ИСЛОМ МУқОБИЛИ НАШЪАМАНДӢ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Ислом динест, ки инсонро роҳи ростро нишон медиҳад ва аз зулму торикӣ башариятро наҷот медиҳад.
Ва таъминкунандаи ҳадафи ҳаёти инсоният мебошад, ки шомили ақлу маърифат ва истиқлоли фикрист ва ҳар инсонеро огоҳ ба вазифаҳо ва мақому шахсияти худаш менамояд. Ақл ва маърифат ба инсон имкон медиҳад, то қудрати Худовандро дар офаридани коинот ва ҳикмати табиат бишиносад.
ҳифзи ҳаёти инсон, ғамхорӣ оиди солимии ў яке аз усулҳои мабдаии Ислом буда, дар тўли таърихи худ пайваста ва беғаразона ба муқобили нашъамандӣ ва ин бадиро яке аз хавфноктарин падидаи тамаддуни инсонӣ меҳисобад.
Рў ба афзоиш доштани шумораи нашъамандон ва махсусан ба оқибатҳои хавфнок гирифтор шудани ҷавонон, ки дигар бе кўмак аз ин варта раҳоӣ ёфта наметавонанд, ба яке аз мушкилтарин мушкилоте табдил меёбад, ки ба насли инсоният таҳдид намуда, хусусияти оламӣ касб намуда истодааст.
Роҳи ягонаи ҳалли масъала тақвият бахшидан ба равобити оилавӣ мебошад.
Эъломияи ҳуқуқи инсон дар Ислом, ки соли 1990 дар қоҳира қабул гардидааст, бори дигар таъкид менамояд, ки ҳаёт бахшиш ва атоест аз ҷониби Парвардигор ва ҳуқуқ ба он ба ҳар як инсон кафолат дода шуда, ҳифзи ҳаёти барои одам муайянгардида масъулияте мебошад, ки онро шариат таъйин кардааст.
Ислом ҳама гуна ашёе, ки хавфнок буда, ба солимии инсон зарар оварда, ўро ба ҳолати мастӣ ва заҳролудшавӣ оварда мерасонад, шадидан манъ менамояд ва Худованди мутаъол дар ин оят мефармояд:
«Хештанро макушед, ҳароина Худо ба шумо меҳрубон аст» (Сураи “Нисо”, ояти 29).
Дар ҳадиси саҳеҳе низ ба шакли возеҳ гуфта шудааст:
«ҳар чизи нашъаовар хамр аст ва ҳар нашъаовар ҳаром аст» (Сиҳоҳи ситта).
Тибқи ақидаи ягонаи уламои исломӣ ба зумраи «Хамр» ҳама чизи мастиовар, беҳушкунанда ва зараровар дохил мешавад. ҳама шаклҳои нашъа, ва ҳама чизе, ки ба мастӣ оварда, ба заҳролудшавӣ ва беҳушӣ мерасонад, дохил мешаванд. Суханҳои яке аз саҳобаҳои наздиктарини Паёмбар (с) ҳазрати Умар (р) дар ин маврид хеле машҳур мебошанд:
«Хамр – чизест, ки ақлро тира месозад.»
Дар ҳадиси дигаре оварда шудааст:
«ҳар чизи тиракунандаи ақл хамр аст ва ҳар хамре ҳаром аст».
Худованди бузург он чизҳоеро, ки ба инкишофу пешрафти ақлии инсон зарар мерасонад, комилан манъ намудааст.
«Сусткунанда» (бо забони арабӣ «муфаттир») чизест, ки ба ҷисми инсон таъсир расонида, сабаби сустӣ, беҳушӣ ва кундшавии эҳсосот мегардад.
Инсоне, ки ба нашъамандӣ оғоз кардааст, худро ба марг ҳукм менамояд, дидаву дониста ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузорад ва рўзи қиёмат барои гуноҳони содиркардааш ба муҷозот кашида мешавад.
