Home Articles ТАЛАБИ РИЗҚИ ҲАЛОЛ ИБОДАТ АСТ

ТАЛАБИ РИЗҚИ ҲАЛОЛ ИБОДАТ АСТ

ТАЛАБИ РИЗҚИ ҲАЛОЛ ИБОДАТ АСТ
2025-02-01
89

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду ситоиши беадад Худованди ягонаро сазовор аст ва дуруду саломи бениҳоят ба Расули акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Саъйу талош кардан баҳри ободонии Ватан ва зиндагии саодатмандона барои ҳар фарди мусулмон ҳатмӣ ва зарур аст. Чунки дунё киштзоре барои ҷаҳони охират аст ва ҳамон тавре ки маълум аст, кишоварз ҳамеша мекўшад, то киштзораш обод бошад, дар нигоҳубини он аз тамоми васоил ва имкониятҳо истифода мебарад, то ки офату ва зараре ба он нарасад. Ҳадафи мусулмон аз кору пайкораш дар ин дунё сер доштани бадани хеш аз рўзии ҳалол, боздоштани он аз луқмаи ҳаром, эҳсону некӣ кардан ба афроди ҷомеа ва ободии замин аст.

Худованди ҳаким дар Қуръони карим бандагонашро ба талаби ризқи покиза ва меҳнати ҳалол таблиғ намуда, аз бандагон мехоҳад, то онҳо мардумфиребӣ, дуздӣ, ҳилаву найранг накунанд, балки мисли фиристодагони Худо бо дастранҷи худ зиндагӣ намоянд. Абўҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳамоно агар яке аз шумо бар пуштаи ҳезуме ҳамл кунад, барояш беҳтар аст аз ин, ки аз касе қасди талабидан кунад, ки ба вай бидиҳад ва ё аз ў манъ кунад».

 Ҳама паёмбарони Худо, ки барои умматони хеш намунаи ибрат буданд, бо меҳнати ҳалол ризқи худро ба даст меоварданд. Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Довуд (а) ҷуз аз дастранҷи худ чизе намехўрд».

Абўҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Закариё (а) наҷҷор (дуредгар) буд».

Миқдод ибни Маъдикарб (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳеҷ кас таъомеро нахўрда, ки беҳтар аз дастранҷи худи ў бошад ва Паёмбари Худо Довуд алайҳиссалом аз дастранҷи худ мехўрд».

Як рўз марде назди Пайғамбар (с) омада аз ў дархости пул кард. Он Ҳазрат (с) фармуданд: «Оё дар хона чизе дорӣ?» Мард гуфт: «Оре, палосе дорам, ки қисмате аз онро ба тан карда, қисматеро паҳн мекунам ва пиёлае, ки дар он об менўшам». Расули Худо (с) фармуданд: «Онҳоро назди ман биёвар!» Мард рафт ва он ашёро овард. Пайғамбар (с) фармуданд: «Кӣ ин ашёро мехарад?» Марде посух дод: «Ман онҳоро ба як дирҳам мехарам». Он Ҳазрат (с) фармуданд: «Касе ҳаст, ки бештар аз як дирҳам барои онҳо бипардозад?» Ин суханро ду ё се бор такрор намуд. Марди дигаре гуфт: «Онҳоро ба ду дирҳам мехарам». Расули Худо (с) онҳоро ба он мард доданд ва ду дирҳамро гирифта ба марди фақир доду фармуданд: «Бо яке барои хонаводаат ғизое бихар ва бо дигаре тешае харида, бо он назди ман баргард». Он мард тешае харида, назди Пайғамбар (с) баргашт. Он Ҳазрат (с) даст бар пушти ў ниҳоду фармуданд: «Бираву ҳезум ҷамъ намо ва онро бифурўш ва то понздаҳ рўз туро набинам». Он мард рафт ва ба ҷамъ кардани ҳезум ва фурўхтани он машғул шуд. Пас аз он ки даҳ дирҳам гирд оварда, либосу ғизо харид, ба назди Пайғамбар (с) баргашт. Он Ҳазрат (с) фармуданд:

 «Ин барои ту беҳтар аз он аст, ки гадоӣ бар чеҳраат нишоне дар рўзи қиёмат бигузорад. Дархости кумак ва суол ба ҷуз дар се маврид ҷоиз нест: Барои касе, ки дучори фақри шадид бошад ё соҳиби қарзи бисёр ва ё касе, ки хунбаҳо дар зиммааш бошад». (Ривояти Абўдовуд).

