Home Articles Ҷойгоҳи илмомўзӣ аз нигоҳи Ислом

Ҷойгоҳи илмомўзӣ аз нигоҳи Ислом

Ҷойгоҳи илмомўзӣ аз нигоҳи Ислом
2015-05-23
4608

Ҷойгоҳи илмомўзӣ аз нигоҳи Ислом

     Илму дониш дар дини Ислом дорои манзилати бисёр бузург мебошад. Далели ин гуфта нахустин ояти Қуръони карим аст, ки ба Пайғамбар (с) нозил шуда, ба фаро гирифтани илм даъват намуд: «Бихон ба номи Парвардигорат, ки офарид». («Иқраъ»; 1).

     Худованди мутаъол ба қалам, ки василаи навиштан аст, қасам ёд намуда мефармояд: 
   
 «Нун. Савганд ба қалам ва он чи менависанд». («Нун»;1)

     Суннати набавӣ низ бар ҷойгоҳи волои илму дониш таъкиди фаровон дорад ва саъйу талош дар роҳи касби илмро василаи расидан ба биҳишти барин қарор додааст. Расули Худо (с) дар ин маврид фармудааст: «Шахсе дар роҳе равад, ки дар он илмеро меҷўяд, Худованд барои ў роҳе ба сўи биҳишт омода мекунад». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

     Ҷойгоҳи толибилм чунон баланд аст, ки фариштагон аз хушнудӣ бо болҳояшон ўро иҳота мекунанд. Сафвон ибни Ассол (р) мегўяд, ки назди Пайғамбар (с) омадам ва он ҳазрат дар масҷид бар гилеми сурхранг такя зада буданд. Ба ў арз кардам: «Омадаам, то илм биёмўзам». Он ҳазрат фармуданд: «Марҳабо ба толибилм, ҳамоно фариштагон толибилмро бо болҳояшон иҳота мекунанд». (Ривояти Аҳмад ва Табаронӣ).

     Илм ба ду навъ тақсим мешавад: Фарзи айн ва фарзи кифоя. Навъи аввал он масоиле аст, ки донистани он бар ҳар фарди мусулмон воҷиб ва ҳатмӣ аст ва агар дар омўхтани ин масоил кўтоҳӣ кунад, гунаҳгор мешавад. Ин масоил иборат аз шинохтани Парвардигор, Пайғамбар (с) ва вазифаҳои рўзмарраи динӣ аз қабили намоз, рўза ва аркону аҳкоми зарурии Ислом аст, ки омўхтану донистанаш барои ҳар мусулмон фарзи айн ба шумор меоравад. Навъи дувум он масоиле аст, ки ҷиҳати ҳосил намудани касбу ҳунар омўхта мешавад, аз қабили кишоварзӣ, пизишкӣ, муҳандисӣ ва дигар бахшҳои зиндагӣ. Ин навъ фарзи кифоя буда, бо омўхтани бархе афрод аз зиммаи дигарон соқит мегардад.

     Дини мубини Ислом, саршор аз дастурот ва тавсияҳо барои фаро гирифтани илм ва дониш аст. Қуръони карим дар мавориди бешуморе аз касоне, ки илм меомӯзанд ва соҳиби донишанд, мадҳ намудааст.

       Дар ҳақиқат илму дониш ва машғул шудан ба он ва таълим додани дигарон аз сифатҳое аст, ки ҳар инсони оқил онро меписандад ва дўст медорад. Дини мубини Ислом ба масъалаи илму дониш ва донишомўзию таълим додан ба дигарон таъкиди фаровон дорад ва мақоми илму дониш ва донишмандонро дар ҷойгоҳи бисёр баланде қарор додааст.
«…Бигў: «Оё онон, ки медонанд ва онон, ки намедонанд, баробар мешаванд?». («Зумар», 9).

      Ин ояти муборак мақоми волои илму донишро дар пешгоҳи Худованд нишон дода, баёнгари ин матлаб аст, ки камоли инсон дар ҳосил кардани илму маърифат ва амал кардан ба мазмуни он мебошад.
     Бузургони илму адаб низ дар васфи илмомўзӣ ва фазилати илму дониш ашъори дилпазир ва суханони арзишманде гуфтаанд, ки дар ин ҷо чанд намуна аз абёти онҳоро зикр мекунем:

    Аз Ҷалолуддини Румӣ:

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо, ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ.
Покиза шаву рост бизӣ, илм омўз,
То тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Аз Носири Хисрав:

Ба дониш шод гардӣ аз дилу ҷон,
Ки бе дониш бувад ҷовид ҳайрон.

Аз Абдурраҳмони Ҷомӣ:

Хотами мулки Сулаймон аст илм,
Ҷумла оламро гулистон аст илм.

Аз Абулқосими Фирдавсӣ:

Ҳар он кас, ки дониш фаромўш кунад,
Забонро зи гуфтор хомўш кунад.

Аз Иқболи Лоҳурӣ:

Ҳарфи «Иқраъ» Ҳақ ба мо таълим кард,
Ризқи мо аз дасти мо тақсим кард.

Шоири дигаре дар ин маврид басо зебо фармудааст:

Рифъати одамӣ ба илм бувад,
Ҳар киро илм беш, рифъат беш.
Қимати ҳар касе ба дониши ўст,
Соз афзун ба илм қимати хеш.

         Месазад ин ҷо чанде аз тавсияҳои донишмандони садри Исломро низ дар мавриди фазилати илму дониш ва фавоиди он баён намоем.

Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мефармояд:
«Дониш омўзед, чун онро фаро гирифтед, пас ба он амал кунед».

Ҳамчунин мегўяд:
   
«Вой бар касе, ки намедонад ва агар Худо бихоҳад, ба ў илм медиҳад. Вой бар касе, ки илм дорад, аммо ба он амал намекунад».

Умар ибни Хаттоб (р) мегӯяд:
«Дониш омўзед, пеш аз он ки сардор шавед».
«Марги ҳазор обид сабуктар аз марги як олими огоҳ аз ҳалолу ҳаром аст».

Имом Шофеӣ (р) мегўяд:

      «Он ки Қуръон меомўзад, қадраш боло мешавад, он ки фиқҳ биёмӯзад тавоноияш бештар мегардад, он ки ҳадис ҳифз кунад, ҳуҷҷат ва бурҳонаш қавӣ мешавад, он ки илми ҳисобро аз худ кунад, раъй ва назараш устувор мешавад, он ки адабиёт биёмӯзад, табъу сиришташ нарму латиф мешавад ва ҳар ки нафси худро нигоҳ надорад, илмаш ба ў суде набахшад».

     Олими дигаре мегӯяд:

     «Дар ҳар ҷое дар Қуръон аз банда мадҳ шудааст, бинобар самараи илму дониши ӯ мебошад ва ҳар ҷо, ки дар Қуръон банда мазаммат шудааст, бинобар натиҷаи ҷаҳли ӯ мебошад».

      Дар охир аз Худованди Мутаъол оҷизона мехоҳем, ки бароямон илми нофеъ ва амали солеҳ насиб гардонад.

Pray time in Dushanbe

23.05.2025

More
Fajr03:28
Zuhr12:40
Asr17:51
Maghrib19:48
Isha21:18
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More