Фоидаҳои тиббӣ ва маънавии рӯза

Фоидаҳои тиббӣ ва маънавии рӯза
Рӯза барои инсон на танҳо аз ҷиҳати рӯҳию маънавӣ манфиатнок аст, балки фоидаҳои зиёди баданӣ дошта, тани одамро аз ахлотҳои ғализ ва нолозим пок менамояд ва ба ӯ ҷисман ва рӯҳан тавонмандии комил мебахшад.
Рӯза аз ҷумлаи аҳкоми дини мубини Ислом аст, ки дорои манфиатҳо ва ҳикматҳои бузург буда, на ҳар шахс аҳамияти онро дарк мекунад. Рӯза барои пок сохтани бадан аз олудагиҳо ва хабосату нопокӣ ончунон нақши муассире дорад, ки наметвон онро ба чанд ҷумла ифода кард.
Новобаста аз рушди имконоти технологияи муосир, насли одамӣ бо дониши маҳдуди хеш то ҳанӯз натавонистааст, бисёре аз асрори нуҳуфтаро кашф кунад. Вале шояд рӯзе дониши инсон ба дараҷаи камол бирасад ва ӯ тавонад моҳияти аслии ҳикматҳову дастуроти Исломро бишносад. Аммо надонистани ҳикмати аҳкоми илоҳӣ набояд моро аз анҷоми он боздорад ва боиси нофармонӣ ва исён шавад. Зеро рӯза гирифтан бар асоси илму яқини комил бунёд ёфта, супориши хоси Аллоҳи Зулҷалол аст. Мусалмонон ба хубӣ дарк мекунанд, ки Худованди Мутаъол бар ҳама чиз доно ва аз ҳама чиз огоҳ аст. Зоти поки Ӯ беайбу нуқсон аст ва Ӯ Бениёз ва ҷумла махлуқот ниёзманди Ӯст. Худои меҳрубон ҳамеша хайрхоҳи бандаҳои хеш аст ва ба онҳо ҷуз хайру саодат намехоҳад. Пас агар ба чизе фармон медиҳад, хайру саодати мо дар он аст ва камолу тараққии мо низ ба он вобаста аст ва аз ҳар чизе, ки боздорад, пас он барои мо зиёновар аст ва он моро аз ҷиҳати моддию маънавӣ хароб мекунад.
Албатта дар бораи фоидаҳои тиббӣ ва маънавии рӯза рисолаву мақолаҳои зиёди илмию таҳқиқотӣ нашр шудааст ва шояд дигар ниёз ба тавзеҳ надошта бошад. Аммо ба хотири он ки шояд донистани ин чанд нукта барои хоҳарону бародарони исломӣ аз манфиат холӣ нест, ин мақоларо рӯи коғаз овардем.
Пӯшида нест, ки меъда аз ҷумлаи аъзои ҳозима ва хеле пуркори бадани одамист, ки тақрибан дар ҳама соатҳои шабонарӯзӣ дастгоҳи ҳозима ба ҳазму ҳалкунӣ машғул аст. Пас рӯза боис мешавад, ки аъзои ҳозима аз як сӯ истироҳат намуда, аз фарсудагӣ эмин бимонанд ва нерӯи тозае бигиранд ва аз сӯйи дигар захираҳои чарбе, ки барои инсон зарари ҳалокатовар доранд, таҳлил ва кам шаванд.
Пешвоёни гиромии Ислом дар ин маврид фармудаанд: «Меъдаи одамӣ хонаи бемориҳои ӯст ва парҳез аз ғизо дармони он аст».
Фоидаҳои рӯза барои беҳбудии бадан он гоҳ хубтар ба даст меояд, ки рӯзадор набояд вақти ифтору саҳархӯрӣ хӯрокҳои зиёд истеъмол кунад, зеро пурхӯрӣ барои рӯдаю меъда зарари бисёр дорад. Бо пешрафти илми тиб табибони соҳибтаҷриба дарёфтанд, ки парҳез аз хӯрдан ва ошомидан олитарин воситаи шифобахшӣ ва табобатӣ аст. Яке аз пизишкон мегӯяд: «Тариқи дармон ба воситаи рӯза чунон мӯъҷизаосо аст ва он метавонад, тамоми навъҳои муолиҷа ва амалиётҳои ҷарроҳиро иваз намояд. Рӯза роҳи наверо дар илми тиб боз хоҳад намуд ва силоҳи муассире барои мубориза бо бемориҳо аст, силоҳе, ки метавон онро аз роҳҳои гуногун мавриди истифода қарор дод, то инсонро дар мубориза бо сарчашмаи бемориҳо ба натиҷаи матлуб ва дилхоҳ бирасонад».
