Home Articles ОХИРИН ВАСИЯТИ РАСУЛИ ХУДО (С)

ОХИРИН ВАСИЯТИ РАСУЛИ ХУДО (С)

ОХИРИН ВАСИЯТИ РАСУЛИ ХУДО (С)
2024-08-06
509

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳазрати Алӣ (р) мефармояд, ки баъди нозил шудани сураи «Наср» Расули Худо (с) бемор гардид. Рӯзи панҷшанбе аз хона берун ташриф овард, ки сари муборакашро бо рӯймол баста буд. Бо ин ҳол бар сари минбар баромад. Ранги рӯяш зард ва аз чашмони муборакаш ашк ҷорӣ буд. Расули Худо (с) ҳазрати Билол (р)-ро даъват намуда фармуданд, ки мардуми Мадинаро барои шунидани васияти Паёмбар (с) даъват кунад. Ҳазрати Билол дар шаҳр гашта, мардумро ба Масҷиди Набӣ даъват кард. Мардум дарвозаҳои худро боз гузошта, хурду калон ба масҷид омаданд. Ҳатто духтарони ҷавони парданишин низ барои шунидани охирин васияти Расули Худо (с) ҳозир шуданд. Расули Худо (с) таъкид менамуданд, ки мардум наздиктар биншинанд, то барои ҳама ҷой бирасад. Сипас он ҳазрат (с) баъд аз ҷамъ шудани аҳли Мадина аз ҷо бархоста, баъди ҳамди Худованд ва салавот бар паёмбарон алайҳимуссалом чунин гуфтанд:

 -Ман Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмуталлиб ибни Ҳошими Арабии Ҳарамии Маккӣ ҳастам, ки баъд аз ман дигар набие нест ва намеояд. Эй мардум, шумо бояд донед, ки бароям хабари сафар ба сӯи охират расидааст. Аз дунё рафтанам наздик аст. Нафси ман баҳри мулоқот бо Парвардигор хушнуд мегардад. Аз тарафи дигар бароям ғами уммат аст, ки баъди ман ҳоли онҳо чӣ мешуда бошад. Аллоҳума салим (Худоё ҳифзу солим нигоҳ дор!) Эй мардум, васияти маро хуб ва бо фикру андеша бишнавед. Онро хуб ҳифз (азёд) кунед ва ба ғоибонатон бирасонед, ки ин охирин васияти ман аст. Эй мардум, Худованди Таборак ва Таъоло дар китоби худ бароятон ҳалолу ҳаромро ошкор баён кардааст. Аз ин рӯ, ҳалолро ҳалол ва ҳаромро ҳаром бидонед (аз он худдорӣ намоед). Бар оёти муташобеҳ имони иҷмолӣ дошта бошед ва бар оёти маҳкам амал намоед. Аз амсол (масалу қиссаҳо)-и он ибрат ҳосил кунед. Сипас Расули Худо (с) сари мубораки худро ҷониби осмон баланд намуда фармуд: «Эй Аллоҳ, ман сухан (калом)-атро расонидаам».

«Эй мардум, аз хоҳишоти гумроҳкунанда ва бидъатҳо худдорӣ кунед, ки ин чизҳо аз Худои Таъоло ва ҷаннат дуру ба ҷаҳаннам қариб аст. Дар дин собитқадам бошед ва бар зиндагии иҷтимоӣ қоим гардед, ки ин ба Худованд ва ҷаннат қариб буда, аз дӯзах дур аст. Дар бораи дин ва амонатҳои худ аз Худои Таъоло битарсед (Яъне, амонатҳоро ба соҳибонашон бе хиёнат расонед). Дар бораи занҳои худ аз Худои Таъоло битарсед. Маҳри онҳоро пурра адо кунед. Бар онҳо зулм макунед, вагарна рӯзи қиёмат аз некии худ маҳрум мешавед.

Эй мардум, худ ва аҳлу аёли худро аз оташ наҷот диҳед. Барояшон илму адаб биёмӯзонед, ки онҳо назди шумо амонат ҳастанд. Эй мардум, аз ҳокимони худ итоат кунед. Аз онон нофармоӣ макунед. Агар ӯ як ғуломи ҳабашии ноқисулаъзо бошад ҳам, вайро гӯш кунед, касе аз ӯ итоат намуд, пас вай аз ман итоат кард. Касе ки аз ман итоат намуд, ӯ аз Аллоҳ Таъоло итоат намуд. Ва касе ки ӯ (ҳоким)-ро нофармонӣ кард, вай аз ман нофармонӣ кард. Ва касе ки нофармоии маро кард, ӯ нофармоии Аллоҳ Таъолоро кард. Дар муқобили ҳокимон бағоват (саркашӣ) макунед, ба онон ваъдахилофӣ макунед.

