Home Articles Арзиши илм ва олимон аз нигоҳи дини ислом

Арзиши илм ва олимон аз нигоҳи дини ислом

 Арзиши илм ва олимон аз нигоҳи дини ислом
2018-02-20
3549

Ҳамагон огоҳӣ дорем, ки дини мубини ислом бо иноят ва таваҷҷуҳи хосе, ки ба илм ва илмомӯзӣ дорад, пайравони худро ба он тарғибу ташвиқ менамояд ва пешрафту тараққӣ ва такомулро бар мусалмонон воҷиб гардонидааст, зеро шахс дорои каромат нахоҳад буд, магар пас аз он ки ба фазилати илму дониш ороста шавад. 

Дини мубини ислом аз пайравонаш мехоҳад, ки ба касби илм эҳтимом варзанд, то онҳоро ба мақоме бирасонад, ки дар ҳар масъалаи моддӣ ва маънавӣ ҳарфи дурусту ниҳоӣ аз они эшон бошад.

Боре Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, дар ҳалқаи саҳобагон фармуданд:

« لَوْ كَانَ الْعِلْمُ بِالثُّرَيَّا لَتَنَاوَلَهُ أُنَاسٌ مِنْ أَبْنَاءِ فَارِسَ »   (رواه أحمد)

«Агар илм дар Сурайё мебуд, марде аз фарзандони Форс онро дармеёфт».

Дар китоби «Табйизу-с-саҳифа фи маноқиби Абуҳанифа» имом Ҷалолуддини Суютӣ мегӯяд, ки ҳадиси мазкур дар ҳаққи Имоми Аъзам аст, чунки дар Форс касе дар мақоми илм ҳамдӯши Имоми Аъзам ва шогирдонаш набуд.

Инчунин Имом Абуҳанифа дар васияти худ ба шогирдаш Абӯюсуф Яъқуб ибни Иброҳими Ансорӣ фармудааст: «Дар овони ҷавонӣ, ки қалбат фориғ ва хотират ором аст ва ҳанӯз касрати аёлу фарзандон зеҳнатро мушавваш накардааст, илм биёмӯз. Сипас аз роҳи ҳалол мол ҷамъ кун, он гоҳ издивоҷ кун, зеро агар ҳамзамон бо талаби илм ба фикри ҷамъ кардани мол биафтӣ, вуҷуди мол туро ба зиндагии пурайшу нӯш кашад, ки дар натиҷа аз талаби илм оҷиз хоҳӣ монд. Агар дар даврони таҳсил ба фикри издивоҷ биафтӣ мумкин аст, маҷбур шавӣ ҷиҳати рафъи ҳавоиҷи (масрафоти) аёлу фарзандон талош кунӣ ва чӣ басо аз таҳсили илм даст бикашӣ, ки дар он сурат на илм омӯхтӣ ва на мол ба даст овардӣ»  («Китоб-ул-васият»).

Манзур аз талаби илм натанҳо илми динӣ аст, балки омӯзиши илмҳои муосир низ бар ҳамагон фарз аст. Имрӯз миллати тоҷик бо фарзандони номдори худ ифтихор дорад. Беруниву Сино, Хоразмиву Хайём, Форобиву Абӯмаҳмуди Хӯҷандӣ ва даҳҳо нафар бузургони мо илмро ба авҷи аъло расонида буданд. Ситорашиносиву ҳандаса, тиббу риёзиёт, фалсафаву мантиқ ва дигар илмҳои дақиқ самараи меҳнати фарзандони миллати тоҷик аст.

 Китоби «Ал-Қонун»-и Сино ҳазор сол аст, ки сармашқи табибони олам мебошад. Аз рӯи китобҳои Беруниву Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ олимон мадори замину масофаи байни ситорагонро чен мекарданд. Бухориву Имом Муслим, Тирмизиву Байҳақӣ ҳадисҳои Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва салламро мураттаб сохтанд. Месазад, ки имрӯз мо худ илм омӯзем ва фарзандонамонро ба омӯзиши илм ҳидоят намоем, киштиҳои кайҳониро ба фазо барорем, нерӯгоҳҳои атомӣ бунёд намоем, ихтирооти нав ба нав дар соҳоти гуногуни илм дошта бошем, ки муҳтоҷи дигарон набошем.

Хушбахтии мо мардуми шарифи тоҷик аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани савияи илмии шаҳрвандон чи қадар кӯшиш ба харҷ дода дар ин самт навовариҳои зиёде кардаанд ва ҳамеша ҳангоми мулоқот ва вохӯриҳо бо тамоми қишри ҷомеа ба хусус бо намояндагони аҳли илму фарҳанг ва ҷавонон, мардумро ба илмомӯзию забономӯзӣ таъкид менамоянд.

Мо мардуми ин диёр бояд ҳамеша иқдомҳои пешгирифтаи Роҳбари хирадманди давлатамонро сармашқи ҳаёти ҳаррӯзаи худ қарор дода, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он камари ҳиммат бубандем.

Қиёмиддин Насриддинов,

мутахассиси пешбари Кумита

Pray time in Dushanbe

19.05.2025

More
Fajr03:31
Zuhr12:40
Asr17:47
Maghrib19:45
Isha21:15
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More