Қуръон ва суннат дар бораи ҷойгоҳи илм ва уламо.

Қуръон ва суннат
дар бораи ҷойгоҳи илм ва уламо
Ҳамд Худои Субҳонро, ки дар баробари имон ба мӯъминон неъмати илмро низ фароҳам сохт, то битавонанд, ҳақро аз ботил, сафедро аз сиёҳ ҷудо намуда, Холиқи хешро бишносанд ва танҳо Ӯро парастиш кунанд ва ба Ӯ шарик наёранд.
Дуруд ба Паёмбаре, ки бо даъвати Аллоҳи зулҷалолро иҷобат кард ва чун нури тобон, инсонҳоро аз қаъри ҷаҳлу торикӣ ба сӯи олами ҳақиқат ва маънавиёт раҳнамун сохт ва миллиардҳо одамонро шефтаю ошиқи худ намуд.
Илм воқеан чароғи равшанест, ки роҳи торики моро равшан ва қалбҳои моро музайян мекунад.
Худованди азза ва ҷалла дар сураи Зумар мефармояд:
قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ ۗ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ
“Бигӯ: Оё баробар мешаванд,онон,ки медонанд ва онон, ки намедонанд? Ҷуз ин нест,ки соҳибони хирад пандпазир мешаванд” (“Зумар”,ояти 9).
Агар инсон бо тафаккур нигоҳ кунад, дармеёбад,ки ҳеч гоҳ одами ҷоҳилу нодон бо инсони олиму фозил баробар нест. Шахси нодон аз он сабаб,ки пандро намепазирад, худро ба вартаи ҳалокат меандозад. Аммо донишманд, аз ҷиҳати пазируфтани панд роҳи ростро дармеёбад ва на танҳо худ, балки дигаронро низ наҷот медиҳад.
Аз ин рӯ олим ба ҷиҳати огаҳӣ аз ҳақиқат аз Худо метарсад ва саъй дорад,ки лаҳзае аз умри худро зоеъ накунад. Чунончӣ, Худованд дар сураи “Фотир” ба ин маънӣ ишора карда:
إِنَّمَا يَخْشَى اللَّهَ مِنْ عِبَادِهِ الْعُلَمَاءُ
“Ҷуз ин нест, ки аз бандагони Худо фақат олимон аз ӯ метарсанд”. (“Фотир”, ояти 28).
Ҳар кас,ки огоҳтару донишмандтар бошад, тарси ӯ ҳамон қадар зиёд мешавад. Кӯшиш мекунад, бо амали холис, зӯҳду тақво ризои Худои Олиму Ҳакимро дарёбад, зеро ӯ медонад, ки олими боамал дар назди Худо қадру манзалати хосае дорад. Дар ин маврид Худованд дар сураи “Муҷодала” чунин мефармояд:
يَرْفَعِ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنكُمْ وَالَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ دَرَجَاتٍ
“Худо ононеро,ки мисли шумо имон овардаанд ва ононеро,ки ба онҳо илм ато карда шудааст,ба мартабаҳо баланд кунад”. (“Муҷодала”, ояти 11).
Ин буд чанд ояте аз гулбоғи қуръонӣ дар бораи фазилати илму дониш, мавқеъ ва мартабаи донишмандон дар Ислом.
Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам низ дар ҳадисҳои худ фазилати илмомӯзиро тарғиб карда, дар васфи олимони дин суханҳои накӯе фармудаанд.
Чунончи, дар ҳадисе, ки аз Муовия (р) ривоят шудааст, Расули акрам (с) чунин фармуда:
مَنْ يُرِدِ اللهُ بِهِ خَيْراً يُفَقِّهْهُ في الدِّينِ . متفقٌ عَلَيْهِ .
“Касе ки Худованд барои ӯ хайр хоста бошад, дар дин донишмандаш месозад”. (Муттафақун алайҳ).
Ва ё ҳадиси дигареро Ибни Масъуд (р) аз ҳазрати Паёмбар (с) нақл кардааст, ки дар он сифати олими олими ҳақиқӣ васф шудааст:
لا حَسَدَ إِلاَّ في اثْنَتَيْنِ : رَجُلٌ آتَاهُ اللهُ مَالاً، فَسَلَّطَهُ عَلَى هَلَكَتِهِ فِي الحَقِّ، وَ رَجُلٌ آتَاهُ اللهُ الحِكْمَةَ، فَهُوَ يَقْضِي بِهَا وَيُعَلِّمُهَا. متفقٌ عَلَيْهِ .
“Ҳасад нест, магар дар ду чиз: Марде ки Худо бар ӯ молу сарват дода ва ӯро дар масраф кардани он дар роҳи ҳақ чира сохтааст ва марде, ки Худо ба ӯ илм додааст, ки ба он ҳукм намуда ва онро таълим медиҳад”. (Муттафақун алайҳ).
Расули акрам (с) мефармоянд, ки инсон ҳатто бо як оят ҳам метавонад, дар таблиғи дин ҳиссагузор бошад, аммо эҳтиёт кунад, ки бар сухани Расули Худо (с) дурӯғ наёмезад, зеро дар ин сурат подоши ӯ дӯзах хоҳад буд. Дар ин маврид Абдуллоҳ ибни Амр (р) аз ҳазрати Муҳаммад (с) ривоят намудааст:
بَلِّغُوا عَنِّي وَلَوْ آيَةً ، وَحَدِّثُوا عَنْ بَنِي إسْرَائِيلَ وَلاَ حَرَجَ ، وَمَنْ كَذَبَ عَلَيَّ مُتَعَمِّداً فَلْيَتَبَوَّأْ مَقْعَدَهُ مِنَ النَّارِ . رواه البخاري .
