Home Articles ЧАНД НАСИҲАТИ ЛУҚМОН

ЧАНД НАСИҲАТИ ЛУҚМОН

ЧАНД НАСИҲАТИ ЛУҚМОН
2018-03-01
3246

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат дар баробари дигар масоили муҳими дохиливу хориҷӣ ба масъалаи тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Воқеан вазъи ҳодисаҳо дар ҷаҳони муосир моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба ин масъала масъулиятшинос бошем. Гузаштагони мо нисбат ба одобу ахлоқи фарзанд аҳамияти калон медоданд. Устоди тарбия ҳазрати Луқмон, ки зикри хайраш дар чандин манбаъҳо рафтааст, барои тарбияи фарзанд суханони муассире дорад, ки ки чанде аз онро дар зер меорем:

Эй, фарзандам ба илм-ул-яқин ва айн-ул-яқин Парвардигорро бишнос! 

Ҳарчӣ мегӯӣ, ба мазмуни панду насиҳат бигӯ ва пеш аз ҳама ба он худ амал кун!

Суханро санҷида бигӯ ва қадри мардумро бидон!

Ҳуқуқи ҳар касро бишнос!

Ошноро ба вақти сахтӣ имтиҳон кун ва дӯсти зиракро ихтиёр намуда, аз аблаҳон дур  бош!

Дар ҳар кор ҷидду ҷаҳд намо!

Ба фарзанди ноозмуда эътимод накун!

Ҷавониро ғанимат дониста, кори ҳарду ҷаҳонро бисозӣ!

Зердастонро навозиш бикун ва аз душманон ғофил мабош!

Ростиро шиори худ бисоз!

Бетамаъ ва беозор бош!

Пиронро бузург дор!

Мардумонро бо номи неку ном бибар, ҳеҷ касро матарсон то эмин бошӣ!

Намаки касеро ки хӯрдӣ, ҳақи ӯро нигоҳ дор!

Фарзандонро илму адаб, аспсаворӣ ва тирандозӣ биёмӯз!

Ҳар чиро барои худ написандӣ, барои дигарон низ написанд!

Аз рӯи дониш кор бигир, ноомӯхта устодӣ макун!

Бо занону кӯдакон забонбозӣ накун!

Номаҳрамро дар хонаи худ роҳ мадеҳ!

Дар хонаҳои мардум гадоӣ накун!

Дар пеши мардум бинӣ маяфшон ва бо остин пок накун!

Ҷои нишасти худро бишнос!

Ҳаргиз бекор ва бешуғл набош!

Ба ҳар ки ваъда додӣ, вафо кун!

Таҳияи Ҷумъабек Наботов,

сармутахассиси Кумита

Pray time in Dushanbe

19.05.2025

More
Fajr03:31
Zuhr12:40
Asr17:47
Maghrib19:45
Isha21:15
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More