Home Articles Таърихи пайдоиши Рамазон

Таърихи пайдоиши Рамазон

Таърихи пайдоиши Рамазон
2015-02-17
11215

Таърихи пайдоиши Рамазон

Хикмати машрӯияти рӯза ва фавоиди он

Дар мохи Шаъбони соли дувуми хиҳрӣ Худованд ба уммати исломӣ рӯзаи мохи Рамазонро фарз гардонид. Пайғамбари гиромии Ислом (с) пеш аз фарз гардидани Рамазон одат доштанд, ки се рӯз аз хар мох ва рӯзи Ошӯро рӯза мегирифтанд. Рӯзаи мохи Рамазон яке аз аркони умдаи дини мубини Ислом мебошад. Дар баёни хикмати машруъияти рӯза уламои мухаққиқ чунин назар доранд, ки Худованди хаким инсонро табиъатан чунин офаридааст, ки ӯ хамеша нафси худро дӯст дошта, хамеша барои пурра кардани эхтиёҳоти хосси худаш саъйу талош меварзад. Аз хоҳати заифон ва масокин хамеша ғофил мемонад. Бинобар ин хикмати Худовандӣ хаминро тақозо намуд, ки бар инсонхо гуруснагӣ ва ташнагӣ ва муддате аз тамоми хохишоти нафсонӣ дур буданро фарз гардонид. То ин ки инсон ба сабаби эхсоси гуруснагӣ ва ташнагии сахт хоҳат доштан ва мухтоҳии заифон ва мискинхоро дарк намуда, барои рафъи хоҳати онхо саъю кӯшиш менамояд. Рӯза дар табиати инсонхо халимию бурдборӣ ва рахму шафқатро бедор намуда, дар қалби инсонхо инсондӯстӣ, рахму шафқат нисбат ба камбағалону мискинон ва барованда намудани хоҳатхои мардум ва ғайраро бедор менамояд.

Савм дар луғат ба маънои «имсок», яъне бозистодан аст. Дар истилохи шариат иборат аз боздоштани нафс аз таъом, шароб ва ҳимоъ (хамхобагӣ бо зан) мебошад. Мавлоно Абдулхайи Дехлавӣ дар китоби худ «Ашиъъатул-ламаъот», китоби савм (рӯза) гуфтааст, ки назди уламо дар ин масъала ихтилоф аст, ки намоз бартар аст ё рӯза. Машхур назди ҳумхури уламо ин аст, ки намоз аз соири ибодатхо бартар аст. Чунончи дар хадис омадааст:

 »فاعلموا إن خير أعمالكم الصلاة«

Яъне: «Бидонед, ки бехтарини аъмоли шумо намоз аст». Баъзехо гуфтаанд, ки рӯза бартар аст, зеро дар хадис омадааст:

 » عليكم بالصوم لأنه لا عدل له   «  

Яъне: «Рӯзаро лозим бидоред, зеро рӯзаро хамтое нест».

Худованд дар дар бораи фарз гардидани рӯза мефармояд:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ [٢:١٨٣] 

Яъне: «Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар шуд, хамчунон ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то пархезгор шавед». («Бақара»; 183).

Ибни Касир дар тафсири ин оят мефармояд, ки то фарз гардидани мохи мубораки Рамазон бар уммати исломӣ дар ибтидои Ислом одат чунин буд, ки аз хар мохе фақат се рӯз рӯза мегирифтанд. Яъне рӯза доштан дар ибтидои Ислом се рӯз аз хар мохе буд. Чунонки ин намуд рӯза доштан бар умматхои пешин низ мавҳуд буд, ки онхо аз хар мох танхо се рӯз рӯза мегирифтанд. Аммо бо фарз гардидани моххои мубораки Рамазон хамаи ин намуд рӯзахо мансух гардид ва танхо рӯзаи фарзи мохи мубораки Рамазон то рӯзи қиёмат боқӣ хохад монд. Ибни Касир мегӯяд, ки ривоятхо аз Муоз, Ибни Масъуд, Ибни Аббос, Ато, Қатода ва Заххок ибни Музохим

 أَيَّامًا مَّعْدُودَاتٍ

хамин се рӯз рӯзаи хар мохро дар бар мегирад. Боз мегӯяд, ки ин намуд рӯза аз замони Нӯх (а) машруъ гардида, фарзияти он дар хама умматхо давом намуд, то ин ки Худованди хаким онро ба сабаби фарз гардидани рӯзаи мохи мубораки Рамазон мансух гардонид.

Мархалаи фарз гардидани рӯзаи Рамазон бар уммати исломӣ

Рӯзаи мохи Рамазон тадриҳан мархала ба мархала фарз гардида комил гардид. Хангоме ки Расули акрам (с) ба Мадина омад, одати ӯ ин буд, ки аз хар мох се рӯз ва инчунин дар рӯзи Ошӯро рӯза мегирифт. Пас ояти 183-юми сураи «Бақара» нозил шуда, рӯзаро фарз гардонид ва хама рӯзахои қаблиро мансух кард.

Баъд аз он ояти зерин нозил гардид:

وَعَلَى الَّذِينَ يُطِيقُونَهُ فِدْيَةٌ طَعَامُ مِسْكِينٍ ۖ

«Онон, ки тавоноии онро (рӯзаро) надоранд, ҳар рӯзро ба таом додани мискине бозхаранд». («Бақара»; 184).

