Тасвири рӯзаи Рамазон дар осори Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ

Тасвири рӯзаи Рамазон дар осори Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ
Рамазон моҳи рӯза ва моҳи нуҳум аз моҳҳои солшумории қамарӣ аст. Калимаи “Рамазон” дар луғат ба маънои тобиши гармо ва шиддати тобиши офтоб аст. Ба қавли дигар, Рамазон ба маънои санги гарм аст, ки аз он пойи равандагон месӯзад ва ин калима аз решаи “рамаз” гирифта шудааст, ки маънои “сӯхтан”-ро ифода мекунад. Чун моҳи рӯза гуноҳонро месӯзонад, ба ин исм номгузорӣ шудааст, зеро моҳи Рамазон сабаби сӯхтагӣ ва машаққати нафс аст. Маънои “савм” дар луғат имсок ва бозистодан буда, маънои истилоҳии он худдорӣ кардан аз хӯрдану нӯшидан ва ҳамхоба шудан бо ҳамсар аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.
Тавре ки маълум аст, тамоми осори адибон ва шоирони гузашта аз сарчашмаи Қуръону ҳадис об хӯрдааст ва ҳар фарде, ки ба назари инсоф ба ин осори бузургон назар андозад, ин нуктаро ба таври возеҳ хоҳад дарёфт. Аз он замон, ки падари шеъри форсӣ-тоҷикӣ устод Рӯдакӣ кохи баланди адабро барафрохт, дар баробари дигар истилоҳоти динӣ вожаҳои рӯза, Рамазон, савму сиём ва ғайра низ дар ойинаи шеъри форсӣ-тоҷикӣ инъикос ёфтанд. Дар осори манзуми шуарое амсоли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Хоқонӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлавӣ ин инъикос дар ҳама навъҳои шеъри мадҳӣ, ахлоқӣ, ғиноӣ ва рисоӣ дида мешавад. Аммо беҳтарин ва амиқтарин тасвири рӯзаро мо дар ғазалиёти Мавлоно вомехӯрем. Ин шоири шӯридаи мактаби ирфон бо шариат пайванди ногусастанӣ дорад ва бо ҳулули моҳи Рамазон, моҳи меъроҷи одамӣ, моҳи парвариши рӯҳ, моҳи буридан аз нону расидан ба ҷонон ба ваҷд меояд ва месарояд:
Муборак бод омад моҳи рӯза,
Раҳат хуш бод, эй ҳамроҳи рӯза.
Шудам бар бом, то маҳро бубинам,
Ки будам ман ба чон дилхоҳи рӯза.
Назар кардам, кулоҳ аз сар бияфтод,
Сарамро маст кард он шоҳи рӯза.
Мусалмонон, сарам маст аст аз он рӯз,
Зиҳӣ иқболу бахту ҷоҳи рӯза.
Ба ҷуз ин моҳ, моҳе ҳаст пинҳон,
Ниҳон чун турк дар хиргоҳи рӯза.
Бад-он маҳ раҳ барад он кас, ки ояд,
Дар ин маҳ хуш ба хирмангоҳи рӯза.
Рухи чун атласаш гар зард гардад,
Бипӯшад хилъат аз дебоҳи рӯза.
Дуоҳо андарин маҳ мустаҷоб аст,
Фалакҳоро бидаррад оҳи рӯза.
Чу Юсуф мулки Мисри ишқ гирад,
Касе, к-ӯ сабр кард дар чоҳи рӯза.
Саҳурӣ кам зан эй нутқу хамӯш кун,
Зи рӯза худ шаванд огоҳи рӯза.
Биё эй Шамси дину фахри Табрез,
Туӣ сарлашкари испоҳи рӯза. (Куллиёти Шамс, ҷ. 5, с. 137).
Дар ин моҳ, ки бандагон меҳмони Худо ҳастанд, дарҳои дӯзах баста ва дарҳои биҳишт ба рӯяшон боз хоҳад шуд. Ин мазмунро Мавлоно чунин ба тасвир кашидааст:
Дило дар рӯза меҳмони Худоӣ,
Таъоми осмониро сароӣ.
Дар ин маҳ чун дари дӯзах бибандӣ,
Ҳазорон дар зи ҷаннат баркушоӣ. (Куллиёти Шамс, ҷузъи 6, с. 35).
Дар рубоъии дигаре Мавлоно моҳи рӯзаро фурсате барои таҳзиби нафс ва тасфияи рӯҳ медонад ва мефармояд:
Ҳин навбати сабр омаду моҳи рӯза,
Рӯзе ду магӯ зи косаву аз кӯза.
Бар хони фалак гард пайи дарюза,
То пунбаи ҷон бозраҳад аз ғӯза. (Куллиёти Шамс, ҷузъи 8, с. 622).