Калимаи «Хамр» дар ин ҳадисҳо ҳама гуна ашёи беҳушкунанда дар ҳар шакли мавҷудият: моеъ, сахт ва ё газ фаҳмида мешавад. Дар байни маводи мухаддир нашъа аз ҳама бештар ба солимӣ ва ақли инсон зараровартар мебошад. Одамон ба онҳо ҳар номеро, ки раво набинанд, ҳамаи онҳо «Хамр» буда, истеъмоли онҳо манъ мебошад.
Онҳо ҳамчунин ба гурўҳҳои манънамудаи ислом - «хабоис» ва «музарр» (зараровар) дохил мешаванд.
Дар қуръони карим гуфта мешавад:
«Эй мўъминон, харҷ кунед аз покизаҳо он чи шумо пайдо кардед ва аз покизаҳо он чи берун овардем барои шумо аз замин …».(Сураи “Бақара”, ояти 267)
Дар ин маврид Паёмбари акрам (с) чунин гуфтаанд:
«На ба худ ва на ба дигарон зарар расонидан (аз Ислом нест)».
ҳашиш аз хамр дида зараровартар аст, зеро он ақл ва ахлоқи одамро вайрон мекунад ва мардро ба маймун монанд месозад, истеъмоли он ба гунаҳкорӣ ва бетартибӣ оварда мерасонад. ҳикматҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои Паёмбар (с) инсонро ба тафаккур кардан водошта, арзишҳоеанд, ки мо бояд ба онҳо пайравӣ намоем. Тадқиқотҳои олимон нишон додаанд, ки шахсе дар синни 18-солагӣ бардавом даст ба нашъамандӣ занад, умри кўтоҳ мебинад.
Зарарҳои маводи мухаддир
Маводи мухаддир зарарҳои зиёде барои фард ва иҷтимоъ доранд. ҳеҷ кас, ҳарчанд қудрати нависандагӣ, сафои зеҳн, вусати фикр ва қалб дошта бошад ҳам, наметавонад онҳоро бишморад. Мо якчанд зарарҳои маводи мухаддирро дар зер меорем:
- зарарҳои динӣ;
- зарарҳои беҳдоштӣ (гигиенӣ);
- зарарҳои иҷтимоӣ;
- зарарҳои иқтисодӣ;
- зарарҳои амниятӣ;
Зарарҳои динии маводи мухаддир
Маводи мухаддир аз чанд ҷиҳат барои дин зарар дорад: вақтро зоеъ ва ақлро аз байн мебарад.
Мусаллам аст, ки баъзе аз анвои маводи мухаддир истеъмолкунандаро соатҳои тўлонӣ ё чанд рўз чунон таҳти таъсир қарор медиҳад, ки тавваҷҷўҳе ба ҳеҷ чиз надорад.
Шайтон алайҳи инсон гоҳе аз роҳи маъсият, гоҳе аз роҳи ғулув дар тоат, замоне аз роҳи хунрезӣ ва куштор ва гоҳе аз роҳи истеъмоли маводи мухаддир истифода мебарад.
Ислом гаронтарин неъматест, ки ба банда ато карда шудааст. Бинобар ин, ҳар гоҳ мусулмон онро ҳифз ва аз он нигоҳдорӣ кунад, аз гумроҳӣ ва иғвои шайтон дар амн қарор мегирад, вале агар кутоҳӣ намуда, онро зоеъ кунад, луқмаи хушгуворе барои шайтон қарор хоҳад гирифт. Ончунон, ки ба дастури ў роҳ меравад ва васвос ва машварати ўро мепазирад ва дар ин сурат иртиботаш бо Худо заъиф гашта ва роҳи истеъмоли маводи мухаддир ва ғайраро тай мекунад. ҳар касе, ки дар доми маводи мухаддир афтод, иқдом намудан ба ҳар ҷурму ҷиноят аз қабили қатлу дуздӣ ва ғайра осон мешавад.
Ислом ин роҳу равишро барои инсон намеписандад. Зеро ин роҳи манфист ва касе, ки ин роҳро тай мекунад, узве шал ва бекор дар ҷомеа аст, балки чун хиште фосид барои сохтмони иҷтимоъ аст. Ва ҳамон гуна, ки даррандае, ҳайвони солимро мубтало ва гургӣ мекунад, шахси фосиқ низ шахси солимро фосид мекунад.