Бо рӯза ва парҳез метавон бемориҳоро беҳбуд бахшид ва муолиҷа кард. Албатта дар сурате, ки дар хӯрдан ҳадди эътидолро риоя намояд ва ҳангоми саҳар ва ифтор дар хӯрдану ошомидан зиёдаравӣ накунад. Зикр кардан ҷоиз аст, ки бар хилофи тасавввури кӯтоҳандешон рӯза ҳеҷ гуна зараре барои афроди солими мукаллаф надорад. Агар касе бемор бошад ва натавонад рӯза бигирад ва бо ин кор бемортар шавад ва ё рӯза боиси идома ёфтани беморияш гардад, кори ҳаромеро муртакиб шуда ва рӯзааш назди Худо пазируфта нест. Беморе, ки рӯза барои ӯ зарар дорад, набояд рӯза бигирад ва фақат лозим аст дар рӯзҳои дигар қазои онро ба ҷо оварад ва ҷуброн кунад.
Афроди солим бояд бидонанд, ки рӯза на танҳо зиёне барояшон надорад, балки чунонки гуфтем, боиси тандурустӣ ва сиҳҳати мизоҷ аст ва ба гуфтаи баъзе шикампарастон, ки худ рӯза намегиранд ва дигаронро низ аз рӯза бозмедоранд ва талқин мекунанд, ки рӯза сабаби захми меъда мешавад, набояд эътино кард. Ин гуна дурӯғҳо танҳо баҳонаи шахсони сустирода аст, ки асири шиками хешанд ва аз азму иродаи инсонӣ дар онҳо хабаре нест. «Рӯза боиси истироҳати меъда аст ва дар ҳоли рӯза асиди (туршии) меъда ба ҷойи ғизо ба воситаи сафро хунсо мешавад ва захм эҷод намегардад».
Рӯза омили боздоранда аз гуноҳ
Рӯза, бахусус рӯзаи моҳи Рамазон, ки дар Ислом бар ҳама мусалмонони мукаллаф фарз аст, омили муассире дар эҷод ва тақвияти рӯҳияи тақво ва парҳезгорӣ аст. Қуръони карим ин фоидаи бузургро бо ҷумлаи «лаъаллакум таттақӯн» ёдовар мешавад ва ин ибодатро омили муҳимми тақво мешуморад. Тақво ва парҳезгорӣ дар тарбияту созандагӣ ва шахсияти ҳар як мусалмон нақши бисёр муҳимме дорад. Беҳтарин ибодат дар моҳи Рамазон ва дар ҳоли рӯза парҳез кардан аз гуноҳ аст.
Рӯзадор бо иҷро кардани ин дастуроти илоҳӣ, ки шарти комил шудани рӯза аст, рӯҳияи тақворо дар худ зинда мекунад ва ин пайванди самарбахш дар моҳи мубораки Рамазон ва дар ҳоли рӯза бисёр осонтар аст, зеро гуруснагию ташнагӣ ва дигар маҳдудиятҳои рӯза шӯълаҳои саркаши ҳавасҳои ҳайвониро хеле сард мекунад ва ҳатто агар муваққат ҳам бошад, гиребони ақлу ҷонро аз чанголи шаҳват раҳо месозад ва барои рӯзадор замина барои одат намудан ба тақво ва парҳезгорӣ фароҳам меояд. Бо парҳези паёпай дар як моҳ нерӯи боздоранда аз гуноҳ дар ӯ ба вуҷуд меояд ва хислати худдорӣ дар ӯ реша мегирад ва инкишоф меёбад ва ӯ бо гузаронидани ин барномаи якмоҳа тавфиқ меёбад, ки пас Рамазон низ парҳезгор боқӣ бимонад. Ба ҳамин тартиб ба мақоми пурарҷи тақво, ки ба таъбири Қуръон каромати инсон ба он вобаста аст, барои ҳамеша ноил шавад.
Пайравӣ аз ҳавасҳо ва шаҳватҳо барои инсон хатарноктарин роҳест, ки он одамиро ба доми худ афканда, асиру беихтиёр месозад ва ба пастию разолат мекашонад.
