Мазҳаб аз нигоҳи ислом

Дар дини мубини ислом бар умумии мусалмонон воҷиб аст, ки аз мазҳаби хоссе пайравӣ кунанд. Дар мавзӯъ аввал нигоҳе ба қарни ибтидои ислом мекунем, ки оё дар садри ислом мусулмонон тобеъ ва пайрави кадом мазҳаби хосе буданд? Ё ин ки бо мурури замон зарурате барои таъсиси ин мазоҳиб пеш омад?
Аввал инро бояд бидонем, ки илсом дорои ду маъхази бузург, яъне Қуръону суннат буда, бешак дар ибтидои ислом ҷараёни хосе ба номи мазҳаб вуҷуд надошт, ки мусулмонон худро тобеъ ва пайравии он бидонанд, чунки мусулмонон дар асри Паёмбари Худо (с) ба Қуръону суннати набавӣ амал мекарданд.
Чунонки Худованд дар ояти 59-и сураи «Нисо» мефармояд:
«Эй муъминон! Худоро фармонбардорӣ кунед ва Пайѓамбару фармонравоёнро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед! Пас, чун дар чизе ихтилоф кунед, агар ба Худо ва рӯзи охир эътиқод доред, онро ба сӯи Худо ва Паёмбар бозгардонед! Ин ба (эътибори) оқибат беҳтар ва некӯтар аст».
Пас бинобар ҳамин мусулмонони қарни аввал ба тақлиду таъсиси ҳеҷ мазҳабе ниёз надоштанд, зеро бар ҳар масъалаи мубрам, ки мувоҷеҳ мешуданд, ҳатман онро аз Паёмбар (с) суол мекарданд. Аммо баъд аз риҳлати Расули Худо (с) Хулафои рошиддин (р) ба ҳамин тартиб ба Қуръону суннати набавӣ амал мекарданд ва агар масъалеро дар Қуръону суннат пайдо намекарданд, аз саҳобаҳо пурсон мешуданд, то чизеро доир ба ин масъала аз Паёмбари Худо (с) дар бораи ин масъала шунида ё дида бошанд, барояшон баён мекарданд то инки тамассук ба Қуръону суннати набавӣ сурат бигирад.
Мусалмонон дар садри ислом масоили худро аз тариқи шӯро ҳалу фасл менамуданд, замоне, ки шӯро дар миёни мусалмонон таътил шуду аз миён рафт, зарурати истинботу иҷтиҳод пеш омад ва дар ниҳоят ин кор сабаби эҷоди таъсиси мазоҳиб шуд. Дар замони саҳоба ва тобеин шароите ба вуҷуд омад, ки мазоҳиби фиқҳӣ зиёд рушд карданд ва пайравони зиёде ба худ доштанд. Бо мурури замон аксарияти ин мазоҳиб аз байн рафтанду ва пайравонашонро аз даст доданд, аммо аз байни ин мазҳабҳои мавҷуда, танҳо 4 мазҳаби муътабар аз қабили мазҳаби ҳанафӣ, ки муассиси он Имом Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (р), мазҳаби шофеӣ, ки муассисаш Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ, мазҳаби моликӣ, ки муассисаш Абуабдуллоҳ Молик ибни Анас ва мазҳаби ҳанбалӣ, ки муассисаш Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳанбал дар миёни мусалмонони аҳли суннат ва ҷамоат аз ҷойгоҳи хосе бархӯрдор буда, аз ибтидои таъсисашон то имрӯз дорои эътибору эҳтироми хосе буда, пайравони зиёдеро ба худ доштанду доранд.
Хусусан мазҳаби ҳанафӣ, ки дар олам нисбат ба мазҳабҳои дигар пайравони зиёде дорад. Аз ҷумла, 95% мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон пайрави ин мазҳаб ҳастанд ва масъалаҳои худро бар асоси раъю назари ҳамин мазҳаб татбиқ менамоянд. Ҳамин боис гардид, ки соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1310 солагии эшон ҷашн гирифта шуд, ки мо миллати тоҷик дар мазҳаби устувор хоҳем монд ва пайравӣ кардани ин мазҳабро мояи ифтихори худ медонем.
Аслиддин Насриддинов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи
ба номи «Умари Форуқ»-и ноҳияи Фирдавсӣ
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More