Таълимоти ҳизби таҳрир бар зарари ислом аст

Дар вазъияти ташаннуҷи рӯзафзуни ҷаҳон ҳар яки моро зарур аст, ки ҳушёру зирак бошем ва дар ҳимояи сулҳу суботи Тоҷикистони азиз ҳиссагузорӣ кунем. Имрӯз ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ номи муқаддаси исломро дуздида ба худ мегузоранд ва ҷавонони ноогоҳи моро фирефтаи доми худ месозанд. Бисёре аз ин ташкилотҳо аз тарафи душманони ислом роҳандозӣ мешаванд. Ба воситаи ақидаи тундравона ва оштинопазири ин ҳизбу ҳаракатҳо душманони дини ислом мехоҳанд чеҳраи исломро сиёҳ ва мусуслмононро дар назди ҷаҳониён беобрӯ созанд.
Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чандин минбарҳои байналмилалию ватанӣ иброз доштанд, ки терроризм ба дини мубини ислом иртиботе надорад. Яке аз ҳамин гуна ташкилотҳое, ки аз калимаи ислом ҳамчун дом истифода намуда, ҷавонони ноогоҳро ба сўи худ xалб месозад, «ҳизби таҳрир» аст.
Ин ҳизб солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар Фаластин ташкил ёфта, то имрӯз дар бисёре аз кишварҳои дунё зуҳур намудааст. Барномаи ин ҳизб гарчанде бо истилоҳоту шиорҳои исломӣ зинату ороста шуда бошад, ҳам мутолиаи амиқ ва хулосаи коршиносони воқеии исломӣ нишон медиҳад, ки ин як таълимоти худсохт буда, аз сарчашмаҳои асили ислом, яъне Қуръону ҳадис ва таълимоти арбобони хираду андешаи динӣ, бахусус таълимоти Абўҳанифа фарсахҳо дур мебошад. Дар Қуръон сурае бо номи Шӯро вуҷуд дорад, ки Худованди карим бандагонашро дар ояти 38-уми ин сура ба машварату маслиҳат тавсия мекунад. Дар низоми сиёсии муосир машварат хоҳ ба восита бошад (парламент), хоҳ бевосита (раъйпурсӣ) асоситарин сохти идорӣ ба шумор меравад. Аммо таълимоти «ҳизби таҳрир» ҳуқуқу озодиҳои мусулмононро поймол намуда, ягон хел раъйпурсӣ ва интихоботро эътироф намекунад. «Ҳизби таҳрир» ба «хилофат»-и бо ном исломӣ даъват намуда, истиқлолият ва соҳибихтиёрии миллатҳоро зери хатар мегузорад.
Аз ин рў, мо бояд саъйу талош кунем, ки мардуми Тоҷикистон аз ҳадафҳои пинҳон ва маќсадҳои аслии ҳомиёни пасипардагии ин ҳизб огоҳ шаванд. Зеро барномаи ин ҳизб бо раванди таҳаммулпазирии динҳо ва сулҳу оштӣ муқобил аст.
Бегмуҳаммад Шаймардонов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи н. Рӯдакӣ
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More