Чунончи маълум аст, дини Ислом дини кору амал ва саъйу кўшиш аст, кору талош барои ҳам дунё ва ҳам охират. Худованди Мутаъол мефармояд:

 «Ва дар он чи Худо ба ту ато кардааст, (салоҳи) сарои охиратро биҷўй ва аз дунё ҳиссаи худро фаромўш макун». («Қасас»; 77).

Дар ин оят Худованд бандагонашро хотиррасон мекунад, ки неъматҳо ва зарфиятҳову истеъдодҳои ҷисмию равонии ба онҳо атокардаи ўро истифода намуда, ҷаҳони охираташонро обод созанд ва ҳамзамон барои ободонии дунё саъйу талоши худро дареғ надоранд. Дар ояти дигаре Худованди Мутаъол мефармояд:

 «Ў Он аст, ки заминро барои шумо ром сохт, то дар рўи он роҳ равед ва аз ризқи Худо бихўред. Ва барангехтан ба сўи Ўст». («Мулк»; 15).

Агар ба зиндагонии пайғамбарони илоҳӣ назар андозем, мебинем, ки ҳамаи онҳо касбе доштанд ва ба василаи ин амали дасташон ҷомеаро обод мекарданд. Ҳазрати Одам (а) ба кишоварзӣ, Ҳазрати Нўҳ (а) ба дуредгарӣ, Ҳазрати Идрис (а) ба дўзандагӣ,  Ҳазрати Мўсо (а) ба чўпонӣ, Ҳазрати Довуд (а) ба зиреҳсозӣ, Ҳазрати Сулаймон (а) ба сабадбофӣ ва Ҳазрати Пайғамбар (а) ба чўпонӣ ва тиҷорат машғул буданд. Расули Худо (с) дар бисёре аз корҳо бо саҳобагон ширкат меварзид ва кору пайкор мекард.

Рўзе саҳобагон дар ҳузури Пайғамбар (с) нишаста буданд, марди танумандеро диданд, ки бо шитоб меравад ва дар кораш ҷаҳду кўшиш мекунад. Асҳоб аз шўру нишоти он мард ба тааҷҷуб афтода гуфтанд: «Ё Расулаллоҳ, эй кош ин ҳолро дар роҳи Худо медошт». Пайғамбар (с) фармуданд:

 «Агар барои ба даст овардани рўзӣ барои фарзандони хурдсолаш баромада бошад, пас дар роҳи Худост, агар барои падару модари пираш баромада бошад, низ дар роҳи Худост, агар берун омаданаш барои он бошад, ки худро аз гадоӣ кардан ҳифз намояд, пас дар роҳи Худост, вале агар ба хотири риё ва фахрфурўшӣ баромада бошад, пас дар роҳи Шайтон қарор дорад». (Ривояти Табаронӣ).

Шоире фармудааст:

Қадри ту аз кўшишу корат барояд бар фароз,

Шаб нахобад он ки майлаш сўи боло рафтан аст.

Орзуи қадри воло бе талошу ранҷи даст,

Сарфи умри хеш андар хаёли воҳӣ аст.

Абдуллоҳ ибни Умар (р) мегўяд: «Барои дунёят чунон кор кун, ки гўё ба таври ҳамеша зинда ҳастӣ ва барои охиратат чунон кор кун, ки гўё фардо мемирӣ».

Худованди мутаъол бандагони худро дар баробари адои маросими ибодот ба кору пайкор дар умури зиндагӣ дастур дода, мефармояд:

 «Ва чун намоз тамом карда шавад, дар замин пароканда шавед ва аз фазли Худо талаб кунед ва Худоро бисёр ёд кунед, то бошад ки растагор шавед». («Ҷумъа»; 10).

Фарди мусулмон дар ҳар шароите, ки бошад, аз кору амал ва ободсозию созандагӣ набояд даст кашад, зеро Расули Худо (с) мефармоянд: «Талаби ризқи ҳалол фарз аст" (Байҳақӣ). Инчунин Расули Худо (с) беҳтарин луқма он луқмаро шумурдааст, ки шахс аз касби ҳалол бихӯрад. Он ҳазрат (с) ба мо таьлим медиҳанд, ки инсон бояд ризқи худро худаш заҳмат кашида биёбад. Ислом  бекор гаштан ва талбандагӣ намуданро ноҷоиз мешуморад. Аз ин рӯ барои дарёфти ризқу рӯзии ҳалол бояд саъйу талош намуд.

Рӯзӣ ба нишастан насиби кас намешавад,

Бояд чу осиё зи паи обу дона рафт.

Pray time in Dushanbe

05.02.2025

More
Fajr05:52
Zuhr12:40
Asr15:58
Maghrib17:57
Isha19:27
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More