Home Articles ҚИЁМИДДИНИ ҒОЗӢ – ХОИНИ МИЛЛАТ ВА МАЗҲАБ

ҚИЁМИДДИНИ ҒОЗӢ – ХОИНИ МИЛЛАТ ВА МАЗҲАБ

ҚИЁМИДДИНИ ҒОЗӢ – ХОИНИ МИЛЛАТ ВА МАЗҲАБ
2018-01-02
4010

Сифларо манзур натвон сохтан ку-хубрӯст.

Мехро дар дида натвон куфтан, к-ӯ аз зар аст 

(Мавлоно Ҷомӣ).

Одами дарунсиёҳу  хубрӯро муҳтарам донистан мумкин нест, чунонки мехи тиллоро ки ҳарчанд аз тилло бошад, ба чашм намекубанд. Яке аз ин одамон Қиёмиддини Ғозӣ мебошад, ки солҳо худро  ходими дини мубини ислом ва пайрави мазҳаби суннӣ медонисту имрӯз бо ташкилоти террористии ҲНИТ пайрав гардида дифоъ аз эшон дорад. Қиёмиддини Ғозӣ баъди он ки ба Эрон фирор кард, маълум гардид, ки дӯстдори мазҳаби шиа буда, роҳи ба онпайвастанро меҷуст.

Алоқамандии Қиёмиддини Ғозӣ аз замони солҳои ба миён омадани ҲНИТ ба вуҷуд омада буд. Нақшаи фаъолияти ӯву пайравони ҳизби ифротии наҳзатро аввал шиаён кашида буданд. Ин нақша марҳилаҳои пурнайрангеро дошта зина ба зина бояд иҷро мегардид.

Чун хиёнатҳояш оҳиста –оҳиста ошкор мегардад, нақшаи фирор пеш гирифта, сӯи ҳаммаслакони вайронкору фитнагараш рафт, чунки болу парашро хоҷагони шиааш бастанд.

Аммо вақт собит месозад, ки ҳеҷ гуна аъмол беҷавоб намемонад, аз ҷумла, кирдорҳои разилонаи Қиёмиддини Ғозӣ, ки ҳоло ба мардум равшан гардидаасту худи ӯ дар боздошт қарор дорад. Аз ин хотир, бояд ӯ барои чунин амалкардҳояш ҷавоб диҳад, то ин омил ба дигарон дарси ибрат шавад.

Маъруф Назаров,

устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам

Бознашр аз сомонаи Кумитаи дин

Pray time in Dushanbe

15.06.2026

More
Fajr03:23
Zuhr12:40
Asr17:54
Maghrib20:00
Isha21:30
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More