Home Articles Оғози ботантанаи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Оғози ботантанаи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Оғози ботантанаи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»
2018-04-03
3780

Шакке нест, ки пешвоёнро дар ҷаҳон бо ташаббусҳои фарогир ва нақшгузорӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мешиносанд. Дар ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳонӣ ба шумор мераванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз 1200 сол бори дигар мардуми тоҷикро бо ҳам муттаҳид сохтанд ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро эҳё намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати сулҳпарвар ва мутараққӣ муаррифӣ намуданд.

Нақшаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардиданашон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масълаҳои глобалии олам ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муаллифи чор ташаббуси бузурганд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид амалӣ шудаанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Созмони милали муттаҳид ба ИМА сафари корӣ анҷом дода,  санаи 22 марти соли 2018 дар ҷаласаи тантанавӣ оид ба оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иштирок намуданд.

Ин ташаббуси Пешвои миллат ифтихори тамоми миллати тоҷик мебошад. Дар раванди «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар тамоми олам амалиёти хос гузаронида мешавад, ки ба ин васила миллионҳо мардуми сайёра дастрасӣ ба оби ошомидани пайдо карда, заминҳои хушк обёрӣ мешаванд.

Бо ин иқдом Пешвои миллати тоҷикон ғамхории худро нисбати аҳолии сайёра иброз намуда, дар вохӯрии сарони давлатҳо дар пойтахти Қазоқистон таъкид намуданд, ки: «Мо ҳамсояҳои худро ҳаргиз бе об намегузорем!».

Дар ҳақиқат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳбаре мебошанд, ки пешниҳодҳояшон бемамониат мавриди қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад, зеро чунин таклифу пешниҳодҳо танҳо ҳадафҳои башардӯстона доранд. Пешвои миллат ҳанӯз соли 1993 дар баромади таърихии худ аз минбари СММ масъалаҳои глобалии ҷаҳонро баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи давлатҳои аъзоёни СММ-ро ба худ ҷалб намуда буданд.

Иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат мавриди қадрдонии ҳамагон гардидааст. Сафари роҳбари СММ ҷаноби Гуттериш ба Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки Пешвои миллати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯву нуфузи бузург касб кардаанд.

Ҳамчунин дар ин раванд қабули Қатъномаи Маҷмааи умумии СММ дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018 - 2028), ки аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, аз боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.

Бо тасдиқи коршиносон қабули қатъномаи мазкур дар пасманзари оқибатҳои хатарноки ивазшавии иқлим, хушкшавӣ ё биёбоншавӣ дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, обхезиҳои шадид ва дигар офатҳои табиӣ, ки аз вайрон шудани низоми табиат дар тамоми ҷаҳон сар мезананд, дастрасӣ ба об, паҳн шудани бемориҳои сирояткунанда ба воситаи ифлос шудани он ва дигар масоили ба об марбут ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, саривақтию зарурӣ буда, аҳамияти умумибашарӣ дорад.

Тавре коршиносон арзёбӣ мекунанд, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии ҷаҳон бо мушкили норасоии об рӯ ба рӯ мегардад. Бар замми ин, раванди биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табиии вобаста ба об, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи чораҳои фаврӣ ва амалиро талаб мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари роҳбарони 10 кишвари дигари аъзои Созмони Милали Муттаҳид узви Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба об мебошанд. Имсол раванди омодагӣ доир ба гузарондани муколамаи кории Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оғоз мегардад. Дар ин раванд ҳамкории бештару зичтари давлатҳо дар соҳаи об барои ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда мусоидат менамояд.

Дабири кулли СММ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об баҳои баланд дод. Ба андешаи Дабири кулли СММ, Тоҷикистон дар ин ҷода ниҳоят ташаббуси хуб нишон дода, ҷомеаи ҷаҳониро ба таври зарурӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур водор намуд ва ҷамъ овард.

Қабули қатъномаи мазкур боиси ифтихори тоҷикистониён буда, мардуми кишвар моҳияти ин амали бузургро бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонанд. Ҳанӯз аз остонаи кӯдакистон ба бачаҳо дӯст доштани табиат, ҳифз ва сарфакоронаю оқилона истифода бурдани обро бояд талқин намуд. 

Дар робита ба ин Президенти кишвар масъалаи норасоии обро дар арсаи ҷаҳонӣ мавриди таваҷчуҳи хос қарор дода, дар Паёми худ зикр карданд, ки: “Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.

Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд, ки мақоми муҳим хоҳанд дошт”.

Чунин иқдомҳои Пешвои миллати тоҷикон ғамхорӣ нисбати аҳолии сайёра буда, хизмати бузурге барои тамоми одамон, новобаста аз ранги пӯст ва гуногунии забонҳо, яъне бартар аз миллату диёнат мебошад.

Мо бояд бо Пешвои миллатамон ифтихор дошта, Ватанамонро боз ҳам ободу зебо гардонем, зеро Ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад, чунки ин Ватан аз мост ва тақдири имрӯзу фардои он низ дар дасти худи мост.

Бинобар ин, мо – соҳибватанон бояд сарҷамъу аҳлона заҳмат кашем ва ба наслҳои оянда як мулки ободу давлати пешрафта ба мерос гузорем. Ин талаби замон, тақозои нангу номус, нишонаи соҳибватанӣ ва шарти ватандорист!

Агар мову шумо ғайрату ҳиммат карда, ҳамчун миллати фарҳангиву соҳибтамаддун сарфаю сариштакориро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил диҳем, Ватани мо дар камтарин муддат дар қатори кишварҳои мутараққӣ қарор мегирад.

Абдураҳмон Мавлонов

Сардори Раёсати таҳлил

ва ташхиси диншиноси Кумита

Pray time in Dushanbe

18.05.2025

More
Fajr03:32
Zuhr12:40
Asr17:46
Maghrib19:44
Isha21:14
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More