“Таблиғ кунед аз ман, ҳарчанд ки як оят ҳам бошад, аз Банӣ Исроил суҳбат кунед ва гуноҳе бар шумо нест, касе, ки аз рӯи қасд бар ман дурӯғ бандад, бояд ҷойгоҳашро дар дӯзах омода созад”. (Ривояти Бухорӣ).
Расули акрам (с) барои уламо ва толибони илм башорати хубе дода мефармоянд:
“Ҳар касе дар роҳе равад, ки дар он илмеро меҷӯяд, Худованд роҳи ӯро ба сӯи биҳишт осон мекунад”. (Ривояти Муслим).
Ва ё дар ҳадиси дигар ҳазрати Паёмбар (с) чунин мужда додаанд:
مَنْ خَرَجَ في طَلَبِ العِلْمِ فَهُوَ في سَبيلِ اللهِ حَتَّى يَرْجِعَ )). رواه الترمذي
“Ҳар ки дар талаби илм барояд, пас ӯ то бозгашташ дар роҳи Худо аст”. (Ривояти Тирмизӣ).
Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) мартабаи олимро аз обид боло гузоштаанд. Абӯумома (р) аз Расули акрам (с) ҳадиси зерин нақл кардааст, ки баёнгари суханҳои болост:
فَضْلُ العَالِمِ عَلَى العَابِدِ كَفَضْلِي عَلَى أدْنَاكُمْ )) ثُمَّ قَالَ: إنَّ اللهَ وَمَلاَئِكَتَهُ وَأهْلَ السَّماوَاتِ وَالأَرْضِ حَتَّى النَّمْلَةَ في جُحْرِهَا وَحَتَّى الحُوتَ لَيُصَلُّونَ عَلَى مُعَلِّمِي النَّاسِ الخَيْرَ . رواه الترمذي.
“Фазилат ва бартарии олим бар обид-монанди фазилати ман бар поинтарини шумо аст. Сипас афзуд: “Худо ва фаришатгони ӯ ва аҳли осмонҳо ва замин, ҳатто мӯр дар лонааш ва моҳӣ бар касе, ки бар мардум дарси хайр медиҳад, дуруд мефиристанд”. (Ривояти Тирмизӣ).
Ҳадафи аслии талоши ҳар инсон барои ба даст овардани савоб ва ризояти Худост, то дар охират сарбаланду комгор бошад.
Дар ҳадисе, ки Абӯҳурайра (р) аз ҳазрати Расули акрам (с) ривоят кардааст, амалҳое зикр шудааст,ки баъди марги инсон низ қатъ намегардад.
إِذَا مَاتَ ابْنُ آدَمَ انْقَطَعَ عَمَلُهُ إِلاَّ مِنْ ثَلاثٍ : صَدَقَةٍ جَارِيَةٍ ، أَوْ عِلْمٍ يُنْتَفَعُ بِهِ ، أَوْ وَلَدٍ صَالِحٍ يَدْعُو لَهُ . رواه مسلم .
Ҳазрати Паёмбар (с) мефармоянд: “Чун инсон бимирад, амали ӯ қатъ мегардад, ҷуз аз се чиз: Садақаи ҷория, ё илме, ки аз он суде баранд, ё фарзанди солеҳе,ки барояш дуо кунад”. (Ривояти Муслим).
Барои ҳамин то ҷое ки имкон дорад, барои ҳидояти мардум ба роҳи рост бояд саъю талош кард, зеро Расули акрам (с) дар ин хусус башорат додаанд, ки:
فَوَاللهِ لأَنْ يَهْدِيَ اللهُ بِكَ رَجُلاً وَاحِداً خَيْرٌ لَكَ مِنْ أنْ يَكُونَ لَكَ حُمْرُ النَّعَمِ . متفقٌ عَلَيْهِ .
“Савганд ба Худо, ки агар Худованд ба дасти ту як мардро ҳидоят кунад, бароят аз шутурҳои сурх беҳтар аст”. (Муттафақун алайҳ).
Пас аз овардани оёту аҳодиси дар боло зикршуда, дигар шакке нест, ки дар дили бародарону хоҳарони мӯъмин ахтаре фурӯзон мешаваду эшон ҳаёти боқимондаи хешро барои талаби илм дар роҳи ризои Худо сарф хоҳанд намуд, то ин ки биҳиштро дарёбанд. Зеро ин муждаи пешвои мо-ҳазрати Паёмбари гиромӣ (с) аст, ки фармудаанд:
لَنْ يَشْبَعَ مُؤْمِنٌ مِنْ خَيْرٍ حَتَّى يَكُونَ مُنْتَهَاهُ الجَنَّةَ . رواه الترمذي .
“Мӯъмин ҳаргиз аз хайр (илм) сер намешавад, то ниҳояташ ба биҳишт анҷомад”. (Ривояти Тирмизӣ).
Аз Худои азза ва ҷалл масъалат дорем,ки барои мо илми нофеъ ато фармояд ва моро дар роҳи илм устувор гардонад, то ин ки ниҳояти кори мо биҳишт бошад. Омин!
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More