Фарзанди нек - меваи босамари волидайн!

Фарзанди нек - меваи босамари волидайн!
Аҳаммияти таълиму тарбияи фарзанд дар дини мубини Ислом мақоми хос дошта, аз нахустин рӯзҳои аввали таваллуди фарзанд падару модарро ба тарбияи ӯ водор менамояд. Ин тарбият бо анҷом додани амалҳои хос дар марҳалаҳои гуногун сурат гирифта, бо дуруст ба роҳ мондани онҳо сабаби рушду нумӯи фарзанди солеҳ мегардад. Риояи ин тадбирҳо аз ҷониби волидайн боиси он мегардад, ки фарзанд дар оянда чун фарди дорои ахлоқи ҳамида ва шахсияти масъулиятшинос ба камол расида, ҳамчунин заминаи тараққӣ ва пешрафти ҷомеа хоҳад шуд. Тарбияи фарзанд монанди парвариши ниҳол аст, ки боғбон бо ранҷи фаровону пайдарпай онро ба воя мерасонад, то ҳамагон аз соя ва самараи он истифода намоянд. Агар волидайн дар тарбияи фарзанди хеш саҳлангорӣ намуда ҷаҳду талош ба харҷ надиҳанд, натанҳо аз чашидани самараи он дар оянда маҳрум мегарданд, балки ба чандин мушкилот ва оқибатҳои ногувор гирифтор мешаванд. Бинобар ин, бар волидайн зарур аст, ки пеш аз таваллуди фарзанд барои ин амри муҳим омода шаванд, то ин амонати илоҳиро ба хубӣ ба ҷой оваранд.
Беҳтарин насиҳат барои фарзандон насиҳатҳои Луқмони Ҳаким (р) аст, чунки ин насиҳатҳо ба Худо писанд омада ва онро дар Қуръони карим зикр кардааст. Бархе аз онҳоро дар ин ҷо меоварем. Худованд мефармояд:
وَإِذْ قَالَ لُقْمَانُ لِابْنِهِ وَهُوَ يَعِظُهُ يَا بُنَيَّ لَا تُشْرِكْ بِاللَّهِ ۖ إِنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيمٌ [٣١:١٣]
«Ва (ёдовар шав) он гоҳ, ки Луқмон ба писараш гуфт ва ӯро панд медод, ки эй писараки ман, ба Худо ширк маёвар, ҳаройина, ширк ситаме бузург аст». 13.
وَوَصَّيْنَا الْإِنسَانَ بِوَالِدَيْهِ حَمَلَتْهُ أُمُّهُ وَهْنًا عَلَىٰ وَهْنٍ وَفِصَالُهُ فِي عَامَيْنِ أَنِ اشْكُرْ لِي وَلِوَالِدَيْكَ إِلَيَّ الْمَصِيرُ [٣١:١٤]
«Ва одамиро нисбат ба падару модари вай ҳукм фармудем; модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар дар шикам бардоштааст; ва аз шир боз кардани ӯ дар ду сол аст; (ҳукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун. Бозгашт ба сӯи Ман аст». 14.
يَا بُنَيَّ إِنَّهَا إِن تَكُ مِثْقَالَ حَبَّةٍ مِّنْ خَرْدَلٍ فَتَكُن فِي صَخْرَةٍ أَوْ فِي السَّمَاوَاتِ أَوْ فِي الْأَرْضِ يَأْتِ بِهَا اللَّهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ لَطِيفٌ خَبِيرٌ [٣١:١٦]
«Эй писараки ман! Намоз бигузор ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар кун ва бар ҳар чӣ бар ту расад, сабр кун, ки ин албатта, аз корҳоест, ки бояд дар он азмро ҷазм кунӣ (субот варзӣ)». 17.
وَلَا تُصَعِّرْ خَدَّكَ لِلنَّاسِ وَلَا تَمْشِ فِي الْأَرْضِ مَرَحًا ۖ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخْتَالٍ فَخُورٍ [٣١:١٨]
«Ба такаббур аз мардум рӯй магардон ва худписандона бар замин роҳ марав, ҳаройина, Худо ҳеҷ мутакаббири фахрфурӯшеро дӯст намедорад». 18.
وَاقْصِدْ فِي مَشْيِكَ وَاغْضُضْ مِن صَوْتِكَ ۚ إِنَّ أَنكَرَ الْأَصْوَاتِ لَصَوْتُ الْحَمِيرِ [٣١:١٩]
«Дар рафторат роҳи миёнаро баргузин ва овозатро фуруд ор, (паст кун) зеро нохуштарини овозҳо овози харон аст». 19.
Имрӯз аз ҳар сӯ садои нофармонии фарзандон ба гӯш мерасад. Волидайн дар бораи нофармонии фарзандонашон шикоят мекунанд ва намедонанд, ки ин натиҷаи саҳлангории худи падарону модарон нисбати тарбияти фарзандон аст. Дар ин ҷо беҳтар аст, қиссаеро, ки дар замони ҳазрати Умар (р) рух дода буд, рӯйи коғаз биоварем.
