Home Articles Қуръон ҳимояи ватанро тақозо мекунад

Қуръон ҳимояи ватанро тақозо мекунад

Қуръон ҳимояи ватанро тақозо мекунад
2018-04-27
3358

Ҳимояти марзу буми ватани азизамон дар ӯҳдаи ҷавонони бо ирода ва дар азмашон устувор вогузорида шудааст.

Албатта ҳар як ҷавоне, ки иродаи мустаҳкаму қавӣ дорад, барои хизмати Модар-Ватан собитқадамона кӯшишу ғайрат менамояд, то ин ки падару модар, хоҳару бародар, наздикону пайвандон ва мардуми азизи кишварамон орому осоишта зиндагӣ ба сар баранд, дар чеҳраи кӯдакон ҳамеша хандаву хушҳолӣ ҳувайдо бошад ва Истиқлолияте, ки бо ранҷу машаққатҳои гарон ба даст омадааст, ҳамеша пойдору устувор боқӣ бимонад.

Албатта ҳар як ҷавоне, ки барои ҳимояи Ватан собитқадам ва устувор мебошад, Аллоҳи бузург ҳамеша ёру мададгори ӯ мегардад, зеро чунин ҷавонон бо ҳукми Худованд, ки дар ояти 200 сураи Оли Имрон: «Эй мӯъминон сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед бошад ки растагор шавед» амал мекунанд.

Муфассирон мегӯянд, ки ибораи «ва робиту» яъне омода бошед дар ҳаққи марзбонон мебошад, ки Худованди мутаол мегӯяд: «Шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омода бошед». Чунин ҷавонон баъди адои хизмати ватан албатта дар зиндагии худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегарданд. Худованд чунин ҷавононро дар паноҳи исмати некаш эмин нигоҳ дошта ҳамеша сарбаланду хонаобод бигардонад.

М.Муҳамадхоҷаев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

«Имоми Аъзам»-и ноҳияи

Б.Ғафуров

Pray time in Dushanbe

14.06.2026

More
Fajr03:23
Zuhr12:40
Asr17:54
Maghrib20:00
Isha21:30
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More