Дар ғазали зерин Мавлоно моҳи Рамазонро ба унвони “ёри қамарсимо” хитоб намуда, онро ҳамчун оби ҳаёт сабаби зинда шудани аҷзо мешуморад:
Моҳи Рамазон омад, эй ёри қамарсимо,
Барбанд сари суфра, бикшой раҳи боло.
Эй ёваи ҳарҷойӣ, вақт аст, ки боз ойӣ,
Бингар сӯйи ҳалвойӣ, то кай талабӣ ҳалво.
Як дидани ҳалвойӣ з-он сон кунадат ширин,
Ки шаҳд туро гӯяд: “Хоки туам эй мавло”.
Мурғат зи хӯру ҳайза, мондаст дар ин байза,
Берун шав аз ин байза, то боз шавад парҳо.
Бар ёди лаби дилбар, хушк аст лаби меҳтар,
Хуш бо шиками холӣ, менолад чун сурно.
Холӣ шаву холӣ беҳ, лаб бар лаби нойӣ неҳ,
Чун най задамаш пур шав, в-он гоҳ шакар мехо.
Гар тавба зи нон кардӣ, охир чӣ зиён кардӣ,
Ку суфраи нонафзо, ку дилбари ҷонафзо.
Аз дурд ба соф ойем, в-аз соф ба Қоф ойем,
К-аз Қофи сиём эй ҷон, усфур шавад анқо.
Сафрои сиём арчи, савдои сар афзояд,
Лекин зи чунин савдо, ёбанд яди байзо.
Ҳар сол на ҷӯҳоро ме пок кунад аз гил,
То об равон гардад, то кишт шавад хазро.
Бар ҷуйканон ту ҳам исор кун ин нонро,
То оби ҳаёт ояд, то зинда шавад аҷзо.
Дар идомаи ин тарҷеъбанд Мавлоно “суфраву нон”-ро монеъи расидани инсон ба “ҷону ҷаҳон” медонад ва мегӯяд:
Бастем дари дӯзах, яъне тамаъи хӯрдан,
Бикшой дари ҷаннат, яъне ки дили равшан.
Бас хидмати хар кардӣ, бас коҳу ҷаваш бурдӣ,
Дар хидмати Исӣ ҳам бояд мададе кардан.
То суфраву нон бинӣ, кай ҷону ҷаҳон бинӣ,
Рав ҷону ҷаҳонро ҷӯ, эй ҷону ҷаҳони ман.
Инҳо ҳама рафт эй ҷон, бингар сӯйи муҳтоҷон,
Бе барг шудем охир, чун гул зи дайу баҳман.
Серем аз ин хирман, з-ин гандуму з-ин арзан,
Бе сунбулаву мизон, эй моҳ ту кун хирман. (Куллиёти Шамс, ҷ. 7, с. 91-92)
Дар ғазали дигаре моҳи Рамазонро сабаби раҳидан аз гумроҳӣ ва расидан ба лашкари имон, моҳи ҳаёти ҷон, моҳи сабр, моҳи нузули Қуръон, уруҷи рӯҳ ва моҳи дарида шудани пардаҳои зулмату пайвастан ба малоика ва муқаррабин мехонад:
Омад шаҳри сиём, санҷақи султон расид,
Даст бидор аз таъом, моидаи ҷон расид.
Ҷон зи қатъият бираст, дасти табиъат бибаст,
Қалби залолат шикаст, лашкари имон расид.
Лашкари “Вал-ъодиёт” даст ба яғмо ниҳод,
З-оташи “Вал-мӯриёт” нафс ба афғон расид.
Ал-Бақара рост буд, Мӯсии Имрон намуд,
Мурда аз ӯ зинда шуд, чунки ба қурбон расид.
Рӯза чу қурбони мост, зиндагии ҷони мост,
Тан ҳама қурбон кунем, ҷон чу ба меҳмон расид.
Сабр чу абрест хуш, ҳикмате борад аз ӯ,
З-он ки чунин моҳи сабр буд, ки Қуръон расид.
Нафс чу муҳтоҷ шуд, рӯҳ ба меъроҷ шуд,
Чун дари зиндон шикаст, ҷон ба ҷонон расид.
Пардаи зулмат дарид, дил ба фалак бар парид,
Чун зи малак буд дил, боз бад-эшон расид.
Зуд аз ин чоҳи тан даст бизан дар расан,
Бар сари чоҳи об гӯ: “Юсуфи Канъон расид”.
Исӣ чу аз хар бираст, гашт дуъояш қабул,
Даст бишӯ, к-аз фалак моидаву хон расид.
