Home Articles Мактаб- саодати миллат

Мактаб- саодати миллат

Мактаб- саодати миллат
2018-09-07
2801

Пешрафти ҳаёти инсоният ба илму таълим вобаста аст. Дар кадом диёре, ки ба мактабу маориф эьтибор дода мешавад, ояндаи он кишвар ободу сокинонаш саодатманд мешаванд. 

Имрӯз мо шукр мекунем, ки дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму дониш, мактабу  маориф, умуман ба соҳаи илму фан эьтибори ҷиддӣ дода шуда, ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо мактабу даргоҳҳои илм сохта ба истифода дода мешавад, ки аз он мардум сипосгузорӣ намуда, мӯйсафедонро мебинем, ки дар хаққи Ҷаноби Олӣ дуои хайр мекунанд.
Ҳар вақте Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии кишвар сафари корӣ   мекунанд, бо аҳли ҷамоатчигӣ, хусусан бо аҳли зиё мулоқот намуда, аз аҳволи онҳо бохабар мешаванд, албатта дар ифтитоҳи мактабе иштирок намуда, ҷавононро ба омӯзиши илму дониш ҳидоят намуда, падарвор насиҳат мекунанд.

Банда ҳам дар ибтидои соли хониш аҳли мактабу маорифро муборакбод намуда, як ғазали худро оид ба фазоили мактаб пешниҳод мекунам.
 

РОҲИ САОДАТ МАКТАБ АСТ
        Дар низоми зиндагӣ роҳи саодат мактаб аст, 
        Дар раҳи нуру сафо роҳи ҳидоят мактаб аст.
        Пок гардонад туро аз айбу нуксонҳо мудом,
        Аз ҳама безориҳо роҳи бароат мактаб аст.
        Баҳри фарзандони худ аз баҳри ирфон баҳра гир,
        Дар раҳи сидқу вафо роҳи садоқат мактаб аст.
        Ҳамчу Рустам дар далерӣ  паҳлавону шергир,  
        Хоҳи фарзандат шавад, роҳи ҷасорат мактаб аст.
        Буҳанифа, Ибни Сино пешвои аҳли илм,
        Фикр то солим шавад,роҳи саломат мактаб аст.
        Интиҳо дар ҳар амал матлуби ту бошад Ҳусайн, 
        Сарнавишти пурзиё, роҳи шарофат мактаб аст.   
 

ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,

номзади илмҳои филологӣ, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ш. Хуҷанд

Pray time in Dushanbe

30.11.2024

More
Fajr05:45
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:07
Isha18:37
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More