«Марде бо ҳамроҳи писараш дар хидмати ҳазрати Умар (р) расида, чунин арз кард: «Эй амиралмуъминин, ин фарзандам фармони маро гӯш намекунад ва нисбат ба ман бетаваҷҷуҳиро раво медонад». Ҳазрати Умар (р) рӯ ба фарзанд карда фармуд: «Оё аз Худо наметарсї аз ин ки ҳаққи падаратро ба ҷо намеоварї, дар ҳоле ки ҳаққи падар чунин ва чунон аст». Фарзанд дар посух бо амиралмуъминин арз кард: «Эй амиралмуъминин, оё фарзанд бар волидайн ҳаққе дорад?». Ҳазрати Умар (р) фармуд: «Оре, ҳаққи фарзанд бар падар ин аст, ки бо зани бадкор издивоҷ накунад, то барои фарзандаш дар оянда боиси ору сарафкандагї нагардад, номи хубе барои фарзанд гузорад, ба фарзандаш Қуръон ва илми дин биомӯзад. Он писар гуфт: «Эй амиралмуъминин, ба Худо қасам падарам ҳеҷ кадоме аз ин корҳоро барои ман накардааст, модарам канизи як маҷӯусї буда, ки падарам бо вай издивоҷ кардааст, номи маро Ҷуъал (қунғузи сиёҳ) гузошта, ҳатто як калима аз Қуръон ба ман ёд надодааст». Ҳазрати Умар (р) ба ҷониби падар назаре андохта гуфт: «Омадї аз нофармонии писарат шикоят кунї, вале худ пеш аз он нофармонӣ кардӣ ва қабл аз он ки бо ту бадрафторӣ кунад, ту бо ӯ бархурди ношоиста доштаӣ».
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.
Матлаби дигар, ки дар ҳадис ишора шудааст, ин аст, ки барои ислоҳи фарзандон хуб дуо кунед ва бидонед, ки дуои шумо тири ба ҳадаф аст, зеро дар ҳадисе омадааст:
" دعاء الوالد لولده كدعاء النبي لأمته. "
«Дуои падар барои фарзанд чунон қабул мешавад, ки дуои Паёмбар барои умматаш». («Ҷомеъу-с-сағир», ҷ. 2, с. 15).
Дар аҳодиси дигар ишора шудааст, ки фарзанд ба синни ҳафтсолагӣ қадам гузошт, ба волидайн лозим мешавад. ки ӯро ба намоз водор кунанд ва чун ба синни даҳсолагӣ расид, ӯро ба хондани намоз танбеҳ ва муҷозот намоянд. Он Ҳазрат (с) мефармояд:
" مُرُوا أَوْلادَكُمْ بِالصَّلاةِ وَهُمْ أَبْنَاءُ سَبْعِ سِنِينَ وَاضْرِبُوهُمْ عَلَيْهَا وَهُمْ أَبْنَاءُ عَشْرٍ "
«Фарзандонатонро ба намоз дастур диҳед, вақте ки ба синни ҳафтсолагӣ бирасанд ва ононро дар сурати нахондани намоз танбеё намоед, вақте ки ба синни даҳсолагӣ бирасанд».
Дар ҳадиси дигар ин аст, ки падар бояд ба фарзандаш ахлоқи некӯ биомӯзад ва амалан ӯро ёд бидиҳад, чунки ҳеҷ падаре ба фарзандаш ҳадяи беҳтар аз адаби хуб надодааст.
Дар ҳадиси дигар Расули Худо (с) аз дашном додан манъ кардааст, дар ҳоле ки мо мусулмонон ба кӯдакони хурдсол фақат дашном ёд медиҳем. Расули Худо (с) фармудаанд:
" سباب المسلم فسوق وقتاله كفر "
«Дашном додан ба мусулмон фисқ ва қитол бо вай куфр аст».
Имоми Ғазолӣ (р) дар китоби «Эҳёу улуми-д-дин» тавсия мефармояд, ки ба кӯдак Қуръони маҷид ва аҳодиси Расули Акрам (с) ва достонҳои бузургон ва баъзе аз аҳкоми динӣ таълим дода шавад. Ибни Халдун ва Ибни Сино низ ба кӯдакон таълим додани Қуръонро тавсия намуда, онро сабаби устувор шудани пояҳои имон дар замири кӯдак карор додаанд. Волидайн ва мураббиён бояд саъй намоянд, ки рӯҳи тақворо дар дилу мағзи кӯдак тақвият намоянд ва он қадар аз сифоти илоҳї ва қудраташ назди кӯдак таъриф кунанд, то муҳаббати Худо ва азаматаш дар қалби кӯдак ҷой бигирад ва пояи зиндагиаш ба асоси тақво гузошта шавад.
Доктор Абдулҳай Орифӣ (р) мегӯяд: Ҷои басо таассуф аст, ки ба таълими динии фарзандон аз духтар ва писар таваҷҷуҳ намешавад ва ин як зулми бисёр бузург аст. Ман ба шумо тавсия мекунам, ки қабл аз ҳар чиз ба духтарон ва писаронатон Қуръон ёд бидихед. Аз ин тариқ нури худовандї дар дилҳои онҳо ҷойгузин мегардад ва ин нур чунон қавӣ ва мустаҳкам аст, ки аслан зоил намешавад ва аз байн намеравад. Аҳёнан агар онон ба фисқу гуноҳ мубтало шаванд, вале билохира нури Қуръон ғолиб хоҳад шуд. Бинобар ин, ба фарзандонатон тараҳҳум кунед, нахуст ба онҳо Қуръон омӯзиш диҳед, дар оянда ҳамин нур ҳаёву ғайрат ва обрӯи вайро хифозат мекунад. Лизо ман дубора шуморо тавсия мекунам, ки ҳатман ба фарзандонатон Қуръон ёд дихед, баъд аз Қуръон хар чизе хоҳед, ёд диҳед, аммо нахустин чиз бояд Қуръон бошад».
Ба ҳамин хотир баъди шиносонидани Худо ва Қуръони карим ба фарзанд илму маърифату ҳунарро омӯхтан воҷиб аст, то аз ҳама ҷиҳат болодасту комёб бошад. Дар ҳамин сурат волидайн дар тарбияи фарзанд комёб ва дар дунёву охират сарбаланд мегардад.
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More