазонро бо намозгузорӣ ва  хобу  истироҳат  мегузаронид,  чун  даҳаи  охир  фаро  мерасид, дар он кўшишу ҷиддият менамуд». Дар ҳадиси дигаре омадааст: «Расули  акрам  (с)  чун  даҳаи  охири  Рамазон фаро мерасид, ҷойгоҳи хобашро ҷамъ карда яксў мегузоштанд».

Мусалмонон  ба  ин  шабҳо  аҳамият  дода,  дар  анҷоми  ибодат ва некўиҳо кўшиши зиёде менамоянд, ки бешак он намунаи пайравии эшон аз суннати Паёмбарамон (с) мебошад.

Pray time in Dushanbe

27.04.2024

More
Fajr03:53
Zuhr12:40
Asr17:25
Maghrib19:24
Isha20:55
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More