Бидуни шак ва тардид асароти маводи мухаддир нисбат ба дин хеле хатарнок аст. Чӣ зараре хатарноктар аз ин аст, ки касе ақл, шарафу ахлоқро аз даст бидиҳад.
Зарарҳои беҳдоштии маводи мухаддир
Дар баёни зарарҳои беҳдоштии маводи мухаддир Худованд бар башар эҳсон намуда ва ўро неъмати сиҳат ва саломатӣ дода ва ўро муваззаф карда, то худро аз ашёи зараровар ҳифз намояд. Чунонки Худо мефармояд:
«Ва худро ба таҳлука наяндозед» (Сураи Бақара, ояти 195).
Ва Расули Худо (с) фармудаанд:
«Ду неъмат ба гунае аст, ки бештари мардум ба онҳо фиреб хўрдаанд, яке сиҳат ва саломатист ва дуввум фароғат» (Саҳеҳи Бухорӣ).
Маводи мухаддир нисбат ба нафси инсон аз ҳар чизи дигар бештар зарар дорад, зеро таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки истеъмоли маводи мухаддир сабаби падид омадани чунон амрози хатарноке аст, ки улуми пизишкӣ аз муолиҷаи бархе аз онҳо оҷиз ва монда шуда аст.
Баъзе аз пажўҳишгарон зиёнҳои беҳдоштии маводи мухаддирро ба шарҳи зер хулоса кардаанд:
- лоғарӣ;
- илтиҳоби шабакияи чашм;
- офоти аъзои бадан;
- падид омадани ларза ва маҳаррук дар бадан;
- зард шудани пардаи мултаҳимаи чашм, ки натиҷаи сўзиши ҷигар аст;
- фурўрафтагии ҳалқаи чашм бар асари истеъмоли маводи мухаддир;
- падид омадани садо дар гўшҳо ба сабаби истеъмолӣ доруҳои хобовар;
- фосид шудани дандонҳо, ки гоҳе сабаби аз байн рафтани тамоми онҳо мешавад;
- суст шудани кори гурдаҳо;
- оҷиз шудани мард аз амали ҷинсӣ ва санҷом ақим шудани он;
Зарарҳои иҷтимоии маводи мухаддир
Зарарҳои иҷтимоии маводи мухаддир хатарноктарин, бештарин ва возеҳтарин зарарҳо маҳсуб меёбанд. Зеро инҳо домонгири фард, хонавода ва ҷомеа мебошанд.
ҳар гоҳ дар ҷомеа ин амал зиёд шавад, беморон зиёд мешаванд. Заъфу сустӣ дар ҷомеа падид меояд ва ҷомеа наметавонад аз ў дифоъ кунад. Истеъмоли маводи мухаддир ба василаи фарде аз афроди як хонавода сабаб қарор мегирад, ки бақияи афрод ба сўи ин вабои хонумонсўз кашонда шаванд, ба хусус, дар мавриде, ки дар хонавода истеъмолкунанда падар бошад, зеро фарзандон ба ў тақлид карда, бар ахлоқи ў рушд мекунанд. Чунонки Расули Худо (с) фармудаанд:
«ҳар навзод бар дини фитрӣ ба дунё меояд, боз падар ва модараш ҳастанд, ки ўро яҳудӣ ё насронӣ ё маҷусӣ мекунанд» (Саҳеҳи Бухорӣ )
Зарарҳои иқтисодии маводи мухаддир
Мол раги ҳаёт аст. Нерўмандӣ ва манзалати ҳар давлате аз вазъи иқтисодияш андозагирӣ мешавад. Маводи мухаддир хатарноктарин роҳи пай овардани вазъи иқтисодии ҳар кишвар ва ҳар давлате аст. ҳарчанд қувваи иқтисодии ў дар вазъи хубе бошад. Зарарҳои иқтисодии маводи мухаддирро метавон дар умури зайл хулоса намуд:
1. Шарик сохтани ҳар фарде дар тавлид, дар гаравӣ нерўи бадании ў. ҳар гоҳ фард ба эътибори ҷинси солим ва аз назари зеҳн ва фикр бедор ва ҳушёр бошад, дар масири иқтисодии ҷомеа зербинои хубе қарор мегирад ва баръакс, ҳар андоза фард заъифулҷисм ва кўтоҳфикр бошад, барои иҷтимоъ асоси номуносибе қарор мегирад.
