Home Articles Саҳа мубориз бо экстремизм ё ҳомии террористон?

Саҳа мубориз бо экстремизм ё ҳомии террористон?

Саҳа мубориз бо экстремизм ё ҳомии террористон?
2018-09-20
2641

Чӣ тавре ки аз воситаҳои ахбори омма мушоҳида менамоем, имрӯзҳо дар шаҳри Варшава нишастҳои анъанавии САҲА (Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо) баргузор шуда истодааст ва дар он намояндагони ТЭТ “Ҳизби наҳзати исломӣ” низ иштирок доранд. Бо мушоҳидаи ҳолати мазкур нисбат ба фаъолияти худи САҲА чанд суолҳои баҳсбарангез ба вуҷуд меояд.

САҲА худ чӣ гуна ташкилот аст ва чӣ мандат дорад? Чаро дар Варшава бо харҷи миллионҳо доллар чунин нишастҳоро бо ҷалби террористон баргузор менамояд? Оё САҲА мубориз бо экстремизм аст ё ҳомии террористон? Ҷавоби саволҳо фаъолияти беғаразонаи САҲА-ро зери суол бурда, асли ҳадафҳои онро ошкор месозад ва бори дигар моро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват менамояд.

САҲА соли 1975 бо мақсади таъмини амният дар ҳудуди Аврупо таъсис ёфта, айни ҳол 57 давлатҳои аъзоро дар бар мегирад. Ҳадафи таъсиси чунин ташкилот таъмини амният ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар роҳи нигоҳдошти амният буд. Аммо чӣ тавре ки мо имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ин созмон аз мақсадҳои аслии худ фарсахҳо дур шуда, баръакс, такондиҳандаи низоъ ва бавуҷудоварандаи “конфликтҳо” шудааст. Дар ҳар минтақаи Аврупо ва Осиё бо истифода аз арзишҳои духӯра, яъне стандартҳои дугона фаъолияти худро мутобиқи манфиатҳои баъзе кишварҳои сармоягузор роҳандозӣ намудааст.

Дар бахши мубориза бар зидди терроризми САҲА омадааст, ки САҲА мунтазамона зарфияти кормандони мақомоти ҳифзи хуқуқро бо назардошти эҳтиёҷоти онҳо дар робита бо мубориза бар зидди терроризм ва ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ баланд мебардорад. Аммо ҳангоми даъвати террористон САҲА аз рӯи кадом мантиқ кор гирифт, номаълум аст. Аз як тараф “мубориза бар зидди терроризм” мегӯянд, аз тарафи дигар бошад, бо террористон қаҳванӯшӣ мекунанд. Магар чунин тарзи коргирӣ метавонад дар ҷомеаи Авру-Осиё амниятро таъмин намояд? Ҳаргиз на!!!

Чунин тарзи фаъолияти САҲА бори дигар нишон медиҳад, ки дар шароити кунунӣ ҳуқуқи башар аз ҷониби ҳар гуна давлатҳо ба таври худ ва ба манфиати худ шарҳ дода шуда, мубориза бо терроризм на одилона, балки бо истифода аз усули террористони худию бегона роҳандозӣ шуда истодааст. Дар ин вазъияти ногувори ҷомеаи ҷаҳонӣ мо метавонем, танҳо бо такя ба давлати худ ва пеш аз ҳама бо такя ба сиёсати хирадмандонаю сулҳофарини Пешвои миллат рушди босуботи кишварамонро таъмин намоем. Пешвои миллат бо дарки масъалаи мазкур дақиқкорона дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки: “Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад”.

Нодида гирифтани ҳолати мазкур аз ҷониби САҲА ва бо истифода аз меъёрҳои дугона ҳамкорӣ намудани ин созмон бо ТЭТ “Ҳизби наҳзати исломӣ” далолат бар он менамояд, ки имрӯз САҲА аз оне ки бо экстремизм мубориза намояд, худ ҳомии террористон гардидааст ва яке аз сарчашмаҳои ноамнӣ шуда истодааст. Ин таҷрибаи имрӯзаи САҲА ҳамчун “бумеранг” оқибат ба худи давлатҳои Аврупо низ бармегардад, баъд аз он ба мақоли тоҷикӣ рӯ хоҳанд овард: “Пушаймонӣ суд надорад!”.

Чунин амалҳои САҲА моро бори дигар водор месозад, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ин фитнаҳои САҲА-ро нобуд сохта, ҳамеша бо азму иродаи қавӣ дар таъмини сулҳу суботи кишварамон ва ободии Ватани азизамон кӯшиш намоем.

Таҷрибаи сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ки ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшида, Тоҷикистонро рӯ ба рушду тараққӣ овард ва зиндагии мардумро аз ноамнӣ ба сулҳу субот ва оромиш расонд, барои ҷаҳониён мояи омӯзиш гардидааст. Таърихи Тоҷикистони ҷавон собит сохтааст, ки халқи тоҷик ҳамеша аз Пешвои миллати худ дастгирӣ мекунад ва насли навини он низ ҳамеша аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат пайравӣ мекунад.

Бахтиёр Юнусзода,

мудири бахши ҳуқуқи Кумитаи дин

Pray time in Dushanbe

29.11.2024

More
Fajr05:44
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More