Home Articles Иддаои аргентина суолҳоеро дар зеҳн ба вуҷуд меорад...

Иддаои аргентина суолҳоеро дар зеҳн ба вуҷуд меорад...

Иддаои аргентина суолҳоеро дар зеҳн ба вуҷуд меорад...
2018-07-20
2635

Вақте ки инсон ба шабакаҳои интернетӣӣ назар мекунад, аз ҳаводиси олам бохабар мешавад, аз баъзе хабарҳо дар ҳайрат мемонад.

Банда ҳам вақт хабари "Аргентина аз Русия  боздошти Алӣ Акбар Вилоятиро дархост кард"-ро хондам, дар ҳайрат мондам, ки Вазорати умури хориҷии Аргентина ҳеҷ вақт бе далелу ҳуҷҷат даъво намекунад, ки собиқ вазири корҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Вилоятӣ дар бомбагузории соли 1994 дар Буэнос Айрес даст дорад ва дар ин ҳодисаи  мудҳиш 85 нафар одамони бегуноҳ қурбони  адоват шудаанд.

Дар вақти мутолиаи ин дархост пеши назарам гирдиҳамоиҳои солҳои  баъди навадум ва беадолатиҳои  майдони “Шаҳидон”, ки аз тариқи телевизиони «ҳукумати муросои  миллӣ» ва шабакаҳои мустақими Эрон ҳадафмандона намоиш дода мешуду шиорҳои онҳо ҷилвагар шуд, ки онҳо дар ин бесарусомониҳо бо ҳаяҷон ҳамчун такягоҳи боэътимоди  худ фарёд  мезаданд, такрор - такрор шиор мепартофтанд: «Атри гули Муҳаммадӣ - Вилояти  хуш омадӣ» ва “Саллӣ ало Муҳаммад, Вилоятӣ хуш омад”.

Баъди он ба худ савол додам, ки «Вилоятӣ» дар ҳамон замони ҳассос, ки Тоҷикистон дар вартаи ҷанги дохилӣ буду  миллати тоҷик дар хавфи парокандагӣ, чӣ хидмате ба халқи Тоҷикистон мекард? 

Дар ҳамон замоне, ки Ҳизби хиёнаткори наҳзат тамоми мардумро ба ҷанг даъват мекард, дар охир халқи тоҷикро ба хун оғушта кард, наҳзатиён оѓои Вилоятиашонро бо хурсандӣ “хушомадед” мегуфтанд.

Аз ин хабарҳо ва таърихи начандон дури Тоҷикистон  возеҳу равшан мешавад, ки дар таги коса нимкосае буд ва ҳаст, ки ба якдигар шабоҳат доранд, то имрӯз дастгирии ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби хиёнаткори наҳзат низ аз он истисно нест.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,

ноиби аввали Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон,

сархатиби масҷиди ҷомеи Марказии шХуҷанд ба номи Шайх Маслиҳатдин

Pray time in Dushanbe

30.11.2024

More
Fajr05:45
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:07
Isha18:37
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More