Эй мардум ба ҳофизони Қуръони Карим ҳам муҳаббат дошта бошед. Бо онҳо буғзу адоват макунед, бо онон ҳасад макунед, айбҷӯӣ макунед. Эй мардум, бар шумо пойбандии намозҳои панҷгона лозим аст, ки бо вузӯи комил адо кунед. Рукуъ ва саҷдаҳоро пурра риоя намоед. Эй мардум, закоти амволи худро адо намоед. Касе ки закоти моли худро адо накард, намози вай бекору бефоида аст. Эй мардум Худованд шуморо (Рӯзи қиёмат) дар як майдони васеъ (Арасот) ҷамъ менамояд. Дар он рӯз на мол ва на авлод ба кор намеравад. Касе ки аз ширк ба Худо қалбаш пок бошад, ӯ наҷот меёбад.

Эй мардум забони худро нигоҳ доред, хоксор бошед, бадани худро ба ибодати Худо зилла кунед. Масоҷидро обод дошта бошед. Имони худро холис нигоҳ доред. Ба бародарони худ ҳамдардӣ намоед. Барои худ (аз амалҳои нек) тӯшае бифиристед. Шармгоҳи худро (аз ҳаром) нигоҳ доред. Аз амволи худ садақа диҳед, ба якдигар ҳасад набаред, ки ҳама некиатон барбод меравад. Ғайбати якдигарро макунед, ки ҳалок мешавед. Барои рӯзи фақру муҳтоҷиатон чизе захира кунед. Зулм макунед, ки Аллоҳ Таъоло барои золимон азоб медиҳад. Худованд бо Шумо ҳисоб мекунад. Шумо ҳатман ба сӯи Худованд бармегардед. Вай ҳеҷ гоҳ бар гуноҳи шумо розӣ намебошад.

Эй мардум, касе ки некие кунад, ба вай фоида мерасад. Касе ки чизе бадӣ кунад, бар вай вубол мебошад. Парвардигори шумо бар бандагони худ зулм намекунад. Аз он рӯзе битарсед, ки дар он шумо ба назди Худо ҳозир мешавед. Дар он рӯз барои ҳар кас аҷру подоши комили амали вай дода хоҳад шуд. Ба онон ҳеҷ навъ зулм намешавад. Эй мардум, ман назди Парвардигори худ рафтанӣ ҳастам. Ин хабар аз ҷониби Худованд бароям расидааст. Аз ин рӯ ман дину амонати шуморо ба Худои Таъоло месупорам. Салом бар шумо, эй ҷамоати ёронам! Ва бар тамоми уммати ман ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу».

Баъд аз он аз минбар поин шуд ва ба хона ташриф бурд ва пас аз ин дигар берун наёмад. Аллоҳума салли ало сайидино ва набийино Муҳаммадин ва ало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин. Яке аз нишонаҳои имондорӣ ин муҳаббат ба Худованд ва Расули ӯст. Яъне аввал мо бояд Худовандро, ки моро аҳли имон офарид дӯст дорем ва баъдан Паёмбаре, ки моро ба накӯиҳо даъват намуда, роҳҳои наҷоту ҷодаҳои саодатро омӯзонид ва аз бадию ҳалокат ҳушдорамон дод ва сабаби ҳидояти мо гардид, бояд аз ҳама бештар дӯсташ дорем. Маънои муҳаббат ба Расули Худо ин итоат ва пайравӣ кардан аз ӯст. Ҳар касе ки даъвои муҳаббати ӯро намуда, ба гуфтаю амалҳояш пайравӣ накунад, даъвояш дурӯғ аст. Аз ҷумлаи нишонаҳои дӯст доштани банда Худо ва Расулашро ин аст, ки ҳар киро Худо ва Расул дӯст доранд, ту ҳам дӯст дор. Худованд накӯкорон, муттақиён, тавбакорон ва поконро дӯст медорад. Нишона ва аломати дӯстӣ бо муъминон ин аст, ки ба онҳо ёрӣ диҳем, бо ҷону мол кӯмак намуда, дар ғаму андуҳашон шарик бошем. Барои мусулмон он чизеро бихоҳем, ки барои худ мехоҳем. Дар баробари онҳо вазифаи инсонии худ, монанди хабар гирифтани бемор, иштирок дар ҷаноза, меҳрубонӣ ба онҳо, дуо ва талаби омурзиш намудан дар ҳаққашон, салом додан, насиҳат кардан ва монанди онҳоро иҷро намоем. Ҳамчунин бояд дар муомила хиёнат накунем, моли бародари муъминро ба ботил (фиреб, найранг, зулм, зӯрӣ) нахӯрем. Дар ҳаққи бародари мусулмон ҷосусию айбҷӯӣ накунем, хабаркашӣ нанамоем, аз туҳмату фиреби онҳо даст кашем. Бояд бо ҳам накӯкору мададгор бошем ва ҳамеша ҳамдигарро ба корҳои нек тавсия ва насиҳат намоем.

Pray time in Dushanbe

22.11.2024

More
Fajr05:37
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:10
Isha18:40
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More