Home Articles Аз макри наҳзат огоҳ бошем

Аз макри наҳзат огоҳ бошем

Аз макри наҳзат огоҳ бошем
2018-02-13
2791

Худованди бузург дар Қуръони карим дар чандин ҷо дар боби масъулияти падару модар амр фармудааст аз ҷумла мефармояд: Эй касоне, ки имон ба Худо доред, наҷот бидиҳед ҷонҳои худро ва аҳли хонаводаи худро аз оташи дӯзах». Яъне ки Худованд моро бар он таъкид мекунадки дар баробари тарс аз Худо ва тақвову парҳез ва анҷоми амалҳои солеҳ ва парҳез кардан аз амалҳои зишти ғайриинсонию ғайриисломӣодобу ахлоқи ҳамида дошта ва инчунин дар баробари тамоми мардум одобу ахлоқ ва муносибати хуб дошта бошем.

Ва инчунин Пайғамбари Худо Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)  дар ҳадиси муборакашон моро хитоб карда мегӯянд: «Куллукум роъин ва куллукум масъулун ъан раъиятиҳи». Яъне ҳар яки шумо ба манзалаи чӯпон дар хонаводаатон ҳастед ва дар рӯзи қиёмат дар пешгоҳи Парвардигор аз тамоми аҳли хонаводаатон пурсида мешавед. Яъне Худо ва Расулаш масъулияти аҳли хонаводаро бар дӯши мо мусалмонон гузоштаанд.

Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистони азизи мо бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2-юми августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул кард, ки ин як такони хубро ба вуҷуд овард ва дар ин ҳафт соли татбиқи Қонун натиҷаҳои хуб ба даст омад, ки мо инро баръало мушоҳида мекунем.

Дар сурати таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон мо ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ки вазифаи муқаддаси ҳар як аъзои ҷомеа аст, ноил шуда метавонем.

Зеро иддае аз ватанфурӯшони хоин, аз ҷумла роҳбарону пайравони ҳизби мамнуъи ифротии наҳзат, ки дар беруни кишвар сухан аз ватандорӣ мезананд, набояд ба ҳадафҳои фосиду иғвоангези хуб бирасанд. Ҳама огоҳем, ки наҳзатиҳо коре ба ғайр аз макру фитнаю фасод ва иғовоангезӣ ба субут нарасонидаанд. Аз ин лиҳоз, мо ҳамеша бояд аз макри онҳо огоҳ бошему саривақт ба онҳо ҷавоби сазовор диҳем.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус ходимони динӣ ин амалу рафтори ғайриинсонии ин гуна ҷараёнњоро маҳкум намуда, намегузоранд, ки ба сулҳу суботи Ватани азизамон газанде ворид гардад.

Муҳаммадшарифи Бақозода,

имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт

Pray time in Dushanbe

06.05.2024

More
Fajr03:41
Zuhr12:40
Asr17:28
Maghrib19:33
Isha21:03
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More