Home Articles Масъулияти мусулмонии худро бишносем

Масъулияти мусулмонии худро бишносем

Масъулияти мусулмонии худро бишносем
2018-04-27
2951

Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, аз он, ки соли сипаришуда ва чанд соли пештар пур аз таҳаввулоту рӯйдодҳои ногаҳонӣ ва дигаргун шудани асосҳои қаблан хеле устувори низоми байналмиллалӣ буд. Ба вуҷуд омадани алангаи нави мухолифату рӯёрӯӣ ва низоъҳо дар Шарқи Наздик, алалхусус бӯҳрони Афғонистон, Ироқ, Сурия, Баҳрайн, Яман ва бархе аз кишварҳои африқоӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва силоҳ, шиддат гирифтани мушкилоти экологӣ ва иҷтимоӣ, хуруҷи бемориҳои наву басо хатарноки сирояткунанда, коҳиш ёфтани нуфузи ниҳодҳо ва асосҳои ҳуқуқи инсон ва равобити байналмилалӣ заминагузорӣ намуд.

Ҳодисаҳои чанд соли охир дар ҷаҳон бори дигар исбот намуданд, ки набудани амнияти сартосарӣ, набудани ваҳдати миллӣ, нақзи ҳуқуқи инсон, мушкилоти зиёди иҷтимоӣ боиси нобасомониҳо шуда, аз чунин фурсат қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба суди худ манфиат дидан мехоҳанд. Аз заифии як ҷомеа ва надоштани ҳомии қавии бозингари сатҳи ҷаҳонӣ, маҳрум будан аз қудрати муҳофизатӣ, надоштани силоҳҳои замонавӣ истифода бурда, қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ба он кишвар бо баҳонаҳои гуногун ҳуҷум мекунанд, ба нобудшавии қавму миллат, зербиноҳо, ғорати сарвати моддию маънавӣ, фарҳангу оинҳо сабаб мешаванд. Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфта буданд: “Омилҳои пайдоиш ва хуруҷи ин нобасомониҳо исбот менамоянд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балкӣ як таҳдиди умумӣ ба ҷомеаи башарӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

Талошҳои якҷоя ва дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, барои сулҳу субот ва амният асоси эмин нигоҳ доштани сайёра аз экстремизм ва терроризм мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеа, ҳар як мусалмони комил вазифадор аст, ки ба ободонии кишвар, тинҷиву оромӣ, пешрафту тараққиёти Ватан шукр намуда, алайҳи террористу экстремистҳо, ки номи мусалмон ва фарҳанги ноби исломро олуда кардан мехоҳанд, бетараф набошад.

Атохӯҷа Имомов,

имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Левакант

Pray time in Dushanbe

17.05.2025

More
Fajr03:33
Zuhr12:40
Asr17:45
Maghrib19:44
Isha21:14
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More