Home Articles Саҳм дар ободии ватан – қарзи инсонӣ

Саҳм дар ободии ватан – қарзи инсонӣ

Саҳм дар ободии ватан – қарзи инсонӣ
2018-01-16
3343

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22-юми декабри соли 2017 бо истифода аз салоҳиятҳои Конститутсионии хеш Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд. Паёми Пешвои миллат як падидаи нави даврони Истиқлол буда, онро метавон санади раҳнамо барои ҷомеа номид.

Имсол ҳам дар ин ҳуҷҷати муҳим самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас гардид.

Боиси хурсандист, ки мардуми шарифи мамлакатамон Паёми созандаи Пешвои муаззами миллатро ҳар сол бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ интизор мешаванд ва дар ин Паём ояндаи дурахшони ватани азизамонро ҳамчун оина мебинад.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст, ин ҳам бошад нишондиҳандаҳои нерӯи инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат дар Паёми худ тарбияи насли ҷавонон, пешгирии шомил гардидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро зери танқид қарор дода, бори дигар таъкид намуданд, ки террорист дин мазҳаб ва миллат надорад.

Пешвои маллат омӯзиши ҳунарҳои миллиро хеле ба маврид таъкид намуда ва дар зимн соли 2018 дар Тоҷикистон «Соли сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Аз ин бар меояд, ки ҷавонон ба касбомӯзӣ ва донишомӯзӣ бештар диққат дода, баҳри ободии Ватани азизамон саҳмгузор шаванд. Барои ин мо кормандони дин корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда,  нерӯи солими ҷавононро баҳри ободии Ватанамон равона месозем.

Дар Паём сарвари давлат ҳар як хизматчии давлатӣ, роҳбару корхонаву ташкилот ва соҳибкоронро ба корҳои хайр, дастгирии ятимону маъюбон, пирону барҷомонда ва амсоли он ҳидоят намуданд. «Вақте ятимеро ё эҳтиёҷмандеро дастгириӣ кардӣ, Худованд баракати коратро медиҳад ва соҳиби эҳтиром мегардӣ» - гуфтанд Пешвои муаззами миллат.    

Дар  ҳақиқат рост аст. Алоҳ таъоло дар Қуръони маҷид дар чандин оятҳо ба ятим тараҳҳум карданро фармудааст. Дар хусуси ятимпарварии Сарвари Коинот Муҳаммад (с) чанд ҳадиси мубораки эшон далолат мекунад.

Хулоса карда гуфтан мумкин аст, ки Паёми имсолаи Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як дастури раҳнамо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошад. Ҳар як шаҳрванди мамлакат баҳри иҷрои вазифаҳои дарпешистода бояд ҳиссагузор бошад. Ин аст қарзи инсонӣ. 

Азамов Ф.

имомхатиби масҷиди ҷомеи н. Қубодиён

Pray time in Dushanbe

20.05.2025

More
Fajr03:30
Zuhr12:40
Asr17:48
Maghrib19:46
Isha21:16
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More