Home Articles Тундгароӣ ва омилҳои пешгирии он дар ҷомеа

Тундгароӣ ва омилҳои пешгирии он дар ҷомеа

Тундгароӣ ва омилҳои пешгирии он дар ҷомеа
2018-01-10
3745

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Мафҳуми «тундгароӣ»-ро ҳамчун истилоҳи сиёсӣ донишмандони зиёде тавзеҳ додаанд. ҳамаи ин воқеаву рўйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто, тақдири тамоми аҳли заминро ба хатарҳоиҷиддӣ рў ба рў сохтаанд. ҳаводиси солҳои охир бори дигар собит намуданд, ки терроризму экстремизм, аз якҷониби дигар аъмоли аъзои онҳо гувоҳ аст, ки террористон ватан, миллат, дину мазҳаб надоранд, балки таҳдиде ба куллиҷомеаиҷаҳонӣ ва ҳар сокини сайёра мебошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ин равияҳои номатлубҷавононе пайравӣ мекунанд, ки на танҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Роҳбарони ин равияҳои тундгаро аз камсаводӣ ва бефарҳангии онҳо истифода бурда,ҷавононро ба амалҳои номатлуб, азҷумла худкушӣ, одамрабоӣ ва қатли одамони бегуноҳҷалб менамоянд, ҳол он ки Худованди мутаол дар қуръони карим мефармояд:

«ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва ба (ғайри фасоддар замин бикушадпас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад». (Сураи «Моида», ояти 32)

Худои бузург ба инсонҳо неъмати ҳаётро арзонӣ дода, масъулияти ҳифзи ин неъматҳоро ба ихтиёри инсон гузоштааст, зеро он ба василаи амонат ба инсон дода мешавад. Аз ин рў, мебояд инсон хамеша ин неъматро сипосгузор бошад. Масалан вазъи куллии мусулмонон дар минтақаи Шарқи наздик нигаронкунанда мебошад. Дар ин замина ниҳодҳои ҳукуматӣ ваҷомеаи шарвандӣ аз ҳарвақта дида боядҷихати ҳифзи амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣҷиддуҷаҳд намоянд, киҷилави харакати билофосилаи ифротгароӣ ва тундравии диниро бигиранд. Дар ин радиф низ сабабхои дигаре низҷой доранд, ки барои намуна чанде аз онҳоро номбар кунем:

  1. Паст будани савияи дониш ва зиракии сиёсииҷавонон.
  2. Таъсири муҳит ба тарбияиҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд.
  3. Тарғиботҳои  барғалат дар шабакаҳои интернет.
  4. ҳолатҳои бекорию аз тарбия дур монданиҷавонон.

Бо тавваҷуҳ ба сабабҳои боло бояд дар андешаи он буд, ки чӣ тавр ва ба кадом роҳу восита таъсири ин омилҳоро  кам кард ва ё дардиҷавононро аз ин мараз муолиҷа намуд. Набзи ҳаёти иҷтимоӣ ва эҳсосоти таърихииҷомеа собит менамояд, ки сомонаҳои интернетӣ ва дар маҷмўъ шабакаиҷаҳонии интернет дар баробари бардошти бори вазнини маърифат, иттилоот, алоқа ва додани маълумот баъзан азҷониби шахсон ва гурўҳҳои мухталиф сўистифода мешаванд.

Низоъҳои мазҳабӣ дарди ҷонкоҳи навмедӣ буда,ҷаҳонро дар зулмату изтироб мегузорад, ки боиси ташвишу андўҳи соҳибхирадон гашта, насли нави ғафлатзадаро ба миён меоварад. Аз ин рў, бояд баҷавонони имрўза аз ҳангоми мактабхонӣ тавассути таълиму тарбия, ашъори орифон ва олимони бузурги форсу тоҷикро таълим дода, барои эҷоди ахлоқи ҳамида дар ниҳоди онҳо ва ноил шудан ба касбу ҳунар роҳнамоӣ кунем. Андешаҳои худро ба суханони зерини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонҷамъбаст менамоям, ки гуфтаанд: «Баъзе раванду тамоюлҳое, ки вақтҳои охир мушоҳида мешаванд, азҷумла ҳодисаҳои гаравидани баъзеҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ ва ҳатто террористӣ, хусусан иштироки онҳо дар амалиётиҷангии дигар кишварҳо аз падару модарон, кормандони соҳаи маориф ва умуман аҳлиҷомеа ба тавриҷиддӣ хоҳиш мекунам, ки дар самти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбияиҷавонону наврасон дар руҳияи инсондўстиву ватанпарастӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои амалӣ андешанд».

Имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи «Усмон ибни Аффон»-и маҳаллаи 

Хоҷамбиёи болои ноҳияи Исмоили  Сомонӣ  Исмоилов Абдузоир

Pray time in Dushanbe

20.05.2025

More
Fajr03:30
Zuhr12:40
Asr17:48
Maghrib19:46
Isha21:16
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More