Home Articles МОДАР, ҲАЁТ БО ТУ БИҲИШТ АСТУ ХУРАМ АСТ

МОДАР, ҲАЁТ БО ТУ БИҲИШТ АСТУ ХУРАМ АСТ

МОДАР, ҲАЁТ БО ТУ БИҲИШТ АСТУ ХУРАМ АСТ
2018-03-29
3599

Ҷашни модар рӯзи иди модар аст,

Розҳо дар мақдами вай музмар аст.

Одамиро гар Худо орад нахуст,

Одамиятро кунад модар дуруст.

Модари фархунда шогирди Худост,

Устоди дарсҳои кибриёст.

Зеботарин калима барои ҳар як инсон калимаи модар аст. Модар дунёи мост ва рӯҳи ҷовидониест лабрез аз ишқу зебоӣ. Ҳар инсони соҳибақл то лаҳзаҳои охирини зиндагӣ худро қарздори ғамхориҳои модар медонад.

Некӣ ба падару модар дар ислом дар паҳлуи имон ба Худо ва тавҳиди Ӯ қарор гирифта,ки асос ва пояи ислом мебошад ва нофармонии волидайн дар мартабаи баъд аз ширк ба Худо,ки бузургтарин гуноҳон аст, қарор мегирад.

Мусулмони воқеие,ки амру фармонҳои илоҳиро якояк иҷро ва дар зиндагӣ ба кор мегирад, ҳаргиз аз ин масъалаи бисёр муҳим ғофил намешавад ва ҳамвора онро овезаи  гӯшаш қарор медиҳад, зеро хушнудии Худо дар хушнудии падару модар ва хашму ғазаби Худо  дар хашму ғазаби падару модар аст.

Воқеан,аввалин мураббӣ ва муаллими инсоният модар аст. Ҳамаи олимону орифон, қаҳрамонону сипаҳсолорон, пешвоёну шоҳон дар оғӯши модар ба воя расидаанд.

Яке аз муҳимтарин умуре, ки ҳар як фарди мусулмон бояд ба он таваҷҷуҳ дошта башад, адои ҳуқуқи модар аст. Мусулмон бояд бидонад,ки ислом ба гунае бар мақому манзалати модар афзуда,ки башарият то ба ҳол монанди онро надидааст.

Дар Қурони карим ояҳои бешуморе вуҷуд дорад,ки хушнудии падару модарро дуруст баъд аз ризоияту хушнудии Худованд қарор медиҳад.

Дар ҳадиси Расули акрам(с) омадааст: "ал-ҷаннату таҳта ақдом -л-уммаҳот" , яъне "Биҳишт зери қудуми модарон аст".

Ҷанат ,ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Дар ин ҳадис зеботарин ва гуворотарин сано ба қадру манзалати модар садо додааст.

Лозим ба зикр аст, ки бо ибтикори Сарвари хирадманди давлат ҳамасола дар кишварамон санаи 8-уми март чун Рӯзи Иди Модар ҷашн гирифта мешавад. Ин боз ҳам далели эҳтироми хосса доштани Ҳукумати Тоҷикистон нисбати Зан- Модар аст.

Модари ман,модари ғамхори ман,

Ёди ту дар тирашабҳо ёри ман.

Абдусаттор Қурбонов,

Имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҳазрати Юсуф (а) шаҳри Ҳисор

Pray time in Dushanbe

18.05.2025

More
Fajr03:32
Zuhr12:40
Asr17:46
Maghrib19:44
Isha21:14
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More