Home Articles Салафияи имрӯз-ваҳҳобияи дирӯзу хавориҷи парер.

Салафияи имрӯз-ваҳҳобияи дирӯзу хавориҷи парер.

Салафияи имрӯз-ваҳҳобияи дирӯзу хавориҷи парер.
2018-01-27
3293

Салафия иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалӣ буда, аъзоёни он аз ҷониби созмонҳои терористӣ чун Ал-қоида, гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, “шайхони нафтӣ”,  хадамоти махсуси кишварҳои абарқудрат ва иттиҳодияҳои онҳо маблағгузорӣ  карда мешавад.

Маблағгузории онҳо ғайрирасмӣ ва бо роҳҳои махфӣ сурат мегирад. Бештари ҳолат маблағгузории салафия бо баҳонаи тиҷорат, тавассути тоҷирони байналмилалӣ ва бонкҳои шахсӣ дар  дохил ва хориҷи кишвар амалӣ мегардад.

Аъзои ҷараёни Салафия аксарияти нуқтаҳои сердаромад ба мисли бозор ва дўконҳоро аз они худ менамоянд. Онҳо тибқи нақша фарзандони шахсони бонуфузро ба худ ҷалб менамоянд. Маслиҳат ва барномарезии сармоягузории шохаҳои салафия, вобаста дар кадом кишвар фаъолият намудани онҳост, ки хатмкунандагони донишгоҳњои исломии кишварҳои арабӣ пайравони равияи экстремистии «Салафия» буда, ғоя  ва ақидаҳои ин равияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ҳамчун ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат паҳн намудаанд. Ин афрод дар марказ ва донишгоҳҳои хайриявӣ таҳсили ройгон гирифта, аз ҷониби давлатҳои манфиатдор маблағгузорӣ мешавад. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимии «Салафия» танҳо барномаҳои пешниҳодшуда ва тарҳрезшудаи ин ин мамлакатҳоро аз номи Худо ва дини Ислом паҳн менамоянд. Аз ҳамин лиҳоз, онҳо тафаккури миллӣ ва андешаҳои динии мазҳаби ҳанафӣ надоранд.

Онҳо барои расидан ба ҳадафҳои террористии худ ба корҳои хилофи дини мубини ислом ва амалиётҳои ҷиноятии махсусан вазнин даст зада, кишварҳои ободу хуррами мусулмоннишинро ба харобазор ва вайрона табдил медиҳанд.

Аз нуқтаи назари Қуръон ва суннати Паёмбари Худо фатвоҳои содирнамудаи муфтиҳои салафия моҳияти шаръӣ надоранд. Салафии имрӯз, ваҳҳобии дирӯз ва хавориҷи парерӯз ҳама аз ин сарчашмаи бидъат об мехӯранд ва дар дарёи торики гумроҳӣшиноваранд. Ҳадафашон барҳам задани сафи мусулмонон аст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон 1300 сол ин ҷониб пайрави мазҳаби ҳанафӣ буд, таълимоти Имоми Аъзам аз хурдӣ ба кӯдакон талқин карда мешавад: Аз ин рӯ, бояд дарк кард, ки дини мубини ислом, махсусан мазҳаби ҳанафӣ пешбарандаи покӣ, адолат, амният ва баробарию адолатхоҳӣ буда, дар замири ҳар як шахс муҳабати поки ватандӯстиро тарбия намуда, аз ҳамаи ақидаҳои манфури бегонапарастона орӣ мебошад.

Мусаммир Саъдуллоев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Умари нРӯдакӣ 

Pray time in Dushanbe

20.05.2025

More
Fajr03:30
Zuhr12:40
Asr17:48
Maghrib19:46
Isha21:16
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More