Нақши рӯза дар тақвияти ирода
Инсон ба василаи рӯза, ки парҳез аз хӯрдану ошомидан ва худдорӣ аз бархе чизҳои дигар аст, дар воқеъ бо хоҳишҳои хеш меҷангад ва дар баробари ҳавасҳои нафсонии худ зиддият нишон медиҳад. Тамрини ин амал ирода ва тасмимро дар инсон неруманд месозад ва ҷонро аз қайди фармонравоии ҳавасҳо ва хоҳишҳо мераҳонад. Агар рӯзадорон бо андешаи солим ва кӯшиш талош варзанд,ки бо воситаи рӯза бар нафси худ ғолиб меоянд, аз нерумандтарин мардуми замона хоҳанд буд.
Сафои дил ва покӣ
Рӯза чароғи маърифат ва огоҳиро дар даруни инсон бармеафрӯзад:
Андарун аз таом холӣ дор,
То дар он нури маърифат бинӣ.
Рӯза ба хусус рӯзаи моҳи Рамазон боис мешавад, ки фармонравоии шаҳватҳо ва хоҳишоти шаҳвонӣ ҷойи худро ба фарморавоии тақво ва пайравӣ аз дастуроти илоҳӣ бидиҳад ва тирагию ҳавасҳо ва шаҳавот дар ҷони одамӣ ба нуроният ва равшании ботин табдил шавад. Дар сояи ҳамин сафо ва покии ҳосил аз рӯза аст, ки рӯзадор бо худогоҳӣ на танҳо даҳону шикамро аз хӯрдану ошомидан, балки дасту по ва чашму гӯшу забон ва ҳама аъзои хешро аз он чи Худо ҳаром намудааст, нигоҳ медорад ва метавонад ба он дараҷа аз тақво ноил шавад, ки ҳатто аз андеша ва фикри гуноҳ низ дурӣ гузинад ва ин авҷи нуронияти рӯза аст.
Сафо ва покии ҳосил аз рӯза ва худдорию парҳезгории рӯзадор ҳамчун сипаре аст, ки рӯзадорро аз оташи азоби илоҳӣ эмин медорад. Пайғамбар (с) дар ин маврид фармудаанд: «Рӯза сипар аст».
Рӯза ва сабр
Сабр яке аз хусусиятҳоест, ки дар дини Ислом бар он таъкиди бисёр шудааст. Инсони мусалмон дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоъии хеш барои ҳадафҳои хеш мубориза мебарад ва бо мушкилоте низ рӯ ба рӯ мешавад, бидуни сабр намудан бар ин мушкилот ғолиб намешавад ва ба ҳадафҳои хеш ноил намегардад. Сабр ва муқовамат нерӯи пойдории инсонро зиёда месозад ва иродаи ӯро тавоно мегардонад, ҳеҷ ҷомеае агар таҳаммули ногувориҳоро надошта бошад, бар мушкилот ва душманони хеш наметавонад пирӯз гардад. Рӯза ба хусус дар рӯзҳои гарму тӯлонии тобистон, ки фишори ташнагӣ тоқатфарсо мешавад, ба таври назаррас ба инсон сабру муқовамат мебахшад ва таҳаммули ранҷу сахтиро бар одамӣ осон месозад. Дар бархе тафсирҳо омадааст, ки маънои калимаи «сабр» дар ояти зайл ҳамон рӯза аст: «Ва ба сабру намоз ёрӣ биҷӯед». («Бақара»; 45).
Рӯза ва қаноат
Ислом бар хилофи мактабҳои моддии шарқу ғарб дунё ва неъматҳои моддии онро василае барои такомули маънавӣ ва расидан ба саодати ҷовидонӣ медонад ва ба ҳамин далел фарҳанги Ислом фарҳанги лаззатҷӯӣ ва исрофкорӣ нест, балки фарҳанги қаноат ва хоксорӣ аст. Дар равишҳои моддӣ тани одамӣ ва хӯру хоби он асос дорад ва ҳирсу тамаъ барои бархӯрдории бештари лаззатҳои моддӣ гиребонгири инсонҳост. Аммо дар Ислом асос маънавияти инсон аст ва қаноату хоксорӣ ва фидокорӣ яке аз роҳҳои расидан ба мартабаҳои баланди инсоният ба ҳисоб меравад.
Рӯза фаризаест, ки мусалмононро аз фурӯ рафтан дар моддигароӣ ва ҳирсу тамаъ барои лаззатҳои моддӣ ва мусобиқа барои исрофкорию танпарварӣ мераҳонад ва ба ӯ меомӯзад, ки ба фикри дигарон бошад ва бар хоҳишҳои ҷисмонии хеш фармонраво гардад, дар истифодаи маводди ғизоӣ ба миқдори ниёз қаноат варзад ва аз исроф бипарҳезад. Рӯза ба мусалмонон меомӯзад, ки бо миқдори кам ҳам метавон зист ва ҳирсу тамаъ фақат ғарқ шудан дар моддиёт ва раҳгум задан аз маънавиёт аст.
