Home Articles Хатарҳои афкори ҷараёни «салафия»

Хатарҳои афкори ҷараёни «салафия»

Хатарҳои афкори ҷараёни «салафия»
2018-01-31
3201

Яке аз дастовардҳои бузурги давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ваҳдат ва ризоияти миллӣ мебошад. Расидан ба ваҳдати миллӣ истиқлолияти давлатиро комилу пурра намуда, ҳаёти мардуми тоҷикро ба маҷрои нав равона кард. Андешаи миллӣ бар асолати таърихии тоҷикон ташаккул ёфт. Мероси динии мардуми Тоҷикистон аксаран таълимоти мазҳаби Абӯҳанифа, ки дар партави оятҳои Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (с) бино ёфтааст шинохта шуд. Аммо гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба дастовардҳои мардуми тоҷик муғризона нигоҳ мекунанд. Яке аз ин гурўҳҳо ҷараёни салафӣ – ваҳҳобӣ мебошад, ки ақидаи онҳо бар асоси докторинаи динии Ибни Таймия рушд намуда, аз тарафи баъзе пайравони мазҳаби Имом Ҳанбал то имрӯз пуштибонӣ меёбад. Солҳои 80-уми асри гузашта равияи ваҳҳобӣ – салафӣ дар манотиқи ҷумҳурӣ пайравони худро пайдо карда, таълимоти худро густариш дод, ки боиси зиддиятҳои ақидавӣ ва низоъҳои мазҳабӣ гашта, ҷумҳуриро ба ҷанги шаҳрвандӣ водор сохт. Илму адабиёт, санъат, арзишҳои инсонӣ, фарҳанги миллӣ ва исломи нобу созанда барои пайравони ин ҷараён бегона буда, онҳо ҳамаи инро эътироф намекунанд. Онҳо худ аз мазмуну муҳтавои Қуръону ҳадис бехабар мондаанд. Ташкилотҳои террористие, ки имрӯз ба ноором кардани бисёр кишварҳои ҷаҳон машғуланд, яке аз пайравони афкори ин ҷараён мебошанд.

Дар Тоҷикистони ҳуқуқбунёд, ки ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад, гурӯҳе аз пайравони ин ҷараён дар ќолаби ҳизби сиёсӣ бо номи «Наҳзати ислом» ташкил намуда, мехостанд аз ин озодӣ истифода кунанд ва вазъи кишварро ноором созанд. Вале ҳадафҳои пӯшидаи онҳо ба ҷомеа ошкор шуда, аз тарафи мардуми кишвар маҳкум шуданд. Донишманде гуфтааст, ки «идеяҳоро танҳо бо идеяҳо нобуд карда мешавад».

Аз ин хотир мо ходимони динро зарур аст, ки ҷанбаҳои инсондӯстӣ, ватандорӣ, меҳнатдўстӣ, таҳаммулпазирӣ, донишандӯзӣ, накукорӣ ва дигар ахлоқи ҳамидаи инсониро, ки исломи ноб тақозо мекунад, дар дили мардум бахусус ҷавонон, ки бештар пойбанди фирефтаи ин гурўҳҳо мешаванд, ҷой кунем ва дар нигоҳ доштани сулҳу субот ва оромиву шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

Саидҷон Азизов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи

 Эшони Авлиёбобои нРӯдакӣ

Pray time in Dushanbe

20.05.2025

More
Fajr03:30
Zuhr12:40
Asr17:48
Maghrib19:46
Isha21:16
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More