Home Articles МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
2024-07-15
503

Ба номи он ки ҳастӣ ном аз Ў ёфт,

Фалак гардиш, замин ором аз Ў ёфт…

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз олимони бузурги илоҳиёт ва адиби донишманди форсу тоҷик ва қораи Ҳинд ба шумор меравад. Соли 1975 файласуфи тоҷик Моҳирхўҷа Султонов шиносномаи аввалинро таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» таълиф намуда, дар омўзиши ҷараёни зиндагӣ ва осори Алии Ҳамадонӣ ибтидо  гузошт. Мутобиқан ба дараҷаи мақому мартабааш ўро дар мамолики Машриқзамин бо номҳои гуногун, аз қабили Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпўш, Мири Сиёҳпўш, Ҳазрати Амирҷон ёдовар мешаванд. Дар Тоҷикистон, хоса дар шаҳрҳои Кўлобу Қўрғонтеппа аз рўи муҳаббат ўро Ҳазрати Амирҷон ном мебаранд. Номи асосии ин марди шариф Алӣ бинни Шаҳобиддин буда, дар шаҳри Ҳамадони Эрон, дар оилаи марди донишманду пурзаковат ба дунё омадааст. Дар аксар сарчашмаҳои таърихию адабӣ, соли мавлуди Сайид Алии Ҳамадониро 12-уми моҳи раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 12-уми октябри соли 1314 мелодӣ эътироф кардаанд.

Дар таълим ва рушду камоли ў муҳити оила ва мавқеи ду олими забардасти Ҳамадон-хешони наздикаш Шарофиддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздаконӣ ва Тақиддин Алии Дўстӣ хеле бузург аст. Вай дар чунин муҳити солим таълими хуби маънавӣ ва ахлоқӣ дарёфт ва дар синни 16-18-солагӣ аз илмҳои мавҷудаи замонаш комилан бархурдор гашт. Пайи ҷустуҷўи илму маърифат ва ҳақиқат ў дар синни 19-солагӣ зодгоҳашро тарк кард.

Дар мусофират ў Маккаю Мадина, Миср, Покистону Ҳиндустон, Осиёи Миёна, Туркия ва дигар мамолики дунёро дид ва дар натиҷа «Авроди фатҳия» - як асари ҷовидонии дорои муҳтавои тасаввуфиро эҷод кард. Дар ин муддат бори нахуст Алии Ҳамадонӣ соли 1373 милодӣ ба вилояти Хатлон ва Кўлоби ҳамонвақта ташриф овард. Воқеан, дар таърихи тасаввуф мисли Сайид Алии Ҳамадонӣ кам шахсиятеро дучор омадан мумкин аст, ки сафарҳои зиёде намуда, ба хизмати дўстони Худо камар баста ва аз фотиҳаи онҳо бархурдор гардида бошад. Он ҳазрат борҳо таъкид намудааст, ки дар касби камол як инсони иродатманд бе назари устод ба ҷое намерасад ва мартабаеро соҳиб нахоҳад шуд:

Эй Алӣ, рав назар кун зи сари сидқу сафо,

                              Ки ба ҷое нарасид бе назари пир мурид.

Ин мартаба ба Сайид Алии Ҳамадонӣ хеле барвақт дар овони  ҷавонӣ муяссар гардид. Шайх Муҳаммадхони Азконӣ яке аз олимону орифони шуҳратманди замон ба шумор мерафт ва на ҳар кас дар назди ў хизмати муридӣ ба ҷо оварда метавонист. Алии Ҳамадонӣ ба туфайли заковати баланд, сабру тоқати беинтиҳо тавонист, ки ба дарбори ў сазовор гардад ва ҳатто шайх либоси ифтихории худ-хирқаро ба шогирди хеш эҳдо намуд. Он чӣ ки аз илму маърифат омўхту гирдоварӣ кард, дар саҳафоти ҷудогона сабт кард ва ахиран онҳоро дар шакли китоби алоҳида таълиф намуд, ки адади онҳо ба қавле аз 70 беш аст.

Қарор дод, ки чанд соли умри боқимондаи худро дар Ҳамадони азизаш сарфи таълифи китобҳо намояд, аммо аз қазо ба зарбаи сахту ҷонкоҳи тақдир дучор омад, ки ҳама ормонҳои ўро барбод доданд. Амир Темур ба Эрон лашкар кашида, ғоратгариҳои зиёде кард, шаҳрҳои мутараққии Эронзамин - Шерозу Табрез, Исфаҳону Ҳамадонро ба хок яксон кард. Алии Ҳамадонӣ тоқати дар ҳоли харобазор дидани ватани азизашро надошт ва таклифи Амир Темурро дар хусуси ба дарбор омаданашро рад кард. Ҳамин ангеза буд, ки соли 1379 дар синни 65-солагӣ бо ҳамроҳии пайвандон ва беш аз 700 шогирдону муридони хеш тарки Ватан кард ва Кашмири Ҳиндустонро макони зиндагӣ  қарор дод.

