Home Articles ВАҲЙ ВА ҲАҚИҚАТИ ОН

ВАҲЙ ВА ҲАҚИҚАТИ ОН

ВАҲЙ ВА ҲАҚИҚАТИ ОН
2024-08-21
502

بسم الله الرحمن الرحیم

الحمد لله و کفی و سلام علی عباده الذین اصطفی

 

Чун Қуръони Карим ба сурати ваҳй бар Расули Худо ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шуд, лозим аст қабл аз ҳар чиз матолибе дар бораи он гуфта шавад.

НИЁЗИ ИНСОН БА ВАҲЙ

Худованди мутаъол инсонро дар ин ҷаҳон барои озмоиш офаридааст. Ҳамчунин вазифаҳое ба уҳдаи ӯ вогузор намуда ва тамоми коинотро ба хидмати ӯ гуморидааст. Аз ин рӯ, инсон пас аз вуруд ба ин ҷаҳон аз анҷоми ду амр ногузир мебошад:

Нахуст ин, ки аз ҷаҳон ва ашёву мавҷудоти офаридашуда дар он дуруст баҳрабардорӣ кунад.

Дуюм ин, ки баҳрабардорӣ аз падидаҳо ва мавҷудоти гуногуни олам бояд бо дар назар гирифтани аҳкоми Илоҳӣ ва дар роҳи ризои Ӯ бошад. Ҷиҳати огоҳӣ ва амали дақиқ ба ду амри боло инсон ба шинохт (илм) ниёз дорад, зеро то замоне, ки ҳақиқати коинот ва хосиятҳои ашёи гуногунро дарнаёбад ва надонад, ки ҳар чиз чи хосияте дорад, қодир ба баҳрабардории саҳеҳ аз онҳо нахоҳад буд.

Ҳамчунин, ҳангоме ки надонад хушнудии Худо ва набуди ризояташ дар анҷоми чӣ коре аст, зиндагӣ кардан мутобиқи ризои Ӯ барояш мумкин нахоҳад буд, зеро Худованди мутаъол ҳамзамон бо пайдоиши инсон се омили дигарро, ки василаи шинохти умур ёд шудаанд, низ офаридааст, ки иборатанд аз:

  1. ҳисҳои панҷгона,
  2. ақл,
  3. ваҳй.

Бисёре аз падидаҳо бо кумаки ҳисҳо мавриди шиносоӣ қарор мегиранд ва қисмате тавассути ақл ва шинохти умуре, ки тавассути ҳис ва ақл мумкин нагардад, ба ёрии ваҳй дар заминаи онҳо огоҳӣ ҳосил мегардад. Ҳар кадом аз абзорҳои шинохти боло маҳдудаи амали махсус ба худро дорад, ки наметавонад болотар аз он анҷоми вазифа намояд. Яъне, чизҳое, ки ба василаи ҳисҳо дарк мешаванд, наметавон онро танҳо аз роҳи ақл дарёфт намуд. Масалан, шумо бо дидани девор медонед, ки ранги он сафед аст. Агар бихоҳед чашмбаста танҳо бо ёрии ақл онро мушаххас кунед, имкон надорад.

Баръакси он низ дуруст аст. Яъне, умуре, ки тавассути ақл дарк ва истинбот мегарданд, наметавон онҳоро ба василаи ҳисҳо мавриди шиносоӣ қарор дод. Масалан, ин қонунро, ки “ҳар махлуқе дар ҷаҳон холиқе дорад”, наметавон ба кумаки ҳисси босира ё ломиса дарёфт. Балки барои расидан ба ин натиҷа ба ақл ниёзмандем. Дар натиҷа, то ҷое, ки ҳисҳо кор мекунанд, ақл ҳеҷ гуна дахолате наменамояд, балки кори ақл аз ҷое оғоз мегардад, ки ҳисҳо аз амал ба он оҷиз бошанд. Бо вуҷуди ин, доираи ҳидояти ақлро наметавон номаҳдуд донист, балки он низ маҳдудаи хосе дошта ва дар ҷое аз ҳаракат бозмемонад.

