Бидъат (навоварӣ)

Пайравони равияи салафия навоварӣ (бидъат) – и ҳасанаро қабул надоранд ва тамоми намуди онро баранда ба дӯзах мешуморанд.
Бидъат дар луғат ҳар чизи навпайдо аст, ки монанди он пештар вуҷуд надошта бошад. Дар истилоҳи шаръӣ чизеро гӯянд, ки бидуни фармони Худо ва Паёмбар ва бидуни далели шаръӣ хусусӣ ва ё умумӣ эҷод шуда бошад. Паёмбар ( дуруду салом бар эшон бод ) фармуданд:Ҳар бидъате гумроҳӣ аст”. (Муслим).
Бидъат ду навъ аст, Имом Шофиӣ фармуданд:Ҳар амре, ки дар дин эҷод гардад ва бо Қуръон ё ҳадис ё иҷмоъ ва ё осори салаф мухолиф бошад, бидъати гумроҳӣ, яъне қабиҳа ва ҳар чизи навпайдое, ки бо ҳеҷ яке аз ин чаҳор санад мухолиф набошад, бидъати нек, яъне ҳасана аст.
Бино ба фармудаи Имом Шофиӣ, ки такя ва далели эшон ба суханони Паёмбар аст, ки фармудаанд:Ҳар касе ҳар амали динӣ, ки анҷом диҳад, модоме, ки шомили амр ва фармони мо набошад, пас он амал рад аст. (Муслим).
Пас иборати “Ҳар бидъате гумроҳӣ аст” дорои як мафҳуми ом аст вале ҷумлаи “шомили амр ва фармони мо набошад”, ки ҷузъе аз ҳадиси мазкур мебошад, он маъноро тафсир ва мафҳуми хосеро барояш истихроҷ кардааст, пас бояд гуфт:Ҳар бидъате гумроҳӣ аст ба ҷуз бидъате, ки дохили яке аз усули шаръӣ бошад, барои намуна чоп кардани Қуръон як бидъати навпайдо, вале фармони Паёмбар, чунончӣ:Бирасонед аз ман агарчӣ як оят ҳам бошад. (Бухорӣ). Бинобарин чопи Қуръон як бидъати саҳеҳ аст. Яъне: Ҳар коре, ки анҷом дода шавад ва он бар хилофи шариат бошад он мардуд ва бидъати қабиҳа ба ҳисоб меравад ва инчунин, ҳар амале, ки ба ҷо оварда шавад ва он мувофиқат бо он чӣ ба Паёмбар омадааст бошад, он амал қобили қабул ва он навоварии хуб, яъне бидъати ҳасана ҳисоб мешавад.
Дар замони Паёмбари бузургвор Қуръон аз тарафи котибоне, ки вазифадор дар китобати он буданд бидуни нуқтаҳо ва ҳарокот навишта шуда буд ва ҳаракатҳоро нодуруст гузоштан гуногун ва нодуруст хонда мешавад ва маъно низ мухталиф мегардад ва дар даврони тобеъин ба Қуръон нуқта ва ҳаракот гузошта шудааст, ки дар он амри Паёмбари гиромиқадр набуд ва он низ навпайдои неке аст дар саҳеҳу дуруст тиловат намудани Қуръон, ки уламои он замон ба ин амал иттифоқ доштанд, агарчи ин амалро дар аҳди Паёмбар накарда буданд.
“Касе, ки суннати ҳасанае дар ислом эҷод кунад пас барои ӯ подоши он ва подоши касоне, ки ба он амал мекунанд бе он, ки аз подоши онҳо чизе кам шавад ва касе, ки суннати баде дар ислом эҷод кунад бар ӯ аст гуноҳи он ва гуноҳи он касоне, ки баъди ӯ онро анҷом медиҳанд бе он ки чизе аз гуноҳи онҳо коста шавад”. (Муслим).