Баҳоре, ки синни муборакаш ба 73 расид, гирифтори дарди ҷонкоҳе гардид. Ў дар яке аз сафарҳои охиринаш духтараш Моҳи Хуросонро ба Хоҷа Абўисҳоки Хатлонӣ, ки марқадаш дар деҳаи Хоҷаисҳоқи хоҷагии «Ҳамадонӣ»-и ноҳияи Кўлоб воқеъ аст, ба шавҳар дод. Ҳангоми бозгашт дар вилояти Кунари Афғонистон ҷон ба ҳақ таслим кард ва мувофиқи васияташ тобути ўро ба Кўлоб оварда, ҷасадашро дар ҳамин ҷо дафн намуданд. Яке аз муридони он ҳазрат рўзи видоъ бо дарду ҳасрати ҷонгудоз таърихи фавти ўро ба таври зайл иншо намудааст:

 Ҳазрати шоҳи Ҳамадони карим,

Ояти раҳмат зи каломи қадим.

                                       Гуфт дами охиру таърих шуд;

                                     «Бисмиллоҳир-раҳмони-раҳим».

Шарҳи мисраи охир ба ҳисоби абҷад 786-уми ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1386-и мелодист. Соли вафоти Сайид Алии Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар 1385 мелодӣ гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу мунозираҳои зиёде ҳаст.

      Ҳаст доим салтанат дар маърифат,

Ҷаҳд кун то ҳосил ояд ин сифат.

Ҳар кӣ масти олами ирфон бувад,

     Бар ҳама халқи чаҳон султон бувад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вуҷуди сафарҳои тўлонӣ боз имконият ёфт, ки як силсила асарҳои илмию бадеӣ офарад, ки то имрўз аҳамияти бузурги таърихиро моликанд. Миқдори асарҳои ўро файласуф Моҳирхуҷа Султонов беш аз 70 медонад. Олими ҳинд Саида Ашраф Зафар дар китобаш «Сайид Мир Алии Ҳамадонӣ» дар хусуси 44 асари форсӣ ва 21 рисолаи ба забони арабӣ таълифнамудаи Сайид Алии Ҳамадонӣ иттилоъ медиҳад. Олими маъруфи Эрон Азизуллоҳи Аторудӣ шумораи асарҳои Ҳамадониро зиёдтар аз 90 медонад. Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ба асарҳои насрии худ, аз қабили «Макорим-ул-ахлоқ», «Захират-ул-мулук», «Анвор-ул-азҳор», «Вуҷудия», «Кашф-ул-ҳақоиқ» ва амсоли инҳо дар дарки тасаввуф саҳми босазо гузошт. Асарҳои мавсуф дар китобхонаҳои машҳури Эрону Покистон, Ҳиндустон, Тошканд ва як идда шаҳрҳои мутамаддини Ғарб маҳфузанд. Дар ганҷинаи Пажўҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Тоҷикистон 52 адад асарҳои ў нигаҳдорӣ мешаванд. Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ аслан афкори тасаввуфӣ, фалсафӣ ва панду ахлоқиро дар бар мегиранд.

 Ҳар кӣ моро ёд кард, эзид мар-ўро ёр бод,

       Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.

          Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,

            Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.

   Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,

       Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод.

Ҳангоми равшан сохтани паҳлўҳои ҷудогонаи тасаввуф ва намояндагони барҷастаи он номи Сайид Алии Ҳамадониро ёдовар мешаванд, аммо маҳсули эҷодии ў аз назари муҳаққиқон дур мондааст. Барои муайян кардани мавқеи Сайид Алии Ҳамадонӣ дар таърихи афкори ҷамъиятии халқи тоҷику форс аз ҳама пеш ба эҷодиёти ў ва шогирдони ҳамасараш муроҷиат бояд кард. Хушбахтона, яке аз муридони содиқаш Мавлоно Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ, ки солиёни зиёд бо ин марди шариф ҳамсафар буд, оид ба шахсият ва шарҳи ҳоли ў «Хулосат-ул-маноқиб» ном асаре офарид, ки аз сарчашмаҳои боэътимоди шинохти Ҳамадонӣ ба шумор меравад. Алҳол дар Ҳиндустону Покистон ва Эрон доир ба аҳвол ва фаъолияти илмию адабии Сайид Алии Ҳамадонӣ асарҳои зиёде ба табъ расидаанд. Дар Покистон маҳфиле бо унвони «Шоҳи Ҳамадонӣ» амал мекунад, ки ба омўзиш ва таҳқиқи осори Сайиди Алии Ҳамадонӣ ҷиддан равона шудааст.

«Рисолаи футувват»-и Алии Ҳамадонӣ ба таҳлили футувват ихтисос дорад. Дар рисолаи «Маърифати нафс» фаҳму дарки орифонаи вуҷуди инсонӣ тафсири комил шудааст. Рисолаи «Сайруттолибин» низ мазмоини ирфонӣ дорад. Ғайр аз ин, ба қалами ин бузургвор як силсила ғазалиёту рубоиёт низ мансуб аст, ки дар васфи ахлоқи ҳамида ва муҳаббати илоҳӣ сароида шудаанд. Намуна:

Диле, к-ў аз ғами ишқаш сари мўе хабар бошад,

Зи ташрифи балои дўст бар вай сад асар бошад.

Гадоеро, ки бо султони беҳамто бувад савдо,

Дилаш пайваста решу айш талху дида тар бошад…

Хулоса, андеша ва ақидаву осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чӣ барои ҳар фарди худогоҳ ва чӣ барои кулли ҷомеа манфиати зиёде дорад. Он ганҷинае, ки ин бузургвор баъди хеш боқӣ гузошт, ганҷинаи маънист ва ҳар касе, ки бо ин хазина ворид шуд, албатта, бе подош нахоҳад монд.

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More