Ҳамдардӣ бо фақирон ва ниёзмандон
Рамазон моҳи баробарию бародарӣ бо шахсони камбағалу нодор аст. Яке аз самараҳои муфиди рӯза ба вуҷуд омадани ҳисси ҳамдардӣ нисбат ба мустамандон ва шахсони тангдаст мебошад. Онҳое, ки зиндагии осуда доранд ва ранҷи фақру таъми гуруснагиро начашидаанд, мумкин аст аз ҳоли мустамандон ғофил бимонанд. Рӯза василаест, ки онҳоро аз ин ғафлат мераҳонад ва ранҷи ниёзмандонро ба ёди онҳо меорад, то ба дастгирии фақирону мискинон ҳиммат пайдо кунанд ва ба дарди дили онҳо бирасанд.
Аз сӯе ба эҳсону дастгирии мустамандон дар моҳи мубораки Рамазон тавсия шудааст ва аз сӯи дигар гуруснагӣ ва ташнагии рӯза боиси дарки ранҷу машаққати ниёзмандон мегардад. Ба ин тартиб, қалбу эҳсоси сарватманд нарм шуда, ба фақир наздик мешавад, эҳсону инфоқ афзоиш меёбад ва ҷомеа кӯмак ба ҳамдигарро меомӯзад. Рамазонро ба ҳамин ҷиҳат моҳи мувосот (дилҷӯӣ) номидаанд, ки мусулмонон ба хайру эҳсон нисбат ба ҳамдигар бипардозанд ва бо тамрин додани худ ба ин сифати арзандаи инсонӣ ҷомеаро аз ҳиқду кина бираҳонанд ва бародарвор дар канори ҳам аз неъматҳои илоҳӣ баҳра бигиранд. Шоиста аст, ки рӯзадорон ба ҳамаи ин нукоти инсонии рӯза таваҷҷуҳ намуда, бикӯшанд ин фаризаи илоҳиро ба таври шоиста ба ҷо оранд ва моҳи мубораки Рамазонро ончунон ки сазовори ин моҳ аст, ба поён расонанд, то ҳамагон аз барномаҳои созандаи Ислом баҳравар шаванд.
Он чи зикр кардем, нуктаи андаке аз самара ва фоидаи бузурги ин фаризаи илоҳӣ аст. Моҳи мубораки Рамазон, илова бар инҳо фоидаҳо ва баракатҳои дигаре низ дорад, дар рушду нумӯи ҳар мусалмон нақши бисёр муассир драд. Моҳи мубораки Рамазон моҳи Худо, моҳи ошноӣ бо Қуръон, моҳи ибодат, моҳи дуо, моҳи омурзиш, моҳи тавба аз гуноҳон ва ислоҳи худ аст.
Дар ин моҳ ба қироати Қуръон тавсия шудааст ва бояд мусулмонон дар ин моҳ бештар аз моҳҳои дигар Қуръон бихонанд. Ин худ василаест, ки мусулмонон бо Қуръон ва маорифи он ошноии бештаре пайдо кунанд ва барои пешрафт дар роҳи Худо аз каломи Худои Мутаъол омӯзиш бигиранд. Рамазон моҳи ибодату бандагӣ ва розу ниёз бо Парвардигори меҳрубон аст. Рамазон моҳи дуост. Муъминон дар ин моҳ, ба хусус дар шабҳои мубораки Қадр дар дуо ва ниёиш бояд бештар саъй кунанд. Ба ин тартиб рӯзадорон метавонанд беш аз пеш ба Худованди Мутаъол наздиктар шуда, файзу нусрати ду ҷаҳонро соҳиб шаванд.
Рамазон моҳи омурзиш ва тавба ба сӯи Худост. Касоне, ки дар зиндагии хеш гуноҳу хатое кардаанд, метавонанд бо воситаи рӯза рӯҳу равони хешро шустушӯ кунанд ва дар хилвати саҳаргоҳ бо рӯ овардан ба даргоҳи Худои Мутаъол даруни худро нуру сафо бахшанд.
Аз баракатҳои ин моҳи муборак инқилоби рӯҳӣ ва таҳаввули дарунии рӯзадорон ва тавфиқоти амалӣ аст, ки инсони олударо пок месозад ва ӯро аз торикиҳо ба сӯи нур, нури тақво, нури фазилатҳои ахлоқӣ, нури тавба ва бозгашт ба сӯи Худо, ба сӯи нури меҳру раҳмати Худои Мутаъол раҳнамун месозад.
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More