АЛОҚАМАНДИИ ҲНИТ ВА ПАЙРАВИИ ОН АЗ СИЁСАТИ ЭРОН ВА МАЗҲАБИ ШИА

Дар дунё афроде, ҳастанд, ки худро фидои корҳои нек намуда, умри кўтоҳи худро барои сарҷамъӣ ва саодатмандии мардум сипарӣ месозанд. Ҳамчунин одамоне низ вуҷуд доранд, ки дар ҳамин умри андаки худ кӯшиш мекунанд, то пайваста аз паи озори мардум ва фитнаангезӣ бошанд, то бо музди андаке, ки аз корҳои палидашон аз хоҷагони худ мегиранд, рӯзи худро гузаронанд. Хушбахтона, дар Тоҷикистони азизи мо нафарони гурӯҳи аввал зиёданду боиси таассуф аст, ки синфи дуюм низ баъзан аз худ дарак медиҳад. Чун аксари мардуми Тоҷикистон, ки мусалмонанд, ин қувваи бадӣ кушиш мекунад, то аз роҳи ҳиссиёти динӣ таъсири худро ба мардум расонад. Яъне аввал номи динро барои худ сипар намуда, сипас дар пушти он амалҳои палиди худро анҷом диҳанд.
Аммо Худованд, беш аз 1400 сол аз ин гурӯҳакҳо хабар дода мардумро ба сўи ҳамбастагӣ фаро хонда, аз гуруҳбозӣ ҳушдор додааст. Ҳамчуноне, ки дар сураи Анъом, ояти 153 фармуда: Ҳамин аст роҳи рости ман ва аз роҳҳои гуногун (яъне мутазод) пайравӣ накунед, ки роҳҳо шуморо аз роҳи ҳақ мунҳариф месозанд.
Аз ҷумлаи гурўҳҳое, ки дар ин оят манзур аст, ҳамин гурӯҳҳои террористӣ амсоли “Давлати исломӣ”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷундуллоҳ”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” ва ғайра аст. Ин гурӯҳҳо аз ҳиссиёти динӣ ва мазҳабии мардум истифода бурда, сараввал номи худро исломӣ мегузоранд ва сипас мардумро ба роҳи залолат ва нестӣ мебаранд. Амалҳои террористии онҳо дар тамоми ҷаҳон маълум аст.
Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам аз ҷумлаи ҳаминҳост ва то парда аз ниқоби он гирифта нашуд, мардуми мо аз мунофиқӣ, дурўягӣ ва худфурўхтагӣ ва муздурии он хабар надоштанд. Чун дар гуфтори онҳо агар мушоҳида шавад, маълум мегардад, ки ҳатто суханрониҳои онҳо оҳиста-оҳиста аз вожаҳои ғайр истифода мешавад. Амалҳои террористии соли 2015 пурра парда аз рўи ин зархаридони хориҷӣ бардошт ва мардум чеҳраи аслии ин ҳизби террористиро шинохтанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон мардуми куштаву фирорӣ ба пайравони ин ҳизб дарси ибрат нашуд. Аммо акнун маълум гашт, ки ин пайравони мазҳаби шиа ва аз зархаридони Эрон будаанд. Ҷумҳурии исломии Эрон, ки худ режими охундӣ дорад ва мардуми авоми он пайваста зери зулму фиреби охундҳо мебошанд, бо пули худ тухми нифоқро дар Ватани мо кошт ва ният дошт ба ин васила Тоҷикистонро низ ба охундизм табдил кунанд. Роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ чун аз Эрон маблаѓҳои калони пулӣ мегирифтанд, аҳдофи онҳоро дар Тоҷикистон пиёда мекарданд. Ҳатто дар интихоботи ҳизбӣ ба мардум ҳушдор медоданд, ки агар дар варақаҳои интихоботӣ ҳизби наҳзати исломиро хат кашанд, кофир мешаванд.
Саркардагони ин ҳизб сараввал ба мазҳаби шиа гаравида, сипас бо пули онҳо барои ба дом андохтан аз ҳиссиёти динии мардум истифода мебаранд.
Хушбахтона, чанд тасмими ҷиддии Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла эълон гардидани соли 2009 ҳамчун соли бузургдонти Имоми Аъзам боис шуд, ки мардум то андозае аз асолати мазҳабии худ огаҳо бошад ва камтар таҳти таъсири таблиғоти шиагаронаи ТЭТ ҲНИТ қарор гирад.
Ҳатто баъзан дида мешуд, ки ки чи гуна муҳассилини дар Эрон таҳсилнамуда ба Ватан баргашта, ақидаҳои ифлоси худро байни мардум роиҷ мекунанд ва аз тариқи тафриқаафканӣ ва интиқод аз муқаддасоти мазҳабӣ ҳанафӣ кори худро пеш мебаранд.
Бо дарки ҳамаи ин нуктаҳо мардуми шарифи Тоҷикистонро мебояд, бо тамассук ва ба мазҳаби аҷдодии худ нагузоранд, ки нохалафоне дар роҳи эҷоди рахна ба мазҳабу эътиқоди мо муваффақ гарданд.
Н. Наботов,
корманди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More