Home Articles Халифаҳои исмоилӣ бар зидди ҷинояткорӣ садо баланд кунанд

Халифаҳои исмоилӣ бар зидди ҷинояткорӣ садо баланд кунанд

Халифаҳои исмоилӣ бар зидди ҷинояткорӣ садо баланд кунанд
2018-09-27
4015

Чанд муддатест, ки дар атрофи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтугузор ва баррасиҳои мухталифе дар васоити ахбор ва миёни мардум баргузор шуда истодааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан дар сомонаҳои гурӯҳҳое, ки сиёсати имрӯзаи давлатдории моро намепазиранд ва назари мухолифатомез доранд, воқеаҳои Бадахшонро тавре обуранг медиҳанд, ки гӯё тамоми Тоҷикистон бар зидди ин минтақа мебаромада бошад. Махсусан, он фирориёну намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои зиддимардумие, ки дар Аврупо қарор доранд ва дар нишасти солонаи САҲА оид ба ченакҳои инсонӣ иштирок намудаанд, иғвогарӣ намуда, мехоҳанд масъалаи Бадахшонро ба манфиатҳои сиёсии худ истифода баранд.

Дар асл ҳама чиз чун офтоб рӯшан аст. Сарвари давлат зимни сафари кории хеш ба ВМКБ чандин иншоотҳои навсохтро ифтитоҳ намуда, бо мардуми навоҳии гуногуни Бадахшон суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Фаъолияти яке аз бузургтарин донишгоҳҳои минтақа – Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Хоруғро худи Президенти мамлакат ифтитоҳ намуд. Новобаста ба номусоидии обу ҳаво ба дурдасттарин ноҳияи кишвар – Мурғоб сафар намуда, аз ҳоли мардуми он ҷо хабардор шуданд. Бо мардуми Мурғоб суҳбати доманадоре барпо намуданд. Ин кор як таҷрибаи доимии Сарвари давлати тоҷикон аст, ки мунтазам идома дода мешавад ва ҷузъи сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.

Андешаи муҳим ҳамин аст, ки зимни вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Хоруғ Президенти мамлакат аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қатъиян талаб карданд, ки ба ҷинояткорӣ ва хусусан паҳн гардидани маводи мухаддир дар вилоят хотима дода шавад. Ҳама гурӯҳҳои расмию ғайрирасмӣ бояд ба қонун итоат кунанд, ба ягон нафар имтиёз дода нашавад, зеро ҳама дар назди қонун баробар мебошанд. Барои ислоҳи вазъият дар Бадахшон, решакан намудани ҷинояткорӣ ва ба тартиб даровардани вазъи ҳуқуқӣ ба масъулини соҳа як моҳ муҳлат дода шуд.

Ана ҳамин таъкиди Сарвари давлатро мухолифини сиёсати имрӯза, хусусан онҳое, ки дар Аврупо ҳамчун фирорӣ қарор доранд, аз Кабирӣ сар карда, то Алим Шерзамонов ва Шарофиддин Гадоев ва чанд тани дигар тобиши сиёсӣ дода истодаанд, гӯё амалиёти низомии густурдае алайҳи сокинони Бадахшон оғоз мешуда бошад, гӯё ҳукумат бо мардуми ин минтақа аз сиёсати зӯрию фишор кор мегирифта бошад.

Инҳо ҳама сафсаттаҳое беш нестанд. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо ВМКБ як ҷузъи таркибии Тоҷикистон аст ва имтиёзе ба ҷуз мухторияти идоракунӣ надорад. Баъдан кадом давлат ба худ иҷозат медиҳад, ки дар як гӯшаи он ҷиноятҳои баде чун фурӯши озоди маводи мухаддир идома ёбаду мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он коре карда натавонанд? Ё чаро худи мардуми Бадахшон нисбат ба чанд саркардаҳои заҳрфурӯш бетарафӣ зоҳир мекунанд?

Бояд гуфт, ки тӯли 27 соли истиқлолияти давлатӣ ВМКБ хеле пешрафтҳо карда, садҳо иншоотҳои нав ба кор даромаданд. Солҳои мушкиле, ки ҳатто мардуми пойтахт барқ надошт, дар Бадахшон барқ 24 соат таъмин буд. Барои донишҷӯёни ин минтақа дар пойтахт ҳатман хобгоҳ ва дигар имтиёзҳо пешниҳод мешавад. Мардуми ин вилояти кӯҳсор асосан аз сиёсати ваҳдати миллӣ пуштибонӣ мекунанд, ягон нафаре нест, ки тинҷиву оромиро намехоста бошад. Ҳамин чор-панҷ каси ба истилоҳ «шахсиятҳои соҳибнуфуз», дар асл саркорони бозори маводи мухаддир ҳастанд, ки худро дар паноҳи мардум нигоҳ дошта, вазъро буғранҷ кардан мехоҳанд. Барои онҳо сулҳу ваҳдат аҳаммияте надорад, бозорашон гардон бошад, шуд. Чунин вазъияту ҳолатро ягон давлат хоста наметавонад.

Аз ин рӯ, мардуми Бадахшон бояд худашон вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳо гӯш надиҳанд. Агар вазъи ҷинояткорӣ ҳарчи зудтар ислоҳ шавад, ба манфиати мардуми минтақа ва умуман Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар мазҳаби исмоилиён низ чун мазҳаби ҳанафӣ бадиву бадкорӣ мазаммат карда мешавад, бояд халифаҳои исмоилӣ низ бар зидди ҷинояткорӣ садо баланд кунанд. Мо бояд дарк намоем, ки дар назди Худову Расул (с), дар назди ҷомеаву наслҳои оянда масъулем. Чунонки Паёмбар (с) фармуданд: «Дониста бошед, ки ҳар яки шумо масъулияте доред ва ҳар яки шуморо аз он мепурсанд» (Бухорӣ ва Муслим).

Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди мусулмон ислоҳ намудани нуқсонҳои мавҷуда ва сомон бахшидану ба эътидол овардани вазъият мебошад. Дар ин маврид Худованд ба бандагонаш мефармояд:

«Ба дурустӣ, Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо (худ) он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд» (Сураи Раъд, ояти 11).

Қобили зикр аст, ки то кунун миёни ин мазоҳиб, яъне исмоилияву ҳанафӣ ягон мухолифате сар назадааст, чунки ҳар мазҳаб дар доираи қавоиди хеш амал намуда, пайравӣ ба ину он мазҳаб аз ҷониби мардум ихтиёрист.

Ҳамин тавр, қуввае нест ва бояд набошад, ки зидди маҷрои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳаракат карда тавонад. Ин хулосаи бебаҳс аст.

Саидмукаррам  Абдуқодирзода,

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

29.11.2024

More
Fajr05:44
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More