Home Articles Мардум чеҳраи наҳзатиёнро шинохтанд

Мардум чеҳраи наҳзатиёнро шинохтанд

Мардум чеҳраи наҳзатиёнро шинохтанд
2018-09-19
2650

Ба ҳамагон маълум аст, ки сӯистифодаи дин аз тарафи манфиатхоҳон ба нобудиву валангории давлату миллатҳо мерасонад. Намунаи чунин сӯистифодаро метавон дар мисоли фаъолиятҳои тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИ мушоҳида намуд.

Бо дастгирии молии давлати ба мо «дӯст» ба ғайр аз қатли даҳҳо фарзонафарзанди миллат роҳбарону пайравони ТЭТ ҲНИ дар солҳои фаъолияташ беш аз 550 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили куштор, таҷовуз ба номус, терроризм ва амсоли онро содир намудаанд.

Имрӯз ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон ва дар миёни халќи тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, дигар ягон хел эътибор ва эҳтиром надорад. Зеро халќи тоҷик ҳаргиз мазҳабфурӯшонро намебахшад. Ҳар тоҷике, ки имоми мазҳаби худаш – Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва мазҳаби ҳанафии худашро дӯст медорад, наҳзатиҳои мазҳабфурӯшро маҳкум мекунад.

Имрӯз пурра собит шудааст, ки ТЭТ ҲНИ бо роҳнамоии «хоҷагони хориҷӣ»-аш аз оғоз наќшаи барҳам задани давлати тоҷиконро доштааст. Аммо дар ҳамон солҳо иддае аз мардуми гумроҳ ба даъватҳои дурӯғини наҳзатиён бовар карда буданд, гумон мекарданд, ки ҳизби наҳзат ҳомии дини ислом аст.

Пайғмбари Худо (с) 1400 сол пештар дар бораи чунин тоифа ҳушдор дода, гуфта буданд:

«Дар охири замон якчанд ҳилагар ва дурӯғгӯ пайдо мешаванд, ҳадисҳоеро ба шумо наќл мекунанд, ки на шумо ва на падарону ниёконатон онҳоро нашунидаед. Пас ҳушёр бошед ва хештанро аз шарри эшон нигоҳ доред, то накунад, ки гумроҳатон намуда, аз дин мунҳарифатон созанд» (Муќаддимаи “Саҳеҳи Муслим”).

Ҳарчанд аз ҷониби бархе аз соҳибназарон ба мардум гуфта мешуд, ки ба наҳзатиён бовар накунед, гӯш намекарданд, дар интихобот хат задани номи ҲНИ-ро гуноҳ мепиндоштанд. Пас, имрӯз ҳаќиќат ошкор шуд ва ғофилон огоҳ гаштанд. Халќи тоҷик фаҳмид, ки дӯсту ғамхораш Пешвои миллат ва душману бадхоҳаш ТЭТ ҲНИ будааст! Ин ошкоршавиҳо, пешпохӯриҳо, дудилагиҳо бояд ба мо дарси ибрати калон шавад ва минбаъд ваҳдату иттиҳоди моро ќавитар ва ҷовидонӣ созад!

Моро зарур аст, ки баҳри ҳифзи фазои андешаи динӣ, сулҳу ваҳдат ва якпорчагии давлат ҷидду ҷаҳд намоем. Ба ҷавонон ҳисси ватандӯстӣ, рӯҳияи созандагиву бунёдкориро талќин намоем, дар ободонии ватани азиз, таълиму тарбияи фарзандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дигар муќаддасоти худ бикӯшем. Маҳз ваҳдати миллӣ ва оромиву амнияти давлатӣ имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷассумгари сулҳу ваҳдат муаррифӣ гардад.

Бегалиев Икром,

сармутахассиси раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин

Pray time in Dushanbe

29.11.2024

More
Fajr05:44
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More