Home Articles ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯКИ МОСТ

ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯКИ МОСТ

ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯКИ МОСТ
2024-07-25
548

 Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон

           Хизмати ҳарбї мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз обу тоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин мактаб ибтидо меёбад.

          Ҷавонон дар ҳама давру замон ҳимоятгари Ватан ва марзу буми он буданд ва барои ҳимояи ҳар як ваҷаб замини он мардонавор истодагарӣ намуда, хоки аҷдодиро аз ҳамлаи душманон дифоъ намудаанд.

       Амнияти Ватан яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки он ҳифзи шахсият, ҷомеа ва давлатро таъмин менамояд. Ватан бо таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат муқаддас мебошад, зеро Ватан далели асосии ҳастии миллат ҳисобида мешавад. Таърихи мулку мулкдории миллати тоҷик нишон медиҳад, ки дар ин Ватан шахсиятҳои бузурги дорои азму иродаи қавӣ кору пайкор намудаанд, ки барои ҳимояи марзу буми Ватани хеш ҷонфидоиҳо кардаанд.

       Ватанро азиз дониста ҳимоят кардан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он воҷиби имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як инсон мебошад.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ масъалаи ватану ватандӯстиро таҳлил ва баррасӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».

       Дар баробари тасдиқи ин воқеият, тазаккур додан ба маврид аст, ки дини мубини ислом ҳифз ва ҳимояи ватанро вазифаи ҷонии ҳар як фард мешуморад. Пайваста инсонро барои ҳифзи марзу буми ватан ташвиқ ва тарғиб намуда, ҳимоят кардани онро аз душман масъулияти азим донистааст.

          Худованд дар сураи Оли Имрон, ояти 200 мефармояд: 

      «Эй муъминон, сабр кунед, қадамҳоятонро устувор нигоҳ доред ва (ҳамеша дар ҳимояи марзу буми диёратон ҳимматбаландона) омода бошед, аз азобу ғазаби Худованд битарсед, то (бувад) ки (шумо) аз (ҷумлаи) растагорон ва наҷотёфтагон бигардед!».  

       Имом Муслим бо санадаш аз Абуҳурайра (р) ривоят кардааст, ки Пайғамбари Ислом (с) гуфтанд: «Муъмин ва мусулмони қавию шуҷоъ ва далеру ҷасур, дар назди Худованд аз муъмин ва мусулмони тарсончак ва танбалу заиф, беҳтару маҳбубтар аст…».

      Ҳамчунин имом Муслим аз Салмони Форсӣ ривоят кардааст, ки Пайғамбари Ислом (с) гуфтанд: «Як шабонарӯз ҳифз ва ҳимоят кардани марзу буми Ватан беҳтар аст аз як моҳ рӯзаи нафл гирифтан ва намози нафл хондан…» .

       Ва ҳамчунин имом Тирмизӣ аз Ибни Аббос (р) ривоят кардааст, ки Пайғамбари Ислом (с) гуфтанд: «Ду чашме аст, ки ҳаргиз дар рӯзи қиёмат оташи дӯзахро намебинанд:

1.Чашме, ки аз тарси азобу ғазаби Худо гиря мекунад.

2.Чашме, ки барои ҳифзу ҳимояи марзу буми ватан дар роҳи ризои Худо, посдорӣ ва нигоҳдорӣ намояд».

        Ва ҳамчунин имом Бухорӣ аз Саҳл ибни Саъд (р) ривоят кардааст, ки Пайғамбари Ислом (с) гуфтанд: «Як шабонарӯз ба хотири ба даст овардани ризои Худованд, диёру сарзамини худро ҳифз намуда, нигоҳ доштан ва дар муқобили шарру макри душманон пойдор ва устувор истода марзу буми Ватанро вафодорона ҳимоят карда, дифоъ намудан, аз дунё ва ҳарчӣ дар дохили он аст, беҳтар мебошад».   

       Дар охир гуфтан ба маврид аст, ки ҳифзи Ватани маҳбуб на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки қарзи имонӣ ва инсонии ҳар як сокин ва шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Pray time in Dushanbe

23.12.2024

More
Fajr06:03
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More