Home Articles Номи бузургони миллатро бузургони миллат зинда медоранд!

Номи бузургони миллатро бузургони миллат зинда медоранд!

Номи бузургони миллатро бузургони миллат зинда медоранд!
2026-06-17
18

   Дар таърихи инсоният барои ҳар миллат рӯзҳое ҳастанд, ки ҳаргиз фаромӯш намегарданд ва мардум он рӯзҳоро таърихӣ номида, ба дастандаркорони маросими тантанавии он рӯзҳо, таҳсину офарини зиёд мегӯянд.

          Яке аз ин рӯзҳо 19-уми Май аст, ки бо фармони Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон капсулаҳои хоки се қаҳрамони Тоҷикистон- Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Маскаваи Федератсияи Рӯсия оварда, дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дафн карда шуданд.

         Қобили зикр аст, ки Нусратуллоҳ Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар солҳои 1920-1930 бо иродаи қавӣ ва ҷасорати пурра, худро барои хештаншиносии миллат сипар карда, аз ҳуқуқи он дифоъ намуданд ва Нисор Муҳамад бошад дар ташаккули асосу зинаҳои маорифпарварии давлату миллат саҳми басо арзандае гузошт,  аммо мутаасифона, онҳо қурбони як давраи фоҷеъабори таърих шуданд.

         Миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолии давлати худ чунин рӯйдодҳои фоҷеъабори таърихиро дар назар гирифта, ҷиҳати барқарор намудани робитаи байни замонҳо, хотираи шахсонеро ки барои  ҳастии миллат ва арзишҳои он ҷонфидоӣ намуданд, нигаҳ дошта истодааст. Бинобар ин, соли 2006 бо фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Нусратуллоҳ Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур унвони олии "Қаҳрамони Тоҷикистон" дода шуд.

         Инчунин Пешвои Миллат аз рӯи эҳтиром ба миллати куҳанбунёди тоҷик ва фарзандони фидоии он барои қабули капсулаҳои ин се чеҳраҳои мондагори миллат ба фурӯдгоҳи пойтахти кишварамон омада, пеши онҳо сари таъзим фуруд овард ва онҳоро бо тамоми расму оини милливу динӣ ба хоки Ватан супорид.

          Ин иқдоми инсондӯстонаи Пешвои Миллат, баёнгари он аст, ки хидмат ба Ватан ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷонсупорандагони миллат ҳамеша зинда мемонанд.

Pray time in Dushanbe

17.06.2026

More
Fajr03:23
Zuhr12:40
Asr17:55
Maghrib20:01
Isha21:31
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More