Дарки бисёре аз умур ва падидаҳои ҷаҳон аз ҳавзаи ҳис ва ақл хориҷ аст. Яъне баҳс дар бораи хушбахтӣ ва бадбахтии башар, ё анҷоми корҳое, ки мӯҷиби ризо ё норизоии Худо бошад, на ба кумаки ақл имкон дорад ва на тавассути ҳисҳо, балки танҳо василае, ки ба посухгӯии ин гуна суолҳо аз тарафи Худованд барои инсон муқаррар гардидааст, ваҳй номида мешавад. ва он ин аст, ки Худованди мутаъол баъзе аз бандагони худро ба паёмбарӣ интихоб карда ва каломи худро бар эшон нозил мефармоянд, ки он сухан ва каломро ваҳй мегӯянд. Пас, рӯшан гардид, ки ваҳй олитарин василаи шинохту огоҳӣ барои инсон аст. Зеро тавассути он ба суолҳои гуногуни инсон дар заминаҳои мухталиф, ки ба василаи ҳиссу ақл ҳал намегарданд ва донистани онҳо лозимӣ аст, посух дода мешавад ва ин масъала низ рӯшан гардид, ки барои ҳидояти инсон ва тамомии падидаҳои низоми ҳастӣ ваҳй як воқеияти парҳезнопазир аст, зеро ҳис ва ақл барои нишон додани шинохт ба инсон лозим, вале кофӣ намебошад. Усулан лузуми ваҳй замоне эҳсос мешавад, ки ақл аз шинохти падидаҳо оҷиз буда, аз кор бозмонад, ҳамонгуна ки дарёфти ранги чизе кори ақл нест, балки кори ҳис аст.

Арза кардани огоҳӣ дар бисёре аз ақидаҳои динӣ ҳам ба ҷои ақл вазифаи ваҳй мебошад. Бинобар ин, бо афроде, ки (паноҳ бар Худо) мункири вуҷуди Худо ҳастанд, баҳс дар бораи ваҳй бенатиҷа мебошад, аммо барои касоне, ки ба вуҷуд ва қудрати мутлақи Худо имон доранд, лузуми ақлии ваҳй ва дарки имкони вуҷуди ҳақиқии он чандон мушкил нахоҳад буд.

Агар инсон имон дошта бошад, ки ин коинотро як қодири мутлақ офаридааст ва ҳам Ўст, ки ин низоми ба ҳам алоқаманд ва боазамати низоми ҳастиро бо ҳикмати хоси Худ мегардонад ва низ инсонро барои ҳадафи хосе офарида ва ба ин ҷаҳон фиристодааст, ҳаргиз бовар нахоҳад кард, ки ӯро баъд аз офариниш дар торикии комил раҳо сохта ва ба ӯ хотирнишон насозад, ки ҳадаф аз омадани вай ба ин ҷаҳон чист? Ва чи вазифаҳое ба ӯ супурда шуда ва сарманзили мақсудаш куҷост ва чи гуна метавонад фалсафаи ҳаёташро дарёбад? Ба унвони мисол, оё мумкин аст як шахси солим, ки ҳушу ҳиссиёташ дуруст кор мекунад, фардеро ба мусофирате равон кунад, вале мақсаду ҳадафи сафарро на ҳангоми ҳаракат ва на баъдан ба василаи паём барояш рӯшан нанамояд, ки барои анҷоми чи коре фиристода шуда ва дар тӯли сафар чи бояд бикунад? Мусалламан, на! Пас, вақте аз як инсони ноқиси ақл анҷоми чунин коре имкон надорад, чи гуна мумкин аст ба Офаридгори низоми ҳастӣ ва коиноти баҳайратоварандаи ақлҳо Хуршеду Моҳу Осмону Замин ва ҳама сайёраҳои дигар, ки бо ҳикмати хоси Ӯ ба вуҷуд омадаанд ва ба анҷоми вазифа машғуланд, чунин тасаввуре намуд ва ба гуфтаи Саъдӣ:

Абру боду маҳу хуршеду фалак дар коранд,

То ту ноне ба каф ориву ба ғафлат нахӯрӣ.

Бинобар ин, касоне, ки ба ҳикмати болиғаи Худованд имон доранд, ин воқеиятро низ мепазиранд, ки Ӯ бандагони худро дар торикиҳо раҳо насохта, балки барои ҳидояти онон қонунҳо ва қоидаҳое тадвин ва ба сӯяшон фиристодааст, ки онҳоро ваҳй ва рисолат меноманд.

Бинобар ин, рӯшан шуд, ки ваҳй танҳо як эътиқоди динӣ нест, балки як зарурати ақлии инкорнопазир мебошад, ки напазируфтани он дар ҳақиқат инкори ҳикмати комили Илоҳӣ аст.

Pray time in Dushanbe

22.12.2024

More
Fajr06:02
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:12
Isha18:42
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More