Home Articles ОМИЛҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ ИФРОТГАРОӢ

ОМИЛҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ ИФРОТГАРОӢ

ОМИЛҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ ИФРОТГАРОӢ
2017-12-21
3357

Омилҳои ба вуҷуд омадани ифротгароӣ зиёд аст, аммо муҳимтарин ва асоситарин омили пайдо шудани ифротгароӣ ин худбохтагии шахс дар муқобили афкор ва таълимотҳои бегонагон ва дигарӣ аз даст додани истиқлолияти фикрӣ аст. Агар дар инсон ин ду омил ба вуҷуд омад, яъне инсон ин ду омилро дар худ пайдо кард, ӯ дар ҳақиқат дар бунбасти фикрӣ қарор мегирад.

Имрӯз агар дар кишвари мо ҷавоне дар чунин ҳолат, ҳолати буҳрони фикрӣ гирифтор шуд, ӯ бояд чӣ кор кунад? Агар масъала масъалаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ бошад, бояд ба донишмандони ин соҳа муроҷиат намояд.

Худоро шукр мо имрӯз дар кишварамон устодон ва олимони хубе дорем, ки метавонанд ба ин масъалаҳо изҳори назар намуда, мушкилоти ҷавононро ҳал кунанд ва инчунин метавонанд инсонро аз ин ҳолати буҳронӣ берун кашанд. Агар мушкилоти ҷавонон мушкилоти динӣ бошад, имрӯз алҳамдулилоҳ мо дар кишварамон олимони динӣ, донишмандони мазҳабӣ зиёд дорем, ки ҷавонон метавонанд аз инҳо истифода карда мушкилоти динияшонро бипурсанд, то муҳтоҷ ба фатвову гуфтаҳои суханварони хориҷӣ нашаванд. Агар як ҷавоне, ки ба чунин буҳрон гирифтор шуд ва аз касе барои рафъи буҳрони фикрияш мадад нахост ва ӯ ба таъсири як зумра бехирадон ба нияти тундравӣ ва экстремистӣ аз кишвар хориҷ шуд, дар ин ҳолат худи ӯ зарар мебинад, на  каси дигар. Чаро? Зеро ин ҷавон истиқлолияти фикрии худашро аз даст додааст, миллатдӯст нест. Миллат, Ватан, Модар ба ӯ арзише надорад. Аз чунин ҷавон гурӯҳҳо ва равияҳои экстремистӣ, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир фаолият мекунанд, истифода мебаранд. Ӯро аввал ҳамчун “ватандӯсти мазлум” қабул карда, ба ӯ “кумакҳои башардустона" намуда, баъд он мақсадҳои нопоке, ки нисбати минтақаҳо доранд ба воситаи инҳо пиёда мекунанд. Ин ҷавонони роҳгумзада барои онҳо аспҳои ромшудае ҳастанд, ки онҳо фақат бар болои инҳо зинҳои таёри худро гузошта ба ҳар куҷое, ки хоҳанд, метозанд. Имрӯз мутаассифона дар ҷаҳон ҳар террореро, ки терористон анҷом медиҳанд ва ҳар кори зидди башариро, ки тарҳрезӣ мекунанд, ба номи ислом рабт медиҳанд. Душманони ислом бо ин рафторашон мехоҳанд номи поки исломро доғдор кунанд, аммо чуноне ки Пешвои миллатамон дар Паёми худ баён карданд: Ислом дини муқадас аст. Ҳадафу  мақсадаш сулҳу осоиштагӣ ва ахлоқи ҳамида мебошад. Терорист дин, ватан, мазҳаб надошта, барои ӯ муқаддасоте вуҷуд надорад. Пас имрӯз барои мо зарур аст, то ҷавонони кишварро ба ин вабои аср - терроризм ва экстремизм ошно сохта ва инчунин онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию миллатдӯстдорӣ тарбия намоем.

Саидмутаҳҳар Асомуддинзода,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Данғара

Pray time in Dushanbe

21.05.2025

More
Fajr03:30
Zuhr12:40
Asr17:49
Maghrib19:47
Isha21:17
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More