Home Articles Шукргузор бошем то аз зумраи ношукрон набошем

Шукргузор бошем то аз зумраи ношукрон набошем

Шукргузор бошем то аз зумраи ношукрон набошем
2018-09-27
3899

Дар доираи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон чандин иншоотҳои муҳимро мавриди баҳрабардории сокинони ноҳяҳои Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ қарор доданд.                                                                                                                     

Сокинони ВМКБ Пешвои миллатро самимонона истиқбол гирифтанд, чунки ҳар куҷо қадами подшоҳ расад, он ҷо гулистон мешавад. Мулоқоти самимӣ бо мардуми ВМКБ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақикат Ҷаноби Олӣ ғамхори тамоми  тоҷикистониён мебошанд. Суханроние, ки Роҳбари давлат дар шаҳри Хоруғ анҷом доданд, хеле пурарзиш буд. Зеро рушди воқеии иқтисодию иҷтимоии вилоятро Пешвои миллат ба риштаи таҳлил кашида, дар ҳамин зимн аз камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар ҳудуди вилоят шадидан интиқод намуданд. Сарвари давлат барои бартарафсозии саривақтии камбудиҳои ҷойдошта ба мақомоти дахлдор як моҳ муҳлат доданд. Пас ин дастурҳои Пешвои миллат ҳозирин бо кафкӯбиҳои бардавом аз ин пешниҳоду дастурҳои қатъии Пешвои миллат истиқбол намуданд. Аммо аз чӣ бошад, ки ҳамоно ин дастовардҳо низ чун хоре ба чашми чанд нотавонбин мехаланд ва онҳо талош мекунанд, ки бо истифода аз минбарҳои иттилоотӣ аз тасмими ҷорӣ намудани тартиботи устувори ҷамъияти дар Бадахшон ҳангомасозӣ кунанд. Аммо мутмаинем, ки чунин шахсони ғаразҷӯ ҳаргиз ба мақсадҳои худ нахоҳанд расид. Чунончи аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Муъмин дӯст медорад ва дӯсташ медоранд ва шахсе, ки дӯстат намедорад,  дӯст намедоранд, ҳеҷ хайре нест. Беҳтарин мардум касест, ки ба мардум фоида мерасонад» (Ривояти Дорқутнӣ ва Зиё).  Чунонки мо солҳои 90-умро дар ёд дорем,  онҳое, ки дар дар байни мардум тафриқа эҷод мекунанд, худ ношукранд ва Худованд касеро, ки ношукрӣ кунад, сахт муҷозот мекунад. Моро воҷиб аст, ки қадри нематҳое, ки Худо ба мо насиб гардонид, аз ҷумла тани сиҳат, сулҳ, амният, ваҳдати миллӣ, ободии макон, роҳбари  адолатпарвар ва амсоли инро донем ва Худо накарда аз зумраи ношукрон набошем.  

Аъзамхон Тӯраев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи н. Б. Ғафуров

Pray time in Dushanbe

13.06.2026

More
Fajr03:23
Zuhr12:40
Asr17:53
Maghrib19:59
Isha21:29
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More