Пас аз нузули ин оят касе мехост рӯза медошт ва касе мехост, ифтор намуда, мискинеро таом медод ва ин амал ба ихтиёри ӯ вобаста буд. Баъд аз он ин оят нозил шуд:

شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِّلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِّنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ ۚ فَمَن شَهِدَ مِنكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ ۖ [٢:١٨٥]

«Мохи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон – [хамчун] рахнамо барои мардумон ва суханони равшан аз хидоят ва ҳудокунандаи хаққу ботил фуруд оварда шуд. Ва хар ки аз шумо он мохро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад». («Бақара»; 185).

Худованд бо ин оят рӯзаро бар шахсони муқиму тандуруст фарз гардонида, ифтор намуданро барои бемор ва мусофир рухсат дод. Дар ин мархала барои пири солхӯрдае, ки ба гирифтани рӯза қодир нест, ба таом додани мискинро хамчун фидя муқаррар намуд. Хамчунин бегохӣ хӯрдан барои рӯзадор, нӯшидан ва омезиш бо зани худ ҳоиз буд, ба шарте ки ӯро (рӯзадорро) хоб намебурд. Агар ӯро ногахон хоб мебурд, баъд аз хобидан дигар барои ӯ хӯрдан, нӯшидан ва омезиш бо зан то фаро расидани бегохи рӯзи дигар манъ мешуд.

Рӯзе марди ансорие бо номи Сирма дар холи рӯзадор будан ба кори сахт машғул гашта, бегохӣ хаставу монда ба хонааш меояд. Ӯ намози хуфтанашро мегузорад ва рӯзаашро нокушода хобаш мебарад. Чун хеҳ чиз нахӯрда ва нанӯшида буд, боз фардо рӯза мегирад. Аммо гуруснагӣ ва ташнагӣ бар ӯ таъсири сахт кард ва ин холатро Пайғамбар (с) дида, аз ӯ пурсид: «Чаро ман бемадорӣ ва хастагии бағоят сахтро дар ту мушохида дорам?». Вай дар ҳавоб гуфт: «Эй Расули Худо, ман дирӯз ба кори сахти рӯзгорам машғул шуда, нихоят монда шудам ва бегохӣ қуввати хӯрдану нӯшидан накарда, хоб бар ман ғалаба кард. Субх бошад, ман хеҳ чиз нахӯрда, боз рӯза гирифтам. Ин бемадорӣ ва хастагии тоқатфарсо барои ман аз хамин сабаб аст».

Хамчунин хазрати Умар (р) баъд аз андаке хоб кардан ба фаромӯшӣ бо занаш омезиш намуда, барои фатво пурсидан пеши Паёмбари Худо (с) меояд. Дар натиҳа баъд аз ин воқеахо ин оятхо нозил шуданд:

 أُحِلَّ لَكُمْ لَيْلَةَ الصِّيَامِ الرَّفَثُ إِلَىٰ نِسَائِكُمْ ۚ هُنَّ لِبَاسٌ لَّكُمْ وَأَنتُمْ لِبَاسٌ لَّهُنَّ ۗ عَلِمَ اللَّهُ أَنَّكُمْ كُنتُمْ تَخْتَانُونَ أَنفُسَكُمْ فَتَابَ عَلَيْكُمْ وَعَفَا عَنكُمْ ۖ فَالْآنَ بَاشِرُوهُنَّ وَابْتَغُوا مَا كَتَبَ اللَّهُ لَكُمْ ۚ وَكُلُوا وَاشْرَبُوا حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكُمُ الْخَيْطُ الْأَبْيَضُ مِنَ الْخَيْطِ الْأَسْوَدِ مِنَ الْفَجْرِ ۖ ثُمَّ أَتِمُّوا الصِّيَامَ إِلَى اللَّيْلِ ۚ [٢:١٨٧]

 «Омезиш кардан бо занони худ дар шаби рӯза барои шумо халол карда шуд. Онхо шуморо (ба манзилаи) пӯшишанд ва шумо онхоро (ба ҳои) пӯшишед. Худо донист, ки шумо дар хаққи хештан хиёнат мекардед, бар шумо ба мехрубонӣ бозгашт ва аз шумо даргузашт, пас, алхол бо занони худ мухолатат кунед ва он чиро, ки Худо барои шумо муқаддар кардааст (яъне: фарзанд), талаб кунед; ва бихӯреду биошомед, то он, ки барои шумо риштаи сафед аз риштаи сиёх равшан шавад, (мурод) аз (риштаи сафед) фаҳр (аст). Пас аз он рӯзаро то шаб тамом кунед». («Бақара»; 187).

Ба хамин тариқ, рӯзаи мохи мубораки Рамазон хамчун як рукни алохидаи дини  мубини Ислом дар хамин мархалахо комил гардида, то рӯзи қиёмат бо хамин аркон ва шакл боқӣ ва устувор мемонад.

Pray time in Dushanbe

23.05.2025

More
Fajr03:28
Zuhr12:40
Asr17:51
Maghrib19:48
Isha21:18
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More