Дар Саҳеҳ Бухорӣ омадааст, ки Абдурраҳмон ибни Абд мегӯяд:Ҳамроҳи ҳазрати Умар (р) шабе дар моҳи Рамазон ба масҷид баромадем, одамон дар парокандагӣ танҳо-танҳо намоз мегузориданд, ҳазрати Умар гуфтанд:Ман фикр мекунам агар онҳоро дар қафои як қории Қуръон ҷамъ мекардам ниҳоят амали нек мебуд, пас аз он намозгузоронро ҷамъ намуда Убай ибни Каъбро имом қарор доданд, баъди ин шаби дигар ҳамроҳи ҳазрати Умар (р) ба масҷид баромадем ва одамон дар қафои имом намоз мегузориданд, ҳазрати Умар гуфтанд:”Бале, ин навоварии нек аст”. Ин ҷо мехостам барои он нафароне, ки “бидъати ҳасана”-ро қабул надоранд, ки ин сухан аз забони ҳазрати Умар (р) гуфташудааст, бирасонам, ки Паёмбари бузургвор дар ҳаққи Умар фармудаанд:”Худованди мутаъол ҳақро дар забон ва дили Умар гузоштааст”. (Имом Аҳмад, Тирмизӣ). Боз ҳам мехостам дараҷаи ҳазрати Умарро барои он нафароне, ки сухани ҳазратро қабул надоранд, бирасонам, ки Паёмбари бузургвор мефармоянд:”Агар баъди ман Пайғамбар мебуд, он Умар ибни Хаттоб мешуд”. (Имом Аҳмад, Тирмизӣ).
Шайх Абдуллоҳ ибни Муҳаммад Ҳарарии Шайбӣ (муфассир, муҳаддис ва фақиҳ) дар китоби “Сариҳул баён” овардааст:Худованди мутаъол дар китоби азизи худ мефармояд:”...ва дар дили тобеонаш меҳрубонию бахшоишро ниҳодем ва Мо раҳбониятеро, ки худ онро пайдо карда буданд, бар онҳо фарз насохта будем, лекин ба талаби хушнудии Худо ихтироъ карданд, пас, онро чунон ки сазовори нигоҳдошташ бувад, нигоҳ надоштанд...”. Сураи Ҳадид, ояти 27. Ин оят далел ва тасдиқ аст бар бидъати ҳасана, зеро маънои он мадҳу ситоиш аз мӯъмину мусалмони пайравони Исо (а), ки худашон раҳбониятро (раҳбоният:иборат аст аз бурридан аз мардум ба манзури ибодат, гӯшагирӣ дар калисо, даст кашидан аз ғизоҳо ва нӯшиданиҳои лазиз ва канора гирифтан аз издивоҷ) ба манзури талаби хушнудии илоҳӣ аз назди худ ихтироъ карда буданд ва он на ба амри Худо дар Инҷил ва на ба амри ҳазрати Исо (а) буд, балки онҳо мехостанд аз ҳад зиёд бар тоат ва ибодати Худо машғул бошанд ва дар ин асос аз издивоҷ ва аз тамоми лаззатҳои дунё рӯй гардонида дар савмаа умр ба сар бурданро ихтиёр ва пешаи худ карда буданд. Худованди мутаъол аз онҳо дар каломи поки худ бо мадҳу ситоиш ёд кард ва онҳо буданд, ки ихтироъкунандаи навоварӣ бидуни амри Аллоҳ ва Расулаш, пас ин оят намунаи барҷастае аст дар зикри навовариҳои нек ва аз ин ояти илоҳӣ хеле равшан бармеояд, ки ҳар амале, ки навпайдо бошад ва агарчӣ дар он амри Худо ва Расул набошад ва ба асоси шариъат мухолиф набошад он мақбули даргаҳи илоҳӣ ба ҳисоб меравад, чунончӣ дар ояти фавқ зикри он гузашт.
Нурулло Ҳидоятов
Имомхатиби масҷиди ҷомеи
Тезгузари шаҳри Конибодом
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More