Home Articles «Ташнаро як қатра об аз ганҷи қорун беҳтар аст!»

«Ташнаро як қатра об аз ганҷи қорун беҳтар аст!»

«Ташнаро як қатра об аз ганҷи қорун беҳтар аст!»
2018-04-09
2844

Пӯшида нест, ки на ҳама сиёсатмадорони дунё аз доираи як кишвар ё минтақа фаротар рафта, бо дарки масоили марбут ба башарият  бо ҳисси масъулияти том андешаронӣ менамоянд. Аммо  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди он ки мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоии Тоҷикистон дар даврони аввали баъди истиқрори сулҳ ҳанӯз хеле зиёд буд, бо фаҳми дурбинона масъалаҳои сатҳи ҷаҳониро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд, ки аз ҷониби ҷомеи ҷаҳонӣ истиқболи самимӣ ёфт.

Ҳамин тариқ, дар идомаи ин иқдомот Сарвари давлат ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ, рӯзи 22 декабри соли 2017 мужда доданд, ки ташаббуси глобалии дигари Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт.

Бешубҳа ин иқдомот аз садоқату башардӯстии Сарвари давлат дарак медиҳанд. Зеро дар шароити имрӯза, ки дар ағлаби кишварҳои ҷаҳон манофеи иқтисодӣ аз арзишҳои умумиинсонӣ боло шуморида мешаванд, пешниҳод намудани чунин масъалаҳо, ки ормони дили миллионҳо сокини сайёраро дар бар мегирад, кори саҳлу осон нест.

Худи иштирок ва суханронии Президенти кишвар дар Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаи об дар Созмони Миллали Муттаҳид, ки рӯзи 24.03.2018 баргузор гардид гувоҳи эътирофи сатҳ ва мақоми он кас дар арсаи байналмилалӣ аст. Сарвари давлат бори дигар исбот сохтанд, ки Тоҷикистон дар ҳалли масоили глобалии сайёра саҳми сазовор дорад.

Пешвои миллат дар мақолаи хеш, ки дар маҷаллаи СММ зери унвони «Об барои рушди устувор» ба чоп расид, бо масъули тамом иброз намуданд, ки  «…Мо имрӯз низ ин роҳи худро идома медиҳем ва ба рӯзномаи ҷаҳонии рушд мушкилоти вобаста ба обро фаъолона пешниҳод мекунем. Ҳамчун узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳои аъзои Панел мо чандин таклифҳо пешбарӣ кардем ва пешоҳангии сиёсии худро нишон дода, уҳдадориҳои худро иҷро карда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани як қатор ташаббусҳо кор карда истодаем».

Хушбахтона, доираи иқдомҳои неки кишвари мо васеъ магардад. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба об гурӯҳи давлатҳои «Дӯстони об» созмон ёфтааст, ки он аллакай зиёда аз 51 кишварро фаро гирифтааст.

Албатта пӯшида нест, ки бо афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон ва рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқ талабот ба об сол ба сол зиёд мешавад. Аммо таъминоти инсоният бо оби нӯшокӣ торафт ба мушкилоти рақами як табдил меёбад. Бар замми ин, гармшавии сайёра ва дигар офатҳои табиӣ мушкилоти дастрасӣ ба оби тозаро боз ҳам афзун мегардонанд. Чуноне ки дар мақолаи мазкур Президенти кишвар қайд намудаанд:

«…Тибқи баҳогузории пажӯҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон то ҳоло зиёда аз 844 миллион нафар одамон дар рӯи замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надоранд, 1,8 млрд. нафар одамон аз обҳое менӯшанд, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлосӣ ҳастанд, 2,4 млрд. нафар одамон ба шароити беҳтари санитария дастрасӣ надоранд. Интизор меравад, ки то соли 2050 шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисӣ дошта зиндагӣ мекунанд, то ба 2,3 млрд. мерасад. 

Таъсир ва зарари тағйирёбии иқлим бар асари офатҳои табиии ба об алоқаманд бештар ҳувайдо мешавад. Давоми солҳои 2000-2016 бар асари селу обхезиҳо зиёда аз 107 ҳазор одамон ба ҳалокат расидаанд. То соли 2050 ҳаҷми иқтидорҳое, ки таҳти хатари обхезӣ қарор мегиранд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ метавонад 45 триллион доллари ИМА-ро ташкил кунад. Яке аз оқибатҳои ҷиддӣ дар ин маврид вайрон шудан ва аз кор баромадани инфрасохторҳои гуногуни хоҷагии халқ мебошад».

Бо назардошти ин Сарвари давлат ҷиҳати ҳалли масоили мазкур ба таври конкрет самтҳои асосии расидан ба ҳадафҳои рушди устуворро дар истифодаи ин неъмати бебаҳо барои аҳли сайёра муайян кардаанд, ки иборатанд аз маблағгузорӣ, маблағгузорӣ ва инфрасохтор, гузаштан ба «рушди сабз» ва муносибати муносиб, ҷалб намудани ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва ҳамкории фаромарзӣ.

Бешубҳа, чуноне, ки дар мақола зикр гардидааст: «Рушди дипломатияи об барои ҳалли масъалаҳои байнидавлатӣ дар соҳаи об воситаи калидӣ мебошад».

 Дар ин самт, бо ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои мустаҳкам гузошта шудаанд. Боварии комил дорем, ки дар солҳои наздик ин иқдомот самар оварда, барои дастрасӣ ба оби тоза ва истифодаи самараноки он барои рушди зиндагии мардуми сайёра мусоидат хоҳад кард.

Мунсур Назаров

сармутахассиси Кумитаи дин

Pray time in Dushanbe

18.05.2025

More
Fajr03:32
Zuhr12:40
Asr17:46
Maghrib19:44
Isha21:14
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More