Home Articles Амали хайру савоб сарҳад надорад

Амали хайру савоб сарҳад надорад

Амали хайру савоб сарҳад надорад
2018-08-18
3134

Баъди чанде яке аз идҳои муқаддас ва хеле шукуҳманди дини мубини Ислом – иди Қурбон фаро мерасад ва вобаста ба он ки дар ин ойини деринаи динӣ кӯдакон ба кӯчаву хиёбонҳо баромада, хона ба хона идгардак мекунанд, дар расонаҳо иттилооти гуногун ба нашр мерасад. Ҳар фарди мусалмон аз таърихи ин ид ва мазмуну муҳтавои исломии он огаҳӣ дорад. Аммо тӯли солҳои зиёд расм шудааст, ки кӯдакон субҳи барвақт гурӯҳ-гурӯҳ ба хонаҳо ворид шуда, бар ивази идгардакашон асосан ашёи ночиз – сақичу пуфак мегиранд ва чунин рафтори тифлон рабте ба моҳияти дин надорад.

Албатта, рафтан дар ин рӯзи муборак ба хонаводаҳое, ки наздикони хешро аз даст додаанд ва дуову фотиҳа кардан ба арвоҳи онҳо, арзи таслият кардан ниҳоят расми хуб аст. Барои калонсолон дар ин рӯз ёди гузаштаҳо кардан, ба хотир овардани сафҳаҳои ибратбахши рӯзгори онҳо амали ибратомӯз аст, зеро чунон ки Саъдии бузургвор фармудааст:

 

Зиндаи ҷовид монд, ҳар к-ӯ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро…

 

ғайр аз ин, дар роҳи ризои Худо ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб дар ин рӯзи муборак – гирифтани дасти барҷомондагон, кумак ба муҳтоҷон, ёрӣ расондан дар таъмири ҷойҳои таълим ва ҷамъиятӣ, иншооте, ки барои истифодаи доимии одамон заруранд, аз ҷумла роҳу пулҳо ва беморхонаву китобхонаҳо аз беҳтарин корҳоест, ки савоби доимӣ дорад. Ин гуна корҳо, албатта, барои одамони бузургсол ва онҳое, ки имконияти молӣ доранд, дахл дошта метавонад. Онҳое, ки имкони чунин кумакҳоро надоранд, бояд аз аҳволи хешу табори эҳтиёҷманд ва наздикони ғамдори хеш хабар бигиранд. Бо забони хуш ва лафзи меҳрубонӣ дастгирӣ кардан низ савоби вофир дорад.

Ин ҷо мемонад амали кӯдакон, ки онҳо ниёз ба тартиби муайяне доранд. Ба таври имрӯза – гурӯҳ-гурӯҳ хона ба хона гаштани тифлон ва бар ивази ин равуо сақичу баъзе чизҳои камбаҳову зарарнок гирифтанашон ҳеҷ маънӣ надорад. ғайр аз ин, ин гаштугузори тӯлонӣ хатар ба саломатии худи онҳо дорад ва аз тарафи дигар, боиси парешонхотирии волидон низ мегардад. Падару модарон дар ин рӯз ҳар ҷое бошанд, қабл аз ҳама, аз кӯдаконашон ёд мекунанд, ки онҳо дар куҷо бошанд ва оё саломат ба хона расидаанд… Яъне хавосашон доим парешон аст.

Суоли дигар пайдо мешавад, ки оё метавон ин расми паҳншударо аз байн бурд? Ба ин суол посух додан аз он ҷиҳат мушкил аст, ки расму ойини хона ба хона гаштани кӯдаконро, ки давраҳои тӯлонӣ дар ҳушу ёди мардум нақш бастааст, зуд аз байн бурдан имкон надорад. Корҳои зиёди фаҳмонидани мардум, суҳбатҳо дар маҳалҳо лозим аст, ки ин амал такрор наёбад ва як самти дуруст гирад. Яке аз шахсиятҳои намоёни ҷомеаи мо – Зафари Мирзоён пешниҳод кардааст, ки азбаски пеши роҳи гаштугузори кӯдаконро гирифта намешавад, ба ҷойи сақичу пуфак ба онҳо қаламу дафтар диҳем. Албатта, таклифи хуб аст. Бо ин роҳ тифлон лозим будани таълимро дарк мекунанд. Аммо аз тарафи дигар, қаламу дафтар дар шароити кунунӣ нархи гарон ҳам дорад ва як ойилаи миёнаҳол аз уҳдаи таъмини идгардаки кӯдакон бо ин маводро нахоҳад дошт.

Албатта, роҳҳои ислоҳи вазъи идгардаки кӯдакон вуҷуд доранд, аммо таблиғоти зиёд, корҳои дастаҷамъиро тақозо дорад.

Якеаш ҳамин аст, ки падарону модарон дар ин рӯз ҳангоми ба аёдати хешу табор рафтан кӯдаконашонро ҳамроҳ баранд. Бо ин роҳ тифлон аҳаммияти хешутаборӣ ва мақсади дуоро барои рӯҳу арвоҳи гузаштагон дурусттар мефаҳманд. Инчунин мефаҳманд, ки қадри инсон на танҳо дар вақти зиндагӣ, балки баъди марг ҳам побарҷост. Бо хатми ин кор кӯдаконро аз равуои зиёдатӣ манъ кунанд. Дигар мавриди маҳдуд кардани идгардаки бетанзим бо ташаббуси идораҳои дахлдор ва кумитаҳои маҳаллаҳо ташкили бозиҳои шавқовар дар ин рӯз мебошад. Чорабиниҳо бояд оммавӣ ва чунон ҷаззоб бошанд, ки ҳар кӯдаке майли ба он ҷо рафтан кунад. Дигар ин ки ташкили маҳфилҳо ва сайругаштҳо бо мураббияҳо ба ҷойҳои таърихӣ, ба хонаводаҳои шахсони машҳуру маъруф ва ташкили суҳбатҳо бо онҳо низ иқдоми хуб аст. Ба кӯдакон фаҳмонидан лозим аст, ки дар ин рӯзи саид низ дасти одамони танҳову барҷомондаро гирифтан савоб аст. Ҳамин тавр, кӯдакон аз хурдӣ дарк хоҳанд кард, ки ҳамаи мардум дар як ҳол қарор надоранд, одамони бекас, одамони эҳтиёҷманд ҳамеша буданд ва дар ҷомеа ҳастанд ва ниёз ба кумаки одамони дигар доранд.

Кӯдакон дар табиати худ айбе надоранд. Онҳо дар рӯзҳои ид хушӣ кардан мехоҳанд, пас, танзими хушҳолии онҳо бо роҳу усулҳои гуногун вазифаи калонсолон аст. 

Саидмукаррам  Абдуқодирзода

Раиси Шӯрои уламо 

Pray time in Dushanbe

30.11.2024

More
Fajr05:45
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:07
Isha18:37
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More