Home Articles ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ
2018-08-24
3139

Сафари бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва суҳбату вохӯриҳои Сарвари давлати тоҷикон бо сарварони ин кишвар як рӯйдоди таърихӣ дар муносиботи ин давлат дар солҳои охир ба шумор меравад.

Дар натиҷаи ин вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо дар тамоми соҳаҳои зиндагии мардуми ин ду сарзамин – иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму маориф, дин, таҳсилот, гумрук, таҳкими савдо ва гардиши мол, сайёҳӣ ва ғайра шартномаҳои дуҷониба баста шуданд, ки бо корбурди онҳо сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба дараҷаи ҳамкориҳои стратегӣ хоҳад расид. Таърих дар сатҳи муносибатҳо чунин волоиятро ҳанӯз намедонад.

Сарвари давлати Тоҷикистон дар ниҳояти сафар дар «Шоми дӯстӣ» ба чандин фазилатҳои дӯстиву бародарии халқҳои ин ду кишвар ишора карда, онро воқеаи таърихӣ номиданд. «Боиси сарфарозист, ки мову шумо имрӯз заминаи боэътимоди робитаҳои гуногунҷанбаи кишварҳоямонро бо созишномаҳои нав ғанӣ гардонидем ва онҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ бардоштем. Ҳамсоя будани тоҷикон ва ӯзбекҳо, дар як муҳити ҷуғрофӣ зиндагӣ кардан ва аз як сарчашма об нӯшидани онҳо ҳукми тақдир мебошад. Эҳсоси олии дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии якдигар асосҳои таърихии   муносибатҳои байни халқҳои мо мебошанд, ки тӯли асрҳо аз насл ба насл интиқол ёфтаанд. Яъне халқҳои мо садсолаҳои зиёд бо фарҳанги куҳану ҳаммонанд ва одобу русуми яксон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва самимияту бародарӣ паҳлуи ҳам зиндагӣ кардаанд. Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанд ҳастанд».

Ин гуна суханони самимонаи Президенти Тоҷикистон ягон шахсро бетараф намегузорад. Дар ҳақиқат ҳам аз қадимулайём тоҷикону ӯзбекҳо ду халқи ба ҳам қарин буданд, ҳамеша миёни ин ду мардум урфу одат ва расму ойинҳои муштарак вуҷуд дошт. Ниёгони шарафманди мо дар давоми садсолаҳо мероси беҳамтои фарҳангиву илмиеро ба вуҷуд оварда, ба мо вогузор намудаанд. Ин мероси ниёгони мо сармояи бузурги маънавие буда, ки ба мо имконият фароҳам меорад, ки имрӯз ва дар оянда низ дар фазои дӯстиву бародарии самимона кору зиндагӣ кунем. Эҷодиёти шахсиятҳои бузурги илму адабу фарҳанг, ки барои тоҷикону ӯзбекҳо мояи ифтихори муштараканд, сармояи воқеан пурарзиши маънавии халқҳои мо мебошад. Дар садри ин бузургон, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ қарор доранд. Роҳи ҳаётии ин ду шоиру мутафаккири бузург, ки дар фаъолияти эҷодии онҳо  инъикос ёфтааст,  намунаи олии дӯстӣ ва эҳтироми мутақобилаи халқҳои мо мебошад.

Шавкат Мирзиёев дар баромадашон хеле хуб зикр намуданд, ки халқҳои тоҷику ӯзбек ба мисли ду шохи як дарахт  ва  ду шохоби як дарё мебошанд. «Мо дорои як дин, замин ва оби умумӣ мебошем. Мо дар шодиву ғам якҷоем, мо ҳамтақдирем. Мо анъанаҳои неки ниёгонамонро идома дода, бояд дӯстии халқҳямонро таҳким бахшем ва ҳифз намоем».

Инҳо ҳама суханони пур аз самимият ҳастанд, ки аз ҷониби Сарвари давлати Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев садо доданд. Агар ба таърих нигарем хоҳем дарёфт, ки умумияти фарҳангии ин ду халқ аз асрҳои 15-16 оғоз мешавад. Ин умумиятро пеш аз ҳама мо дар таҷлили Наврӯзи бостонӣ мебинем, ки ҳатто номаш бетағйир то рӯзҳои мо дар забони ин ду халқ боқӣ мондааст.

Акнун ҳамин мемонад, ки иҷрои ҳама шартномаҳо ва қарордодҳои ду давлат дар амал татбиқ гардида, уфуқҳои нав дар муносибатҳо кашф карда шаванд. Барои инҳо заминаи мусоид – азми дӯстии устувор вуҷуд дорад, ҳарду мардум кайҳо боз хоҳони рушди муносибатҳои ҳамсоягӣ ва тиҷорату савдо ҳастанд, ҳаққи хешӣ миёни ҳамдигар доранд.

Дустӣ ба ҷуз бахту саодат, хушнудиву пирӯзӣ ва осудаҳолӣ ягон зиёне надорад. Танҳо дӯстии бардавом ва поку беолоиш ба саодати умумӣ расонда метавонад, ки аксари  нишонаҳояш дар ин сафари Пешвои миллат аён гардиданд.   

Раёсати Маркази исломӣ

Pray time in Dushanbe

30.11.2024

More
Fajr05:45
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:07
Isha18:37
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More