ДӮСТДОРИИ ВАТАН ФАРЗ, АГАР ВИҶДОН АСТ.

Дар даврони шӯравӣ дин падидаи “зараровар”, “занҷири по”-и прогрессу тараќқиёт дониста, шуда мудом бар зидди он мубориза бурда мешуд. Ҳамаи донишкадаҳои олӣ ва муассисаҳои таълимї таълиму тарбия характери зидди динӣ дошт.
Баъд аз пошхӯрии давлати шӯравӣ сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон оид ба дин пурра тағйир ёфта, зимнан тамоми шароитҳо барои рушду ривоҷи дин муҳайё мебошанд.
Дар солҳои даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамаги 17 адад масҷиди ҷомеъ фаъолият мекард ва 30 нафар шаҳрвандон озими Хонаи Худо гардида буданд. Имрӯз бошад, беш аз 4000 масҷид фаъолият доранд ва зиёда аз 200 ҳазор шаҳрвандон озими Хонаи Худо гардиданд. Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон зиёда аз 1500 донишҷӯ таҳсил менамояд. Ғайр аз ин зиёда аз 20 китобу рисолаҳои гуногуни динӣ, ба хусус Қуръони карим тарҷума ва нашр карда шуданд. Соли бузургдошти пешвои мазҳаби мо Имоми Аъзам -Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва монанди инҳо далели равшани таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дин ҳамчун яке аз рукнҳои асосии фарҳанг ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик мебошад. Бо вуҷуди ин гуфтаҳо дар даврони Истиқлолият дар ҷумҳурӣ даҳҳо ҷунбишу ҳизбҳои калону хурд пайдо шуданд, ки ҷанбаи динӣ доштанд. Аммо мутаассифона, таъсири дин на барои таъмини якпорчагии Тоҷикистон ва беҳбуди ҳаёти халқ, балки барои тафриқа ва ҷудоиандозӣ ба тундгароию экстремизм, ғасби ҳокимият равона шуда буд.
Меоем сари мақсад ва ёдовар мешавем, он рӯзҳои даҳшатбори солҳои 1992-ро, ки маҳз бо таъсиррасонии ҲНИТ ва пайравони ӯ ҷараёнҳои «Вањҳобия ва Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Њаракати исломии Узбекистон» ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мардуми Тоҷикистонро бо гурӯҳҳо ҷудо намуда, кишварро ба дараҷаи фалаҷӣ расонданд ва кушокушӣ сар шуда, мардуми Тоҷикистон фирорӣ гардид. Падар бо писар, духтар бо модар ва бародар бо бародар душман шуданд. Шунидани гиряю мотами зани тоҷик аз васоити ахбор дили бинандаро реш-реш мекард.
Тавре ки вақтҳои охир пурра маълум шуд, ин ҳама бесару сомониҳо аз ҷониби ташкилоти ифротию террористии ҲНИТ ва пайравони он сар задаст. Гарчанде ки оинномаи ҲНИТ аз ҳифзи Истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародарони халқҳои Тоҷикистон иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзоёни он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти терористию экстремистӣ доштаро содир намуда, боиси халалдор намудани ҳаёти осоиштаи мардум мегарданд.
Ин равияҳои номатлуб давлатҳои абарқудрати тамоми гӯшаву канори ҷаҳонро ба доираи манфиатҳои ҳаётан зарурии худ дохил менамоянд. Њодисаҳои дар Ироқ, Миср ва Сурия ҷалби ҷавононро ба ин давлатҳои исломӣ таъмин намуда, вазъи сиёсии оламро ноором месозанд. ҲНИТ ва ҳаммаслаконаш мехоҳанд ҳокимияти сиёсиро ба даст оварда, Тоҷикистонро ба тарзи зиндагонии асрҳои миёна бозгардонанд. Маҳз бо дахолати ҲНИТ ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гардидаву боиси рӯзи сиёҳи чандин хонаводаи тоҷик гардиданд.
Барои инсон, хоҳ зан бошад, хоҳ мард, беҳтарин хислат доштани одоби накӯ аст, зеро Қуръони карим аз ибтидо то интиҳо одоб аст. Имрӯзҳо намояндагони 425 дини ҷаҳон дар ҳайратанд, ки чаро исломи поку беолоишро ба гурӯҳҳо тақсим намудаанду якдигарро террор мекунанд.
Ҳинду Чин 150 Худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду тариқи сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мо, мусалмонон як Худо, як Пайғамбар дорем ва пайваста ҷанг мекунем ва бо таъсиррасонии гурӯҳҳои ифротӣ дини мубини исломро ба ҷараёнҳои мухталиф ҷудо сохта, якдигарро қатл мекунем...
Исломи нобу таълимоти покизае, ки аз бузургони мо Салмони Форс, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ ва дигар нобиғаҳои миллати тоҷик ба мо ёдгор мондааст, дар рушду нумуи илму маърифати исломӣ саҳми босазо доранд.
Дар таърихи 29.01.2016 сохтори минтақавии зидди терористии созмони ҳамкории Шанхай, дар мувофиқа бо феҳристи ягонаи созмонҳои терористӣ-экстремистӣ ҲНИТ-ро таҳти рақами 79 ба рӯйхати ташкилоти террористӣ ворид намуд, яъне 8 кишвари бузурги ҷаҳон ташкилоти террористӣ будани ҲНИТ-ро эътироф карданд.
Мақсад аз зикр намудани гуфтаҳои боло аз он иборат аст, ки мардуми азияткашидаи Тоҷикистон як бор дар доми фиреби ҳомиёни ҲНИТ ва пайровони он афтида буданд ва беҳтарин фарзандони фарзонаи миллатро аз даст доданд. Имрӯз вақти он расидааст, ки мо зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ин гурӯҳҳои номатлуб муборизаи беамон барем.
Аз ноҳияи мо низ чанде аз ҷавонони гумроҳ ба гурӯҳҳои тундрави Ироқу Шом шомил гардиданд ва ба номи волидайн, инчунин мардуми ноҳия доғ меоранд. Вақти он расидааст, ки дини покамонро аз нигоҳҳои ғаразноку ақидаҳои ботил ҳифз намоем ва баҳри ҳимояи обрӯю эътибори он саъю кўшиш намоем. Бузурге фармудааст:
Кас агар дӯст надорад Ватан, имонаш ку,
Дӯстдории Ватан фарз, агар виҷдон аст.
Агар дӯст доштани Ватан фарз бошад, биёед баҳри амну суботи Тоҷикистони азизамон, зиндагии осоиштаи мардум ҳиссаи арзандаи худро гузорем ва нагузорем, ки нохалафе амну суботи кишвари азизамонро халалдор созад.
Ҷ. Одинаев,
мудири бахш оид ба корҳои дин,
танзими анъана ва ҷашну маросимҳои
миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Ховалинг
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More