Home Articles “Наҳзат” ё “Ҳизбуллоҳ”?

“Наҳзат” ё “Ҳизбуллоҳ”?

“Наҳзат” ё “Ҳизбуллоҳ”?
2018-08-31
2636

Аз тамошои филми мустанади “Бозгашт аз Ҷаҳаннам”, ки дар он Сатторов Айёмуддин- узви фаъоли ТЭТ ҲНИ аз ҷиноятҳои ин ташкилоти террористӣ ва созмондиҳандагони он, хусусан хадамоти амниятии Ҷумҳурии исломии Эрон хабар медиҳад, ҳар инсони солимфикр ба хулоса меояд, ки ТЭТ ҲНИ аз рӯзҳои аввали фаолияташ аз номи поки ислом сӯистифода намуда, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои палиди худ аз ҳеҷ чиз намеандешидааст.

Дарвоқеъ, ТЭТ ҲНИ ҳамон “Ҳизбуллоҳ”-и Эрон аст, ки дар асоси таълимоти динӣ-сиёсии ташкилоти терорристии байналмилалии Ихвонул Муслимин ва Ҳумайнизми сиёсӣ ба вуҷуд омадааст, аммо устокорона бо номи “Наҳзат” таъсис дода шуд, то мардуми кишварҳои Осиёи Миёна, ки аксаран суннимазҳаб мебошанд, дарк накунанд ва аз он мутанаффир нашаванд ва бо як самимият аз таълимоти он истиқбол гирифта, аъзои он гарданд.

Худро муриди раҳбари инқилоби Эрон донистан, дар васфи ӯ шеъру суруд хондан ва дар маҷаллаҳо мақолаву достон навиштан, дар гирдиҳамоиҳои солҳои 1991-1992 шиорҳои инқилобӣ додан, ба фарзандони худ номҳои охундҳои шиаро гузоштан, бо рӯҳониёни маъруфи суннимазҳаб ихтилоф намудан ва фатвои қатли онҳоро додан, садҳо ҷавонро ба мадориси аҳли ташайюъи Ҷумҳурии Исломии Эрон бурдан ва даҳҳо нафарро дар шаҳрҳои Бумаҳен, Пардис, Ароқ ва остонаи Мозандарон таълими диверсионӣ омӯхтан гувоҳи ин гуфтаҳост.

Хулоса аз ин филми мустанад маълум мегардад, ки  охундҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, хусусан раҳбари инқилоб дар ҳама тарҳрезиҳои табаддулотии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, ҷиҳати амалӣ намудани ғаразҳои худ аз ҳимояи ТЭТ ҲНИ даст кӯтаҳ намекунад. Пас бар мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан ҷавонон зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надода, аз ҳилаву дасисаҳои бадхоҳони миллат огоҳ бошанд.

Дар охир гуфтанӣ ҳастам, ки агар чунин ҳақиқатҳо амиқтар ҷустуҷӯ шаванд, умед аст, ки як қатор ҷиноятҳои дигари ТЭТ ҲНИ ошкор хоҳад гардид.

Беҳрӯз Сатторов,

 имомхатиби масҷиди ҷомеи

марказии ш. Душанбе

Pray time in Dushanbe

30.11.2024

More
Fajr05:45
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:07
Isha18:37
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More