2. Муолиҷаи ин беморон дар бемористонҳои ҷисмӣ ва равонӣ, ин худ хоҳони пизишкон ва мутахассисон ва парасторони бисёре аст, ки ин ҳама ҳазинаи сангине бар дўши давлат мебошад.
3. қоҷоқи маводи мухаддир ва тавзеъи он ниёзманди маъмурони бештаре дар дастгоҳҳои контролкунанда аст ва ин яке аз асбоби аслии заъфи иқтисоди кишвар аст.
4. Дар ҳар ҷомеъае, ки истеъмоли маводи мухаддир зиёд бошад, танбалӣ ва бекорӣ дар он густариш меёбад.
Зарарҳои амниятии маводи мухаддир
Агар мо аз анҷом додани он ҳаромҳо ва муҳарромоте, ки Худои таъоло дар қуръони карим ба мо хабар дода, худдорӣ накунем аз дунболи он мо балоҳоеро интизор мешавем, ки дар қуръони карим, ҳадис ва ривоятҳо, саргузашти анбиёву авлиё омадааст.
Аз ҷумлаи касоне, ки маводи мухаддиро мулҳақ ба хамр медонанд, метавон афроди зерро ном бурд:
- ҳофиз ибни ҳаҷари Асқалонӣ дар китоби «Фатҳу-л-Борӣ»;
- Имом Нававӣ дар китоби «Алмаҷмўъ»;
- Аллома Мануфи Моликӣ дар китоби «Таҳзибу-л-фуруқ»;
Инчунин Аллома Ибни Обидин дар китоби «Радду-л-мухтор» аз ин оятҳои қуръони карим истидлол кардаанд:
- Сураи Моида, ояти 91;
- Сураи ҳиҷр, ояти 15;
- Сураи Аъроф, ояти 157;
- Сураи Бақара, ояти 219;
- Сураи Нисо, ояти 43;
- Сураи Бақара, ояти 195;
- Сураи Нисо, ояти 29.
Омилҳое, ки дар баъзе хонаводаҳо зоҳир ёфта истодааст:
- ихтилоф ва низои зану шавҳар;
- талоқ ва аворизи вайронгари он;
- вақти фароғати кўдакон ва навҷавонон ва истифодаи номатлуб аз он;
- дўстони бад ва мусоҳибаҳои гумроҳкунанда;
- бархўрди номуносиби волидайн бо фарзанд;
- дидани филмҳои дорои хусусиятҳои ҷиноӣ ва шаҳвонӣ;
- бекорӣ дар ҷомеа;
- бетаваҷҷўҳии волидайн дар тарбияти фарзанд.
Баъд аз мутолиаи ин мавод ҳар нафар метавонад худ дарк кунад, ки дини Ислом қотеона истеъмоли маводи мухаддирро манъ намуда, нашъамандонро маҳкум мекунад. Нашъаманд аз раҳмати Худо маҳрум буда, дар дунё ва охират мавриди иқоб қарор дода мешавад, зеро истифодаи маводи нашъадор натанҳо ба худи нашъаманд зарар дорад, балки нашъа сабаби вайрон шудани оилаҳо, ятим мондани кўдакон, қатлу ғорат, паст рафтани маърифати ахлоқӣ ва садҳо дигар бадиву бадбахтиҳост.
Аз ин рў, моро зарур аст, ки нисбати ин амал бетараф набошем, фарзандонро дар руҳияи солим тарбия намоем ва ҳар як фарди ҷомеа бояд кўшиш ба харҷ диҳад, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, ободонии ватани азиз саҳмгузор бошад.
More articles
Speeches by the President
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More


