Home Articles КИТОБ МАНБАИ ДОНИШ АСТ

КИТОБ МАНБАИ ДОНИШ АСТ

КИТОБ МАНБАИ ДОНИШ АСТ
2024-08-15
575

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
 Фурғи субҳи доноӣ китоб аст.
                                                                                     Абдураҳмони Ҷомӣ

         Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фуpyғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иҷтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

        Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон, санъат марбут аст. Баъди зуҳури хат одамони ќадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Хулоса, бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои коғаз назми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Акнун ба ҷои сангу чӯб аз коғаз васеъ истифода мебаранд. Китоб асосан навиштаҷоти варақаҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Аввалин дастнависҳо, ки дар Мисри Қадим пайдо шудаанд, ба таърихи ҳазораи то мелод марбутанд.

          Асрҳои миёна дар Осиё санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфт. Асарҳои мутафаккирон Абурайҳони Берунӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ аз ҷониби хушнависон иншо гардида, насл ба насл гузаштанд. Хушбахтона, китобҳои сафолину сангӣ ва нақши рӯи чӯбҳо то замони мо расида, имрӯз зиннати осорхонаҳои мӯътабари ҷаҳонианд.

          Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ китоб дар бари мост. Ин андеша дар шеъри Ҷомӣ хеле мӯъҷаз ифода ёфтааст:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест.
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест,
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
 Сад poҳaтe ҳасту ҳаргиз озоре нест.

          Ќайд кардан ба маврид аст, ки замони салтанатии Сомониён барои рушду камолоти сухан ва анъанаии китобдори замимаҳои мусоид фароҳам овард. Дар Бухорои давраи Сомониён китобхонаи калони давлатӣ бо номи «Ганҷинаи ҳикмат» амал мекард. Хушбахтона, имрӯз дари Китобхонањои кишварамон ба рӯи ҳамаи ниёзмандон боз acт.

          Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маьнавии зиндагии paнгинpo наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яьне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

         Оре, «ганҷ магир – китоб гир» – мегуянд. Ганч агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣ хоҳад монд:

Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
 Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.

Хулосаи калом ин аст, ки агар ҳар яки мо фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба китобу китобдорӣ тарбия намоем, дар ин ҳолат фарзандони мо ба хондани китоб нафрат пайдо намекунанд, варақу саҳифаҳои онро бераҳмона намеканад, болои китоб хат намекашад ва дар оянда ба он арҷ мегузоранд. Андешаҳои беасосу ботиле мисли “хондагиҳо чӣ шуданд?...” низ дигар дар ҷомеаи мо роҳ намеёбанд. Яъне, китобро дӯст доштан, онро хондан пеш аз ҳама вазифаи калонсолон мебошад. Насли калонсол бо истифода аз таҷрибаи ғании рӯзгори хеш вазифадоранд ҳар як саҳифаи китобро муқаддас дониста, мавриди на танҳо мутолиа барои хеш, балки насли наврас қарор диҳанд.

 

Pray time in Dushanbe

22.11.2024

More
Fajr05:37
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:10
Isha18:40
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More