Дасту даҳонро бишӯ, не бихӯру не бигӯ,
Он сухану луқма ҷӯ, к-он ба хамӯшон расид. (Куллиёти Шамс, ҷузви 2, с. 198)
Мавлоно рӯзаро ҳамчун модаре медонад, ки каримона ва меҳрубонона ба сӯи атфоли хеш омадааст, пас набояд домони чунин модареро осон аз даст дод:
Сӯи атфол биёмад ба карам модари рӯза,
Маҳил эй тифл ба сустӣ тарафи чодари рӯза.
Бинигар рӯи зарифаш, бихӯр он шири латифаш,
Ба ҳамон кӯй ватан кун, бинишин бар дари рӯза.
Бинигар дасти ризоро, ки баҳорест Худоро,
Бинигар ҷаннати ҷонро шуда пурабҳари рӯза.
Ҳала эй ғунчаи нозон, чӣ заъифию чӣ ёзон,
Чу расанбози баҳорӣ, биҷаҳ аз чанбари рӯза.
Ту гуло ғарқаи хунӣ, зи чийӣ дилхушу хандон,
Магар Исҳоқи Халилӣ, хушӣ аз ханҷари рӯза.
Зи чийӣ ошиқи ноне, бинигар тоза ҷаҳоне,
Биситон гандуми ҷоне, ҳала аз байдари рӯза. (Куллиёти Шамс, ҷузви 5, с. 198)
Дар ғазали шевои дигар бо радифи “сиём” ба таъсири рӯза дар дилу ҷон чунин мепардозад:
Мебисозад ҷону дилро бас аҷоиб к-он сиём,
Гар ту хоҳӣ, то аҷаб гардӣ, аҷоиб дон сиём.
Гар туро савдои меъроҷ аст бар чархи ҳаёт,
Дон, ки аспи тозии ту ҳаст дар майдон сиём.
Ҳеҷ тоъат дар ҷаҳон он равшанӣ надҳад туро,
Чунки баҳри дидаи дилкӯрии абдон сиём.
Чунки ҳаст ин савм нуқсони ҳаёти ҳар сутур,
Хос шуд баҳри камоли маънии инсон сиём.
Чун ҳаёти ошиқон аз матбахи тан тира буд,
Пас муҳайё кард баҳри матбахи эшон сиём.
Чист он андар ҷаҳон муҳликтару хунрезтар,
Бар дилу бар ҷону ҷо хунхори шайтон сиём.
Хидмати хоси ниҳонӣ, тезнафъу зудсуд,
Чист пеши ҳазрати даргоҳи ин султон? Сиём.
Моҳии бечораро об ончунон тоза накард,
Ончи кард андар дилу ҷонҳои муштоқон сиём.
Дар тани марди муҷоҳид дар раҳи мақсуди дил,
Ҳаст беҳтар аз ҳаёти сад ҳазорон ҷон сиём.
Гарчи имон ҳаст мабнӣ бар бинои панҷ рукн,
Лек, валлоҳ, ҳаст аз онҳо аъзамул-аркон сиём.
Лек дар ҳар панҷ пинҳон карда қадри савмро,
Чун шаби Қадри муборак ҳаст худ пинҳон сиём.
Санги беқимат, ки сад хирвор аз ӯ кас нангарад,
Лаъл гардонад чу хуршедаш даруни кон сиём.
Шер чун бошӣ, ки ту аз рӯбаҳе ларзон шавӣ,
Чира гардонад туро бар бешаи шерон сиём.
Бас шикамхорӣ кунад он, к-ӯ шикамхорӣ кунад,
Нест андар толеъи ҷамъи шикамхорон сиём.
Хотами мулки Сулаймон аст ё тоҷе, ки бахт,
Мениҳад бар тораки сарҳои мухторон сиём.
Хандаи соим беҳ аст аз ҳоли муфтир дар суҷуд,
З-он ки мебиншонадат бар хони Ар-Раҳмон сиём...
Хулоса, тасвири рӯзаи Рамазон дар ашъори Мавлавӣ ҷойгоҳи вежаеро дорост, зеро ки рӯзаи моҳи шарифи Рамазон яке аз аркони панҷгонаи дини мубини Ислом буда, дар парвариши рӯҳ ва таҳзиби ахлоқи инсонӣ бағоят муассир аст. Ҳадаф аз машруъияти рӯза низ ҳамин чиз аст, то ки инсон ба василаи ин ибодати баданӣ аз сифатҳои нописандидаи зулмонӣ поку беолоиш гардида, ба меъроҷи рӯҳонӣ даст ёбад ва ҳамчун фариштагон, ки аз қайди модда озоданд, худро ба сифоти малакӣ музайян гардонад ва қурби илоҳиро ба даст орад.
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More