Home Articles ФАЗИЛАТИ ҲИМОЯИ ВАТАН ДАР ПЕШГОҲИ ХУДОВАНД

ФАЗИЛАТИ ҲИМОЯИ ВАТАН ДАР ПЕШГОҲИ ХУДОВАНД

ФАЗИЛАТИ ҲИМОЯИ ВАТАН ДАР ПЕШГОҲИ ХУДОВАНД
2024-04-27
647

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

           Ҳифзу ҳимояи ватан дар Ислом ҷойгоҳи хоссе дорад ва Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Ҳар яки мо вазифадорем, бароямон фарзу суннат аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем. Дар таълимоти шариат иборае мавҷуд аст, ки дӯст доштани ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне дӯст доштани ватан аз имон аст. «Ҳуббу-л-ватан» дӯст доштани ватан аст, муҳофизати ватан аст, хизмати ватан аст, обод кардани он аст, садоқат ва ростӣ аст.

            Адо намудани қарзи шаҳрвандӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, ин амалӣ намудани фармудаи шариат аст, зеро Худованд фазилати муҳофизони ватанро дар Қуръони карим зикр намуда, барояшон савоби беандоза муқаррар сохтааст. Ҳифзи ватан шараф аст ва онҳое, ки хизмати Ватан-модарро адо менамоянд, баҳри зиндагии осоиштаи мову шумо шабҳо бедорхобӣ мекашанд ё дар сарҳадот аз убури ашхоси ҷиноятпеша ҷилавгирӣ мекунанд, гӯё фарзу суннатро иҷро кардаанд.
Рӯй тофтан аз хизмати ҳарбӣ оини ҷавонмардӣ нест ва чунин амалро хиёнат ба Ватан метавон арзёбӣ намуд. Хушбахтона аксари ҷавонони мо ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта, ҳамасола садҳо ҷавонони далеру шуҷоъ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, зеро имрӯз давлати мо муқтадир гашта, барои адои хизмат ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем ва барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем.

         Дар ояти охирони сураи «Оли Имрон» Парвардигор мефармояд: «Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед!»

         Муфассирон мегӯянд, ибораи «ва робиту» - омода бошед, дар ҳаққи марзбонон аст, ки Парвардигор мегӯяд, шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омода бошед. Аз ин ояти раббонӣ бармеояд, ки ҳар кас вазифадор аст, ватани худро  ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳа. Вазифаи аввалини ҳар яки мо – сафарбар кардани ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватандӯстист. Уламо мегӯянд, як шаб ҳимояи ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст. Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст: Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд:

  1. Овози қалами нависандагон (агар хайр нависанд ва агар шарр нависанд, Худо аз онҳо безор аст).
  2. Овози чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол).
  3. Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо ватани худро аз душманон ҳифз мекунанд).

         Марзбонон шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.
         Худованд ватану кишвари моро дар ҳифзу ҳимояи худ нигоҳ дорад, ба ҳамаи марзбонон далериву ҷасурӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ато намояд, ба мардуми кишвар тавфиқу комёбӣ насибу рӯзӣ гардонад.

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More